Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, наврасону ҷавонон дар муқоиса ба як соли пеш 80 маврид бештар ҷиноят содир кардаанд.
Афзоиши ҷинояткории ҷавонону наврасон ахиран нигаронии раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба бор овард. Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи ҳукумати кишвар, ки рӯзи 15-уми январ доир шуд, гуфт, ҳодисаҳои афзояндаи ҷанҷолҳои миёни мактаббачаҳо ба "як раванде табдил шудааст, ки мояи нигаронии амиқ" аст.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2012 танҳо аз сӯи ноболиғон 625 ҷиноят содир шудааст, ки дар муқоиса ба як соли пеш 80 маврид ва ё 15 дарсад бештар будааст.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта нашри наворҳои ғайриахлоқии мактаббачаҳо ва ҷавонон дар торнамоҳо ва телефонҳои мобилӣ боиси нигаронии волидайн ва дар маҷмӯъ ҷомеаи кишвар шуда буд. Сабаби бадахлоқ ва ҷинояткор шудани теъдоде аз ҷавононро худи онҳо дар беназоратӣ, тамошои филмҳои хориҷии бидуни сонсур ва бекорӣ медонанд.
Нигаронӣ аз афзоиши ҷинояткории ҷавонону ноболиғон дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон сар аз соли 2011 қонуни масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд амал мекунад ва ҷазо барои тарбияи носолими фарзанд барои волидайнро шадид кардааст.
Дар навори видеоии "Озодӣ" худи ҷавонону наврасон ва ҳамчунин волидайн роҷеъ ба сабабҳои афзоиши ҳодисаҳои ҷинояткорӣ дар миёни наворасону ҷавонон изҳори назар мекунанд:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад