Тоҷикистон: Занҳои босаводу коргар ҳам шаллоқ мехӯранд. ВИДЕО

Дар бисёр ҳолатҳо, занҳои коргару босавод ва доро аз дасти шавҳар озор мебинанд, вале лаб зери дандон таҳаммул мекунанд.
Як пажӯҳиши мустақил собит кардааст, ки на танҳо занҳои хонанишин ва дастнигар, балки таҳсилдида ва коргар низ аз тарафи шавҳарҳои худ латту кӯб мешаванд.

Алфредас Забета, раҳбари лоиҳаи ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон рӯзи душанбеи 25-уми ноябр зимни як нишаст дар шаҳри Душанбе гуфт, ки «дар 90 дар сади оилаҳои Тоҷикистон хушунат ба унвони мушкили доғ боқӣ мондааст».

Алфредас Забета.

Ӯ мегӯяд, тибқи таҳлилҳо дар ҷомеаи тоҷик занон, новобаста ба сатҳи иҷтимоӣ ва маълумотнокӣ ба зӯроворӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳатто қурбониёни хушунат аз хонаводаҳои доро низ ба ҷое шикоят намебаранд ва муддатҳои тӯлонӣ ранҷу азиятро таҳаммул мекунанд.

Ҳуқуқшиносони марказҳои бӯҳронӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, дар баъзе мавридҳо ҳатто маърифати ҳуқуқӣ наметавонад пеши роҳи хушунатро бигирад ва дар баробари занҳои хонашину дастнигар, занҳои коргар низ аз шавҳарҳои худ шатта мехӯранд.

Рамзия, сокини 35-солаи Душанбе, бо он ки соҳиби ду диплом аст ва ҳуқуқи худро хеле хуб медонад, пайваста зери мушту лагади шавҳар қарор мегирифт. Рамзия мегӯяд , баъзан бо “чашмони сиёҳу кабуд” ба ҷойи кор мерафт ва чанд дафъа аз суди пизишкӣ дар бораи латту кӯб шуданаш коғаз ҳам гирифтааст. Аммо боз ҳам ба хотири чор фарзанд ва зиндагии минбаъда аз ин раъяш баргашт.


«Нофаҳмӣ дар оилаи ман аз ҳамон лаҳзае шурӯъ шуд, ки ман ба кор баромадам. Шавҳарам бо рашки беасосаш доим ба ман дармеафтод. Вақте аз кор ба хона меомадам, маро бо қаҳр ва задан пешвоз мегирифт. Ин ҳолатро кӯдаконам медиданд. Ин ҳолат маро то ҳадде хаста кард, ки маҷбур шудам аз кор бароям. Чун фикр кардам агар чунин вазъият идома ёбад, ба рӯҳия ва тарбияи кӯдаконам таъсир мерасонад. Ҷудо шудан аз шавҳар бо чор фарзанд ва зиндаятим кардани онҳо бароям роҳи ҳал набуд ва ман роҳи ҳалро дар аз кор баромадан дидам».

Ин мусоҳиби мо мегӯяд, бо хонашин шуданаш, муносибати шавҳараш беҳтар шуд, аммо вазъи иқтисодии хонавода баръакс бадтар гашт. Дар ҳоле, ки мегӯяд Рамзия, дар ширкате, ки ӯ чун тарҷумон кор мекард, маошаш аз музди шавҳараш чанд баробар бештар буд.

Зумрад Солеҳова.

Зумрад Солеҳова, як масъули вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар миёни занҳое, ки аз сӯи шавҳарон озор мебинанд ва ба нозирони ҷилавгирӣ аз хушунат дар оила муроҷиат мекунанд, занҳои соҳибмаълумот бисёранд. Ӯ гуфт, ки дар чаҳор соли ахир 925 нафар бинобар латту кӯби ҳамсарони худ муҷозот шудаанд.

Аммо Сураё Шуҷоат, рӯзноманигор ва коршиноси масоили иҷтимоӣ мегӯяд, занони тоҷик танҳо дар ҳолате даҳон ба шикоят боз мекунанд, ки хушунат ба нуқтаи охираш мерасад. Аз нигоҳи ин таҳлилгар, ҷомеи суннатии тоҷик занеро, ки барои кӯмак ба милиса ва барои додхоҳӣ ба додгоҳ муроҷиат мекунад, қабул надорад. Аз ин хотир, занон низ пойбанди масали «дуди хонаро бояд равзани хона донад» мемонанд ва озору латту кӯби ҳамсарони худро таҳаммул мекунанд.

Хонум Сураё роҳи дигари ҳалли ин мушкилро пешниҳод дорад. Ӯ мегӯяд, «дар даврони Шуравӣ як иқдоми хеле хуб буд: баҳсҳои оилавӣ, ки аз хушунати хонаводагӣ сар мезад, қариб ки ба судҳо намерафт. Онро нозирони минтақавӣ бо раисони ва фаъолони маҳалла ҳал мекарданд. Нозирони минтақавиро мардум зиёд эҳтиром мекарданд, чун онҳо бо мардум хеле наздик буданд. Ҳоло ҳамин муносибати мардум бо нозирон дар ҳоли пешин нест. Мардум ба онҳо эътимод надоранд ва нозирон низ аз мардум дур шудаанд. Ва фикр мекунам агар ба ҳангоми чунин мушкилот ба нозирони минтақавӣ муроҷиат кунанд, на сих месӯзад, на кабоб. Яъне на мардон нороҳат мешаванд, на занон сарсон», гуфт ӯ.

Тибқи омори Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, бо гузашти як сол аз қабули қонуни «Ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ» дар пайи рейдҳои кормандони милиса 900 хонаводаи хушунатзада муайян шудааст. Гузашта аз ин, тайи се соли ахир ба нозирони ҷилавгирӣ аз хушунат дар оила 1600 нафар муроҷиат кардаанд, ки аксарият занон будаанд.

Масъалаи хушунати хонаводагиро аз забони бонувон дар навори зер бубинед.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хушунати хонаводагӣ дар оилаҳои тоҷик