Вокунишҳо ба "беэҳтиромӣ"-и намояндагони Толибон ба сурудҳои миллии Эрон ва Покистон

Мақомҳои Эрон ва Покистон аз намояндагони Толибон барои барнахостан ҳангоми пахши сурудҳои миллии кишварҳояшон ва риоя накардани назокатҳои дипломатӣ дар ду чорабинии алоҳида, интиқод карда, онро "беэҳтиромӣ" номиданд.

Тибқи аксҳои нашршуда дар расонаҳои Эрон, рӯзи 19-уми сентябор дар ҷараёни ифтитоҳи конфронси "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон, намояндаи Толибон ҳангоми пахши суруди миллии Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҷойи худ барнахост.

Дар ин маросим мақомҳои баландпояи Эрон, аз ҷумла, Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳур ҳузур доштанд ва бархе расонаҳои Эрон аз рафтори намояндаи Толибон ба шиддат интиқод карданд.

Ҳасан Козимии Қумӣ, намояндаи раиси ҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон, рафтори намояндаи Толибонро "беэҳтиромӣ ба усули дипломатӣ" хонд.

Ҳисомиидн Ошно, мушовири раиси ҷумҳури пешин Ҳасан Рӯҳонӣ дар шабакаи Х навишт, "кофӣ буд ду ё ҳади аксар чаҳор нафар аз азизони тими муҳофизат зери бағал ё чаҳор дасту пойро бигиранд ва эшонро муҳтарамона ба хориҷ аз толор раҳнамоӣ кунанд".

Муҳаммад Ҳасан Осафрӣ, намояндаи пешини порлумони Эрон низ бо ишора ба "хароҷоти зиёд барои билети ҳавопаймо ва беҳтарин меҳмонхона дар Теҳрон" барои ин намояндаи Толибон таъкид кард, ки ӯ "расми меҳмонӣ"-ро риоя накардааст.

Як руз пеш, 18-уми сентябр, Сарконсули Толибон дар шаҳри Пешовари Покистон дар ҷараёни маросиме ҳангоми пахши суруди миллии он кишвар, аз ҷой барнахост.

Дар пайи он, Вазорати корҳои хориҷии Покистон сарпарасти Сафорати Толибон дар Исломободро даъват кард ва ин рафторро "тавҳиномез" хонд ва нисбат ба такрори чунин рафторҳое ҳушдор дод.

Аммо Консулгарии Толибон дар Пешовар далели аз ҷой барнахестани намояндаи Толибонро "вуҷуди мусиқӣ" дар суруди миллии Покистон эълон кард.

На Эрон ва на Покистон ҳукумати Толибонро ба расмият намешиносанд, аммо бо ин гурӯҳ робитаҳои нек доранд ва намояндагиҳои дипломатии Афғонистонро дар ихтиёри ин гурӯҳ гузоштаанд.