Баҳси об, мудирият ва иродаи сиёсӣ

Тоҷикистон дар даҳ соли ахир барои рафъи мушкили дастрасӣ ба об 250 миллион доллар сарф кардааст. Ин дар ҳолест, ки бар асоси як баҳогузории СММ дар соли 2005, ин кишвар барои таъмини пурраи аҳолӣ бо об, ба як миллиард доллар ниёз дорад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, умеди онҳо ҳам аз баргузории ҳамоиши байналмилалии "Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт", ки аз 90 кишвари олам ва беш аз 47 созмони байналмилалӣ ва минтақавиро дар Душанбе ҷамъ овард, ҷалби сармояи кофӣ аст.

Султон Раҳимзода, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба далели нокофӣ будани таъминоти молӣ, масъалаи дастрасии сокинон ба об дар Тоҷикистон ва минтақа ҳанӯз ҳам мушкили доғ боқӣ мондааст. Агарчи дар қаламрави кишвар тақрибан 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад, аммо вазъи молӣ имкон намедиҳад, ки ин кишвар зерсохторҳои худро рушд дода захираҳои обиро ба таври кофӣ барои рушди иқтисоди худ истифода барад.

Раҳимзода мегӯяд, “чунин ҳамоишҳо ва дар миён гузоштани мушкили дастрасӣ ба об метавонад дар ҷалби сармоя ва беҳтар кардани вазъ дар Тоҷикистон ва минтақа кӯмак кунад”.

Аммо таҳлигарони байнулмилалӣ мегӯянд, бо ин ки миллиардҳо доллар барои ҳалли мушкилоти дастрасӣ ба об лозим аст, муҳимтар аз ҳама ниёз ба мутахассисони ҳирфаии соҳаи об аст, то онҳо битавонанд ҳам захираҳои обӣ ва ҳам сармояро дурусту муассир масраф кунанд.

Ризо Ардакониён, мудири донишгоҳи СММ дар Олмон, ки масоили обро пажӯҳиш кардааст, мегӯяд: "Агар мо рӯи нерӯи инсонӣ сармоягузорӣ накунем, тамоми бонкҳои дунё ҳам ҷамъ бишаванду пули зиёде биёранд, мо садҳо шабакаҳои обӣ бисозем ҳам, вале чун нерӯи тахассусӣ надорем, ки аз он баҳрабардорӣ бикунад, боз бо мушкил дубора рӯбарӯ мешавем”.

Ба таъкиди Ризо Ардакониён, барои мувоҷеҳ нашудан ба мушкили об барои тамоми сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ, ки як минтақаи нисбатан бузург аст, қабл аз ҳама дониш зарур аст.

Дар сурати баланд шудани сатҳи омӯзишу парвариш ин минтақа на танҳо аз мушкили об, балки аз масоили дигар ҳам раҳо хохад шуд. Аммо коршиносони тоҷик мушкили аслиро ба танзим нашудани тақсими об дар минтақа марбут медонанд. Зеро дар замони шӯравӣ ин корро як комиссиюни вижаи ҳукуматӣ дар Маскав назорат мекард.

Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари масоили минтақа дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар Осиёи Марказӣ аксари дарёҳо асосан аз Тоҷикистону Қирғизистон сарчашма мегиранд ва ин кишварҳо дорои захираи оби минтақа ҳастанд. Ба ин далел, ба таъкиди Мирсаидов ин ду кишвар ҳақ доранд захираҳои обиву барқии худро самаранок истифода кунанд.

Аммо ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, кишварҳои поёноб, аз ҷумла Ӯзбакистону Туркманистон бо ҳар баҳона эътироз мекунанд ва бо баҳонаи он ки гӯё заминҳои онҳо беоб мемонад, ба амалӣ гаштани нақшаҳои ин ду кишвар монеъ мешаванд.

Ба гуфтаи Мирсаидов, баҳонаи дигари ин кишварҳо хушк шудани баҳри Арал аст, ки он ба Тоҷикистон рабт намегирад. Ҷаноби Мирсаидов бар ин назар аст, ки мавзӯи тақсими об дар минтақа ангезаи сиёсӣ дорад, зеро “барои бархе кишварҳо истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон писанд нест”.

Дар ҳар сурат, коршиносон бар ин боваранд, ки танҳо иродаи сиёсии раҳбарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ зарур аст, ки захираҳои обӣ миёни ин кишварҳо ба таври оқилона ва мунсифона тақсим шавад. Ба гуфтаи ин коршиносон, раҳбарони минтақаро лозим аст, то ин масъаларо ба нафъи мардум истифода кунанд, на барои худхоҳӣ ва иродаи худ.

Зимнан, нахустин даҳсолаи "Об барои ҳаёт" бо пешниҳоди Тоҷикистон аз соли 2005 то 2015 идома кард ва баъдан Душанбе ташкили даҳсолаи дуввуми "Об барои ҳаёти устувор"-ро пешниҳод кард, ки аз ҷониби СММ пазируфта шуд. Ин пешниҳод моҳи апрели соли ҷорӣ дар як нишасти марбут ба масъалаи об дар Кореяи Ҷанубӣ аз забони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон садо дод.

Баррасии дастрасӣ ба об ва беҳдошт дар симпозиуми байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ва ҳамин тавр то ҳол ҳал нашудани масъалаи тақсими оқилонаи об дар минтақаи ОМ дар ҳолест, ки беш аз 40 дар сади ҷамъияти Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надорад. Ҳатто тибқи гузоришҳои байнулмилалӣ, танҳо дар вилояти Хатлони Тоҷикистон 22 деҳа аз оби поки ошомиданӣ маҳруманд.