Ҳамосаи шеър ва дард. Ҳушдорҳои вогузоштаи Мӯъмин Қаноат

Шоир ва андешманди шаҳири тоҷик Мӯъмин Қаноат соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон таваллуд шуда,18-уми майи соли 2018, ду рӯз пеш аз зодрӯз ва 86-солагияш дар Душанбе даргузашт. Ва мероси бузурге ба пасовандон гузошт.

Ӯ бо шеъраш як марҳалаи наверо дар адабиёти тоҷик бунёд гузошт ва бо ҷасорату афкораш ному рисолати як рушанфикри воқеиро ҳифз кард. Даъват ба худогоҳӣ ва худшиносӣ кард, ҳушдор дод, аз шебу фарози роҳҳо гуфт. Оё садояш шунида шуд? Оё ин садо дар гӯшҳо пажвок медиҳад? Пурсишест, ки посух доданаш душвор...

Мӯъмин Қаноат солҳои панҷоҳуми асри гузашта бо сабку садои тоза, андешаҳои саршор аз ифтихори миллӣ ва диди наву фарох ба майдони адабиёт қадам гузошт ва шӯҳрати шеъри тоҷикро ба зинаҳои баланд бардошт.

Дар канори назокат ва салосати сухан, ки садои ӯро ҷойгоҳи вижа бахшид, Мӯъмин Қаноат бо достонҳои мондагори худ низ машҳур гашт, аммо, ба гунае ки худаш меорад: "Ҳамосасароии ман пайванд задани шеъри ғаноӣ бо ҳамосӣ аст. Дар достонсароии ман, усули нақлӣ тамоман вуҷуд надорад. Ин услубро то ҳол муҳаққиқони мо то ҷое кашф накардаанд, ки ин чист."

Ба гуфтаи Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Мӯъмин Қаноат “дар солҳои шастум тақрибан тани танҳо ин шеърро нав карданд, бисёр заминӣ карданд ва аз умумигӯӣ ва ҳарфҳое, ки муносиби шеър набуданд, адабиётро пок карданд. Як шеъре офариданд, ки муносиби адабиёти ҳазорсолаи мо буд. Чанд нафар шоире тарбия карданд, ки дар оянда кори он касро идома доданд. Аз ҷумла, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир аз шогирдони Устод Қаноат ҳастанд.”

Гулназар, муаллифи гимни миллии Тоҷикистон, мегӯяд, шогирди Мӯъмин Қаноат аст ва дар пайравӣ ба услуби ӯ дар адабиёти муосири тоҷик бузург шудааст. “Мӯъмин Қаноат тавонист ба шеъри муосир ҳувияту асолати ғазалу дубайтиву рубоӣ ва достонҳои асили классикиии миллиро бубахшад. Мӯъмин Қаноат тавонист ин корро кунад ва баъдан шоирони навсаро аз ӯ пайравӣ карданд".

Ҳолномаи устод Мӯъмин Қаноат

Мӯъмин Қаноат-Шоири халқии Тоҷикистон. Соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар соли 1956 хатм кардааст. Ӯ фаъолияти кории худро аз нашрияи адабии « Садои шарқ» оғоз карда баъдан дар соли 1968 муовини аввали раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон интихоб мешавад. Аз соли 1978 то соли 1991 раёсати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Қаноат барои достони «Гаҳвораи Сино» барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи устод Рӯдакӣ мешавад ва барои достони «Суруши Сталинград» муҳимтарин ҷоизаи давлати шӯравӣ Мукофоти давлатии СССР-ро соҳиб мешавад. Қаноат ҳамчун достонсаро достонҳои «Гаҳвораи Сино», «Мавҷҳои Днепр», «Ситораи Исмат», «Ҳамосаи дод», «Падар» ва «Масъуднома»-ро навиштааст. Ӯ се навбат депутати Шӯрои олии СССР ва дар охирин даъват, раиси Кумитаи умури байналмилалии парлумон интихоб шуда буд. Мӯъмин Қаноат тӯли панҷ сол дар Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба ҳайси муовини раис ва дар ду навбат ҳамчун муовини раиси ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ойиладор.Соҳиби як писар ва ду духтар.

