Дар Қазоқистон бисёриҳо ба холис будани ниятҳои Русия дар мавриди таъсиси "Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё" машкук шудаву даст ба эътирозҳои маҷозӣ аз тариқи Интернет задаанд.
Дар ҳоле ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо барномаи таъсиси созмони “Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё” танҳо ба танҳо ва дастаҷамъона бо раҳбарони кишварҳои пасошӯравӣ мулоқот мекунад, дар Қазоқистон гурӯҳе аз фаъолон аз ин нигарон шудаанд, ки иттиҳоди нав истиқлолияти кишварашонро аз байн мебарад. Созишномаи таъсиси иттиҳодро, ки ба гуфтаи мақомоти қазоқ, танҳо хусусияти иқтисодӣ дорад, дар ибтидо раисони ҷумҳури се кишвар - Қазоқистон, Русия ва Беларус - имзо мекунанд. Маросими имзои санад дар поёни моҳи май дар Остона, пойтахти Қазоқистон барномарезӣ шудааст. Интизор меравад, ки баъзе кишварҳои дигари Шӯравии собиқ низ баъдан ба ин Иттиҳоди нав ҳамроҳ шаванд.
Бо наздик шудани рӯзи имзои санад, амалҳои эътирозӣ алайҳи ин иттиҳод дар Интернет оғоз шудаанд. Рӯзи 15 май як гурӯҳи фаъолони қазоқ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо пахши аксҳои худ, ки дар он онҳо маска ё ниқоби беҳдоштӣ пӯшида буданд, роҳи ҳифозат аз ин “вируси империализм”-ро нишон доданд. Дар ин шабака ҳамчунин гурӯҳе иборат аз 200 нафар таъсис ёфтааст, ки масъулияти пахши ахбор аз амалҳои эътирозӣ алайҳи таъсиси эътилофи нав дар паҳнои пасошӯравиро дар дӯш дорад. Дастандаркорони эътироз ин шеваро безарартарин шеваи тазоҳурот медонанд, зеро ба гуфтаи онҳо, пулис наметавонад онҳоро ба ташкили таҷаммӯъи бидуни иҷозат муттаҳам кунад.
Куаниш Жандарбеков, яке аз иштирокдорони амали эътирозӣ мегӯяд, ӯ 17 сол дорад, аммо барои ҳифзи истиқлолияти кишвараш аз ҳар амали имконпазир истифода мекунад.
Аз мардум напурсиданд, ки онҳо ин Иттиҳодро мехоҳанд ё не?
Ин шубҳа, ки Русия мехоҳад Қазоқистонро тавассути ворид кардан ба созмони “Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё” ба қаламрави худ ҳамроҳ кунад, зеҳни аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоиро банд кардааст. Бахусус дар пасманзари тасарруфи паиҳами чанд вилояти Украина аз сӯи нирӯҳое, ки зоҳиран аз сӯи Маскав таъмину мусаллаҳ шудаанд.
Аммо бархеи дигар, ки хоҳони наздик будан бо Русия ҳастанд, кишварҳои Аврупоро намуна меоранд, ки бо роҳи ҳамоиш Иттиҳодияи Аврупои пурқудратро бунёд кардаанд.
Аммо мухолифони ҳамоиши Қазоқистон ба иттиҳоди ҷадид мегӯянд, кишварҳои аврупоӣ аз роҳи референдум ва дарёфти раъйи мувофиқи мардуми худ ба ҳам омаданд, на бо роҳе ки Русияву Қазоқистону Беларус пеш гирифтаанд. “Ҳеҷ кас аз мардуми қазоқ намепурсад, ки оё хоҳиш доранд, то кишвари худро дар “Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё бубинанд,”- далел пеш меоранд корбарони Фейсбук.
Ҷумбиши мухолифони пайвастани Қазоқистон ба “Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё”, ки дар ибидо танҳо аз фаъолони шабакаҳо иборат буд, акнун намояндагони созмонҳои дигарро низ ба худ ҷалб кардааст.
Дагмар Шрайбер, фаъоли Ҷумбиши ҳимоят аз муҳити зист дар саҳифааш дар Фейсбук бо таъкиди ҳатмӣ будани иродаи мардум дар қабули тасмимҳое, мисли ворид шудан ба “Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё” гуфтааст, “Қазоқистон Эъломияи Орхусро имзо кардааст, ки иштироки мардумро дар равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ муҳим мешуморад. “
Эътирозҳо зидди ворид шудани Қазоқистон ба “Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё” борҳо дар ин кишвар мушоҳида шудаанд. Аммо баъди ишғоли Қрим ва таҳаввулоти манотиқи шарқии Украина қазоқҳо ба холис будани ниятҳои Русия машкук шудаанд. Фаъолони қазоқ мегӯянд, ин созмон таҳдидҳоеро ба озодии сиёсӣ ва иқтисодии кишварашон ба думбол дорад.
Ошиқони Русия дар Тоҷикистон
Фаъолони сисёсӣ дар ҳоле шабакаҳои иҷтимоиро майдони эътироз қарор доданд, ки теъдоди мардуми хушбини наздикӣ бо Русия на танҳо дар Қазоқистон, балки дар кишварҳои дигари минтақа низ назаррас аст. Намунаи рӯшани он баҳсҳои доғ дар Фейсбук аст, ки тарафдорону мухолифони наздикии бештар бо Русияро пайваста сар ба сар мезанад.
Назарсанҷии ахири бунгоҳи минтақавии афкори умуми “M-Vector” ин натиҷаро ба бор овард, ки ҳудуди 60 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон “ошиқ”-и Русия будаанд. Дар як назарсанҷии дигари ин бунгоҳ, зери 70 дарсади пурсидашудаҳо дар Тоҷикистон аз пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди гумрукӣ, ки Путин созмони навашро дар меҳвари ҳамин иттиҳод месозад, ҷонибдорӣ кардаанд.