Борис Ковалчук, роҳбари ширкати «Интер РАО ЕЭС»-и Русия зимни мулоқот бо масъулони арсаи энергетикаи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки иҷоза диҳанд нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» мустақилона барқро ба кишварҳои хориҷ содир кунад.
Николай Горелов, сухангӯи ширкати «Интер РАО ЕЭС»-и Русия дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» рӯзи 27-уми феврал гуфт, Борис Ковалчук ба ҷониби Тоҷикистон бори дигар пешниҳод кардааст, ки ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» имкон дода шавад, то ки он мустақилона барқро ба харидорони дохили Тоҷикистон ва берун аз он дар Қирғизистон ва Афғонистон фурӯшад, аммо боз ҳам ҷавоби рад гирифтааст.
Аммо ҷаноби Горелов афзуд, ки мушкили қарздории «Барқи тоҷик» дар назди «Сангтӯда-1» дар мулоқоти Ковалчук бо президент Раҳмон якҷо бо дигар масъалаҳо барассӣ шудааст.
Зимнан бино ба иттилои дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Ковалчук бо президент Раҳмон дар ниммаи дуввуми рӯзи 27-уми феврал баргузор шуд ва дар он: «таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба фаъолияти нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ва роҳҳои пардохти қарзи ширкати Барқи Тоҷик дар назди ин иншооти гидроэнергетикӣ зоҳир гардид». Аммо дафтари раёсатҷумҳурӣ аз додани иттилои бештар дар мавриди роҳҳали пардохти ин қарз худорӣ кардааст.
Зимнан масъулони ширкати «Барқи тоҷик»мегӯянд, яке аз сабабҳои бузург шудани қарзи ин ширкат дар назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ин будааст, ки «Барқи тоҷик» аз ин нерӯгоҳ барқро бо нархи гарон харидорӣ карда, онро бо нархи арзонтар ба истифодабарандагон мефурӯшад.
Як манбаъи «Озодӣ» дар ширкати «Барқи тоҷик» гуфт, ҳоло ширкат аз нерӯгоҳи «Сангтуда-1» як киловатт/соат нерӯи барқро бар ивази 2,4 сенти амрикоӣ ва ё 11,6 дирам харидорӣ мекунад. Ҳоло он ки, ки ба гуфтаи ин манбъ нархи миёнаи нерӯи барқ дар кишвар дар соли гузашта 9,57 дирамро ташкил кард. Аз ин рӯ ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати мо аз ҳар киловатт/соат нерӯи барқе, ки «Барқи тоҷик» аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» харидорӣ мекунад, ширкат 2 дирам зарар мебинад. Аммо «Барқи тоҷик» зиёни аз хариди барқи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дидаашро аз ҳисоби даромади фурӯши барқи дигар нерӯгоҳҳои дар ихтиёраш буда мепушонидааст.
Ширкати «Интер РАО ЕЭС»-и Русия яке аз моликони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дар ҷануби Тоҷикистон аст, ки 75 дарсади саҳмияҳои ин нерӯгоҳро дар ихтиёр дорад. 25 дарсади саҳмияҳои ин нерӯгоҳ моли давлати Тоҷикистон аст.
Қарзи «Барқи тоҷик» дар ҳоли ҳозир ҳамчун харидори ягонаи барқи "Сангтӯда-1" то 1-уми октябри соли 2013 ба 386, 63 миллион сомонӣ ё муодили 81,4 миллион доллари ИМА баробар буд, аммо сарфи назар аз пардохти 10 миллион сомонӣ дар моҳ ҳаҷми қарзи он боз беш аз 20 миллион сомонии дигар афзудааст.