Маҷмӯаҳои ашъори Қаноат –«Шарора»,«Ситораҳои замин», достонҳои «Мавҷҳои Днепр» (ситоишномаи рӯҳи баланди ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва дӯстии байни миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ), «Оташ» (бунёди нерӯгоҳи барқи обии Норак), «Суруши Сталинград» (корномаи қаҳрамонони Ҷангои Ҷаҳонии Дувум), «Тоҷикистон – исми ман» (даъват ба бедории миллӣ), «Гаҳвораи Сино»,«Ситораи Исмат», «Масъуднома» дурдонаҳои адабиётанд.

Мӯъмин Қаноат аз пурнашртарин шоирони тоҷик дар тамоми ҷаҳон аст. Намунаи осори ӯ борҳо ба русӣ, инглисӣ, украинӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, узбекӣ, тоторӣ, чехӣ, булғорӣ, лаҳистонӣ, испанӣ, муғулӣ ва забонҳои дигар нашр шуда ва ӯ низ дар тарҷумаи асарҳои бузургтарин адибони дунё ба тоҷикӣ саҳм гузоштааст.

Мӯъмин Қаноат узви вобастаи Академияи Улуми Тоҷикистон буда, чандин мартаба вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Роҳи зиндагии худро ӯ чунин хулоса кардааст: "Орзуву нияти ман ҳама барои миллати тоҷик аст. Чун чӣ қадар қудрату тавоне, ки доштам, барои ин миллат, барои бедориву ҳуввияту бедориву худшиносӣ ва худогоҳии ин миллат сарф кардам. То ҷое тавонистам, аз ин миллат дифоъ кардам. То ҷое дастам расид, дар ҷуғрофии ҷаҳон, ин корро кардам. Ҳамакнун мехоҳам, ин миллат пойдор, ҷовидона ва бегазанд бошад. Хусусан дар ин қарни пур аз ошӯбу ҷангҳо ва низоъҳои гуногун. Пойдории миллат, истиқлоли воқеии миллат ва ҳукумати миллӣ, орзуву ормони ман аст. Барои ин, мардуми тоҷик бояд кӯшиш кунем, то орзуву ормони миллии мо ҷомаи амал пӯшад."

Ҳамчун рӯшанфикр Мӯъмин Қаноат ҳамеша дар баробари дурӯғ, ҷабр ва ишштибоҳҳо садо баланд кардааст ва бериё ҳарф задааст.

“Ҷанги шаҳрвандӣ то ҳанӯз дар мо идома дорад, аммо бидуни силоҳ. Манзур, нашинохтан ва муроот накардани ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандии ҳама. Дар ҳамон пояе, ки буд имрӯз низ дар он поя аст. Эътироф накардани ҳаққу ҳуқуқи инсонӣ. Ин як. Дуюм ин дар ҳама риштаҳо, дар ҳама мақомоти давлатӣ ҷой надоштани намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон, яъне ҳукумати фарогир ва умумимиллӣ. Нерӯҳои асосӣ ва тавонои Тоҷикистон бояд шомили ҳукумат бошанд. Шахсиятҳо, на тамаллуқкорон.”

***

“Муборизаҳои идеологие, ки байни гурӯҳҳову қишрҳои ҷомеа ва аҳзоби гуногун мерафт, охир мо ба чашми худ дидем, ки ба ҷанги гарм ҳам мунҷар шуд он ҳама. Ман ҷанги сарди бесилоҳ гуфтам, ҳатто ҷанги босилоҳ шуд. Ҳама медонанд, ки дар Ғарму дар Камароб ҷанг шуд, ҷанги ҳақиқӣ. Ман огоҳ кардам, ки эҳтиёт шавем. Вагарна ман касе нестам, ки ба ҷанг даъват кунам. Ҳарфҳои маро нодуруст таъбир мекунанд охир.”

***

“Муҳимтар аз ҳама аз марҳалаи ҷанг ба сулҳу ризо расидем, ки кори шоёнест ва хуб ҳам шуд. Аммо баъд аз панҷ сол, мардуме, ки қаблан даргир буданду бо ҳам ҷанг карда буданд, дар дилашон чизе монда буд ва ба ин далел ваҳдат ба нуқтаи олиаш нарасид ва боз ваҳдат ба парешонӣ расид. Албатта, ин қонуни физикӣ аст, ки ҳамоиш асту ҷудоӣ асту то нуқтаи охир такрор меёбад. Вале мутаассифона, талошҳое, ки дар панҷ соли аввал буд ва барои ҳамоишу ваҳдат хуб сурат гирифт, баъдан кунд гардид.”

