Камчинии тарбузу харбуза -- нархи "торпедо"-и Узбекистон 70 сомонӣ шуд. ВИДЕО

Дар ҳоле, ки вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз афзоиши ҳосили полезиҳо дар кишвар хабар медиҳад, нархи як дона харбузаи навъи "торпедо"-и Узбекистон дар Душанбе ба 70 сомонӣ расидааст. Соли гузашта чунин як харбуза то 20 сомонӣ арзиш дошт.

"Боронгариҳо, сипас гармӣ монеи нашъунамои тарбуз шуд"

Рустам Маҳмудсоев, кишоварзи 28-солаи сокини ҷамоати "Чимтеппа"-и ноҳияи Рӯдакӣ бо умеди дарёфти фоидаи хубе дар аввали фасли баҳор дар 1,5 гектар замин тарбуз кишт кард. Вай 8-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аввали фасли баҳор сербориш омад ва сипас гармиҳои шадид сабаб шуданд, ки нашъунамои зироаташ ба кундӣ пеш рафт ва дар ниҳоят натавонист ҳосили дилхоҳ ба даст оварад.

Иқтисоддонҳо мегӯянд, ҳарчанд раҳбарияти Вазорати кишоварзӣ ҳаққ надорад чӣ кишт кардан ба кишоварзонро дастур бидиҳад, вале аз ҳаққи машварат ҳамчунон бархӯрдор аст ва муваззаф буд деҳқонро аз хатарҳои пасту баланд рафтани маҳсулоти кишоварзӣ ҳушдор бидиҳад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Камчинии тарбузу харбуза -- нархи "торпедо"-и Узбекистон 70 сомон шуд

Вай афзуд, тарбузро зери пленка кишт карданд, вале пайиҳам боронгарӣ шуд ва сипас ҳаво якбора сахт гарм шуд ва ниҳоли бештаре аз тарбузҳо хушкиданд. Ба гуфтаи вай, бар болои ин, имсол нурии минералӣ гарон шуд ва ҳар як халта доруро то 250 сомонӣ хариданд ва натавонистанд ниҳоли зироатро бо ғизо таъмин созанд.

"Барои кори ҳар як рӯзи коргарон 30 сомонӣ мепардохтем. То ҳол аз ин миқдор замин то 3 ҳазор дона тарбуз гирифтем, ки нисбати соли гузашта чаҳор маротиба камтар аст. Фоида як тараф истад, хароҷоти худро наметавонем ҷуброн кунем",-афзуд ин деҳқони тоҷик.

Мақомот: "Полизиҳо зиёд шуд". Пас чаро нархҳо болост?

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, имсол дар масоҳати 16600 гектар кишти полизиҳо гузаронида шуда, то ҳосили беш аз 9 ҳазор гектар ҷамъоварӣ шудааст. Манбаъ афзуд, ки то охири моҳи гузашта беш аз 261 ҳазор тонна полизиҳо ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31 354 тонна зиёд аст.

Аммо мушоҳида ин пурсишро ба миён меоварад, ки агар ҳосили полезиҳо дар соли ҷорӣ афзоиш ёфта бошад, чаро нархи ин маҳсулот дар бозорҳо дар муқоиса бо соли гузашта бамаротиб бештар аст. Гузашта аз ин, 8-уми август талоши Радиои Озодӣ барои пайдо кардани ҳосили полезиҳои тавлиди кишоварзони тоҷик дар бозорҳо бенатиҷа монд.

Тарбузу харбузаи Узбекистон дар бозорҳои Тоҷикистон

Дар куллияи бозорҳои Душанбе тарбузу харбузаи Узбекистон фурӯхта мешуду халос. Ҷамшед Каримов, фурӯшандаи полезиҳо дар канори шаҳри Душанбе мегӯяд, ки соли ҷорӣ ҳосили кишоварзони тоҷик тақрибан ба пуррагӣ талаф ёфта, ҳоло тарбузу харбуза асосан аз Узбекистон ворид мешавад.

Ба гуфтаи вай, дар марз бо Узбекистон як дона тарбузу харбуза аз 25 то 35 сомонӣ нарх дорад ва то ба бозори Душанбе овардани он бо хароҷоти роҳкиро нархаш афзоиш меёбад. Ӯ мегӯяд, кишоварзони тоҷик низ ба далели номусоидии вазъи ҳаво як дона тарбузро, мисол дар Данғараву Фархору Шаҳритуз то 15 сомонӣ нарх мондаанд ва фурӯшандаҳо барои фоида гирифтан боз чанд сомонии дигар ба он изофа мекунанд.

Мардум аз хариди тарбузу харбуз нотавонанд

Чунин изофакунии нархҳо дар ниҳоят муҷиби хисороти молии муштарӣ, яъне ҳар як сокини Тоҷикистон мешавад. Гулсара Имомова, сокини хонашини Душанберо дар бозори "Саховат" машғули харидории тарбузу харбуза дарёфтем. Вай аз гаронии ин маҳсулот дар фасли тобистон изҳори нигаронӣ карда, мегӯд чунин нархҳо дандоншикан ҳастанд.

Вай афзуд, хеле мехост харбуза бихарад, вале нархи 35 сомонӣ барояш гарон аст. "Бубинед, нархи пиёзу картошка бамаротиб арзонтар аст. Беҳтараш барои сер кардани фарзандонам сабзавот мехарам. Чунин нархи полезӣ барои Тоҷикистон дар фасли тобистон боиси қабул нест",-афзуд Гулсара Имомова.

Масъулони бозорҳои Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иддао мекарданд, ки онҳо ба нархгузории тоҷирон ҳеҷ рабте надоранд ва танҳо сифати маҳсулотро назорат мекунанд. Аммо дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфтанд, ки вазъи ҳаво дар фасли баҳор боиси талаф ёфтани ҳосили полезиҳо шудааст.

Дар посух ба ин савол, ки вазъи ҳаво дар Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан яксон буд, вале чаро ҳосили полезиҳо дар Тоҷикистон баду дар кишвари ҳамсоя хуб аст, ин масъулон оҷиз монданд.

"Сабаб мудирияти нодуруст аст"

Соҳибназарони тоҷик бар ин назаранд, ки сабаби аслии чунин вазъ ба мудирияти нодурусти мақомоти тоҷик, бахусус раҳбарияти Вазорати кишоварзӣ марбут аст.

Соли гузашта нархи полезӣ дар Тоҷикистон ба ҳадде пойин рафта буд ва имсол бештаре аз кишоварзон аз кишти тарбузу харбуза сарфи назар карданд. Баръакс, соли гузашта нархи пиёз баланд буду имсол то 20 дирам пойин рафтааст.

Иқтисоддонҳо мегӯянд, ҳарчанд раҳбарияти Вазорати кишоварзӣ ҳаққ надорад чӣ кишт кардан ба кишоварзонро дастур бидиҳад, вале аз ҳаққи машварат ҳамчунон бархӯрдор аст ва муваззаф буд раҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии кишварро аз хатарҳои пасту баланд рафтани маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳо ҳушдор бидиҳад.