Ҳамин озодбаёнии Владимир Висотский буд, ки ӯ ҳамеша чун устухон дар гулӯи дастгоҳи идеологии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шуравӣ дармонда буду ҳукуматдорони вақт ба ҳар роҳ ба пешрафти вай монеъ мешуданд. Кор ба ҷое расида буд, ки нашр ва паҳн кардани сурудҳои ӯ мамнӯъ гашта буд. Раҳмат Назрӣ меафзояд, маҳз бо сабабҳои сиёсӣ Висотскийро ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Шӯравӣ напазируфтанд. Худи ҷаноби Назрӣ чандин бор талош кардааст, ашъори Висотскийро ба тоҷикӣ баргардонад, аммо муваффақ нашудааст. Зеро ба гуфтаи Назрӣ, ҳангоми тарҷума мазмуни баланди шеърҳои Висотский моҳияти худро аз даст медиҳанд.
Ин шоири тоҷик мегӯяд, шеърҳои Висотский хос барои мусиқӣ офарида шудаанд: "Шеърҳои Висотский махсус барои мусиқӣ эҷод шудаанд. Навиштаҳои ӯ замоне болу пар ва зарб пайдо мекунанд, ки агар бо оҳанг иҷро шаванд." Вай мегӯяд, бисёр ҳаводорони Висотский дар Тоҷикистон бо эҷодиёти ӯ аз рӯи матни аслиаш ба забони русӣ ошно ҳастанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чаро Высотскиро ҳама дӯст медошт?
Бо ин ҳама, ҳарчанд сурудаҳои Висотский ба тоҷикӣ тарҷума нашудаанд, вале он замон зиёд буданд нафароне, ки мехостанд мисли ӯ шеър нависанд ё тарона бисароянд. Онҳое, ки бо эҷодиёти Висотский хуб ошноянд, мегӯянд, дар ин миён танҳо як нафар тавонист комёб шавад, ки ин ҳам Лидуш Ҳабиб буд. Лидуш Ҳабиб низ мисли Висотский шеър менавишт ва оҳанги онро бо гитор иҷро мекард. Ӯ ҳам аз дард ва мушкилоти мардуми маҳалли худ, яъне Бадахшони Тоҷикистон мегуфт. Тақдири ӯ низ ба мисли Висотский фоҷиавӣ анҷомид ва хеле зуд аз дунё гузашт.
Хуршеди Атовуллоҳ
Хуршеди Атовуллоҳ, рӯзноманигор ва яке аз ҳаводорони Владимир Висотский мегӯяд, бо гузашти ин ҳама сол маҳбубияти ин овозхони мубориз кам нашуда ва то ҳунӯз шеърҳои ӯро зиёд меҷӯянду кам нестанд онҳое, ки мехоҳанд ҳадди ақал зоҳиран шабеҳи Висотский бошанд. Ҷаноби Атовулло афзуд, "ману дигар ҳамсолонам дар солҳои 90-ум ба овози ғафсу ба истилоҳи баъзеҳо дағалу хиррӣ мафтун будем ва хеле зиёд гӯш мекардем. Барои ман сурудҳои ӯ бо он тасвирҳои аҷибе, ки дорад ва як лаҳзаҳое, ки ба ҷуз вай касе онро надидаву эҳсос накардааст, то ҳанӯз дар ҷойи аввал ҳастанд. Баъд аз хеле зиёд омӯхтан ман ҳатто як маводе ҳам навишта будам “Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Владимир Висотский”. Зеро, масалан, агар Висотский аз зиндагии сангин дар замони Шӯравӣ ва аз низоме, ки мехост касе ҳарфи дилашро расман нагӯяд, шиква мекард, Аҳмад Зоҳир дар Афғонистон айнан ҳамин гуна нақшро иҷро мекард. Масалан, Аҳмад Зоҳир сурудро ба шеъри Лоҳутӣ «Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест» иҷро кард, ки он як таронаи инқилобӣ буд ва имрӯз ҳатто дар Тоҷикистои мо касе ҷуръат надорад ин гуна суруд бихонад."
Журналисти тоҷик Хуршеди Атовуллоҳ мегӯяд, Висотский дар баробари шеърнависӣ ва таронахонӣ чун ҳунарпешаи маъруфи театр ва синамо ҳам шинохта шудааст, ки бо бисёр нақшҳои офаридааш дар дили мухлисонаш ҷой гирифта буд. Бо вуҷуди он ки вай ба машқҳо доим дер мекард ва гоҳҳо қабл аз шурӯи намоишнома ӯро ҷустуҷӯ менамуданд, аммо боз ҳам ӯ ба нақшофарӣ даъват мешуд ва аз ҳунараш истифода мебурданд. Дар баробари ин, бисёре аз сокинони Тоҷикистон ҳам нақшҳои ӯро дар филми «Место встречи изменить нельзя» ё суруди «Поговорим»-ро дар иҷрои ӯ аз филми «Иван Василевич меняет профессию» хуб дар ёд доранд.
Фирӯз Ҳакимов
Аз ҷумла, Фирӯз Ҳакимов, оҳангсози шинохтаи тоҷик ва навозанди гурӯҳи "Фарзин", мегӯяд, аз хурдӣ ба нақшҳои Владимир Висотский дар филмҳо ва ҳам таронаҳои вай таваҷҷӯҳи хос доштааст. Фирӯз гуфт, "эҷодиёти ӯ таъсири бевоситаи худро дар касбияти ман гузоштааст. Агар чун овозхон тақлид кардан ба садои Висотский мушкил аст, аммо вай нишон дод, ки барои расонидани моҳияти тарона ба шунаванда ва тамошобин мусиқинавози барҷаста будан шарт нест. Маҳз маҳорати ҳунарпешагии вай буд, ки ҳар як таронаашро дар шакли намоишномаи хурд иҷро мекард. Мо низ бо илҳом аз вай дар гурӯҳи Фарзин сурудҳоро дар ҳамин шакли намоишномаи хурд иҷро менамудем. Яъне, Висотский нишон дод, ки овозхон бояд ҳатман ҳунари актёрӣ низ дошта бошад. Гузашта аз ин ба ҳангоми нороҳат буданам ман ҳатман таронаи Висотскийро аз кинофилми «Вертикал», ки дар бораи кӯҳҳо мехонад, гӯш мекунам. Ман ҳатто дар вақти сухан гуфтанам, зиёд аз таронаҳои ӯ иқтибос меорам."
Мусоҳибони мо Владимир Висотскийро пешоҳанги инқилоби фикрӣ дар назм ва наср медонанд. Ӯ дар синни 42-солагӣ даргузашт ва ба нақли шоҳидон Маскав дар таърихи Шӯравӣ ва ҳатто баъд аз он чунин ҷанозаи пуродамро ёд надорад. Аммо Висотскийи озодандеш чандин нақшро дар филмҳои мухталиф ва даҳҳо таронаҳоро ба ёдгор гузошт, ки то ҳанӯз ба қишри ҷомеаи прогрессиви Тоҷикистон таъсири густарда дорад.