***

“Баъзан маъруфтарин адибони ҷаҳон ҳам наметавонанд, ҳарфе бигӯянд, ки ба ҷомеа ва сиёсат таъсир дошта бошад. Адабиёти тоҷик зинда аст, асарҳои зиёде таълиф мешаванд, ҷустуҷӯву ковишҳое сурат мегиранд ва аммо назму насри муосир наметавонанд чун дар замони Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ба ҷомеаи башарӣ паёми қобили қабули ҳамаро бубарад."

***

“Ман фирор накардам. Ман ҳамроҳи онҳое рафта будам, ки ҷониби Қирғизистону Қазоқистону Русия рафтанд. Агар ман ва чанд тани дигар намерафтем, ба онҳо касе кор намедод, дар он кишварҳо. Ман ҳамчун як нафари мӯътамади Иттиҳоди Шӯравӣ рафтам, ки онҳо маро мешинохтанд. Чингиз Айтматов, Олжас Сулаймонов, олимону шоирони рус ҳама маро мешинохтанд, чун ман бо онҳо кор мекардам. Ҳар ҷое мерафтаму чизе мегуфтам, қабул мекарданд.”

***

“Ман ҳушдор додам, ки дар атрофи ҳукумат одамоне пайдо шудаанд, ки хушомад мегӯянду дар бисёр мавридҳо президентро “шаҳаншоҳи ҷаҳон” ё “алломаи замон”. Ман гуфтам, ки ин ҳарфҳоро нагӯед. Ӯ як одами хоксори мардумгарост, ки бубинед, фақат ба як Бадахшон 37 бор сафар кард. Ба ин хотир гуфтам, ки ин унвонҳои ҳавоиро барои тамаллуқ ва ширин кардани худ истифода набаред. Президенти Тоҷикистон гӯед, вассалом.”

***

«Андешаҳоро, чандандеширо ва ҳамаи ақлҳову хирадҳои равшанро ё аз байн мебаранд ё зиндонӣ мекунанд ё баста мекунанд, ба хотири тасаллути як андеша ва як касе, ки қудрати бештар дорад. Тоҷикистон ҳам ба ҳамин дард гирифтор шудааст."

***

"Ленин ҳамаи асарҳояшро худаш навиштааст, чунки вай олим буд. Аз ин ба баъд роҳбарони минбаъда бо шахсиятҳои бузурги таърихӣ пайравӣ мекарданду китоб менавиштанд, вале китобҳои ҳозир маълум аст, ки аз тарафи як нафар навишта намешаванд. Ва ин чӣ падида аст, маълум нест. Яъне, оё ин худхоҳӣ аст ё худманишӣ?"

***

Ман ҳеҷ гоҳ алайҳи ин ҳукумат набудам. Ҳамеша, то ба имрӯз ҳамроҳи ҳукумат кор кардам ва мехоҳам, ки кораш бобарор бошад. Аз рӯи маърифат ва талаботи замон бошад, демокративу дунявиву ҳуқуқбунёд бошад. Агар ҳукумат масъули рушди иқтисодиёт, густариши сиёсати Тоҷикистон бошад, масъули кушоиши роҳҳо ва ҷодаҳои нав дар ҷаҳони имрӯз бошад, моро аз ин роҳ касе баргардонида наметавонад.”

***

Баъд аз шаҳодати Масъуд ман ин достонро навиштам. Ҳеҷ кас ба ман пешниҳод накардааст ва дар ин бора фикр ҳам накардаам. Синну соли ман дигар барои навиштани чунин достон кифоят намекунад. Ҳофиза, ҳарорат ва он дилгармие, ки ман доштам, дигар ба ҳеҷ чиз надорам. Танҳо ба ҳамин миллат дорам. Як миллати бесоҳиби бенаво.

***

“Ҳарчанд ин миллатро касе аз ман бештар дӯст намедорад, аммо барои ман дигар он бегона шудааст. Миллат имрӯз ҷасур нест, зирак нест, замонавӣ нест, афсӯс...”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Эй додгоҳи хокиён..." Мӯъмин Қаноат 85-сола шуд. ВИДЕО