Бархе аз сокинони Душанбе доштани "шинос" ё хешу табор дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистонро зарур меҳисобанд, чун мегӯянд, "бо ёрии онҳо метавон, бисёр мушкилро ҳал кард".
Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, "одами худӣ" намегузорад, ки рӯзҳову ҳафтаҳо паси дари мансабдорон дар навбат истӣ ва ё ба сад дар сар бизанӣ. Афроди дигаре ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, барои ҳалли мушкил дар идораҳои давлатӣ доштани шинос зарур нест. Онҳо ба "адолат дар идораҳои давлатӣ" бовар доранд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 15 май аз чанд роҳгузар дар Душанбе пурсид, ки агар дар идораҳои давлатӣ шинос надоранд, чӣ гуна мушкилоти худро ҳал мекунанд?
Матни посухҳоро дар зер хонед:
- "Агар дар идораҳои давлатӣ шинос дошта бошӣ, коратро зуд ҳал мекунанд. Агар шинос надорӣ, дар навбати тӯлонӣ меистӣ. Баҳона мекобанд ва саргардон мешавӣ."
- "Илтимос, ба ман ҳамин хел суолҳоро надиҳед. Ман худам дар корхонаи давлатӣ кор мекунам."
- "Шинос бошад, масъаларо зуд ҳал мекунад. Набошад, сарат – паст."
- "Ҳамагуна кор бо ёрии одамони худӣ зуд ҳал мешавад."
- "Агар шинос надорӣ, маҷбур пул медиҳӣ. Агар одами худат набошад, ба назди калоншавандаҳо даромада наметавонӣ ва касе салом намекунад. Раиси ҷумҳур хуб гуфт, ки барои ба назди як раиси одӣ даромадан як моҳ зарур мешавад. Ин мушкили ҷиддӣ аст. Онҳо аз паси бизнесу манфиатҳои худанд ва барои хидмати халқ вақт надоранд. Халқи бечора як моҳ дар пушти дари корхонаҳо меистанд."
- "Дар идораҳои давлатӣ бо шинос кор буд намешавад. Беҳтар аст, ягон вакили мудофеъ мегирӣ ва ӯ масъаларо ҳал мекунад."
- "Дар Тоҷикистон шиносбозӣ ба анъана даромадааст. Ба ҳар ҷое, ки наравӣ, бояд шинос дошта бошӣ. Бо шиносҳо кор буд мешавад. Агар не, моҳҳову солҳо мегузарад, корат пеш намеравад. Яъне, маҳалбозӣ, хешутаборбозӣ..."
Навори суҳбат бо раҳгузаронро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ва навиштани назару андешаҳои худро ҳам фаромӯш накунед!