Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки агар дар гузашта аз сад аризаи шикоятӣ оиди хушунати хонаводагӣ як ариза аз номи мард ворид мешуд, ҳоло шумори аризаи шикоятии мардҳо ба 10 расидааст. То чанд соли пеш ҷомеаи Тоҷикистон занҳоро аз хушунати хонаводагӣ ҳимоят мекард.
Омбудсмен, ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо таассуф аз ин вазъ мегӯяд, ки талабҳои берун аз тавони мард ва интизороти аз ҳад беши ҳамсар дар аксар ҳолат, мардҳоро таҳти фишори равонӣ қарор медиҳад ва аз зиндагӣ дилсард мекунад. Аммо коршиносон мегӯянд, мушкил дар баъзе қоидаҳои ҷомеаи суннатии мо аст, ки барои хушунати мардон замина мегузорад.
“Аз ман зиндагии “шоҳона” талаб мекунад”
Акбарҷон Қодиров, як сокини 44-солаи шаҳри Душанбе аз ҷумлаи мардҳоест, ки ба гуфтаи худаш, таҳти фишори аз ҳад беши ҳамсараш қарор гирифта ва оилааш дар садади фурӯпошӣ аст. Акбарҷон маълумоти олӣ дорад ва дар яке аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон кор мекунад. Маошаш каме бештар аз 100 доллар аст. Ӯ мегӯяд, бо ин ҳол ҳамсараш аз ӯ зиндагии шоҳона талаб мекунад.
Коршиносон мегӯянд, дар шароити иқтисодии Тоҷикистон, ки аксар мардон шуғли сердаромад надоранд, талабҳои зиёди занон мушкили мардонро зиёд мекунад.
"Ҳамсарам маро бисёр озор медиҳад, гапҳои пасту баланд мезанад. Ӯ мегӯяд, ки мехоҳад шавҳараш пулдор бошад, вазифаи баланд дошта бошад, то ҳар рӯз ӯро бо мошин ба тамошо барад. Ман ба ӯ мегӯям, ки Худо ҳамаро ғанӣ намекунад. Дар назди бародар ва хонаводааш низ нисбати ман гапҳои пасту баланд мезанад. Ин ҳолат маро хеле афсурдаҳол кардааст”,- мегӯяд Акбарҷон Қодиров.
Қаҳрамони қиссаи мо бештар аз ин норозӣ аст, ки чунин таънаҳоро аз ҳамсари таҳсилкарда мешунавад. Ҳатто машварати масъулони Кумитаи занон низ ба гуфтаи Қодиров, ба ҳамсари ӯ таъсир накард. Ҳоло ӯ маҷбур аст бо чаҳор кӯдак аз ҳамсараш талоқ бигирад. Талошҳои мо барои сӯҳбат бо ҳамсари Акбарҷон бенатиҷа буд. Ӯ нахост дар ин бора сӯҳбат кунад.
“Пойро берун аз кӯрпача дароз мекунанд”
Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, хушунат нисбати мардон дар он ҳолатҳое сурат мегирад, ки онҳо наметавонанд талабҳои молии ҳамсарони худро бароварда созанд.
Оқои Ализода, ки рӯзи 3 август дар Душанбе бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, омори мушаххаси хушунати хонаводагӣ алайҳи мардҳо вуҷуд надорад, зеро онҳо аз ифшои ин воқеият, ки аз дасти ҳамсарони худ ҷабр мекашанд, худдорӣ мекунанд. Аммо он шикоятҳое, ки то мақомот мерасанд, баёнгари зуҳури тамоюл аст. Ба қавли ҷаноби Ализода, имрӯз талабот нисбат ба имконият зиёд аст.
"Мо ҳамаи занҳоро гунаҳкор карданӣ нестем, аммо ҳастанд оилаҳое, ки мардро маҷбур мекунанд, ки чаро ин одам инхел кард ту инро карда наметавонӣ. Сабабаш талаботу имконият аст. Пойро баробари кӯрпа дароз кардан лозим аст. Қонун ин фишорҳоро -- хушунат нисбати мард мешуморад,”-афзуд Зариф Ализода.
Тоҷикистон саноати рушдкарда надорад ва ба бекории густарда рӯ ба рӯ аст. Ҳудуди 1 миллион шаҳрванди ин кишвар рисқу рӯзии худро дар давлатҳои дигар, асосан Русия ҷустуҷӯ мекунанд. Маоши миёна дар Тоҷикистон 120 доллар, вале нархи маҳсулот баробар ба кишварҳои пешрафтаи Аврупо аст.
Зариф Ализода эътироф кард, ки давои ин падида, беҳ шудани шароити иқтисодӣ аст. Бояд нахуст шароити ҷомеа беҳтар шавад, то ҳама тавонанд зиндагии худро таъмин кунанд.
Коршиносон ва равоншиносон мегӯянд, дар аксар ҳолатҳо хушунат нисбати мардҳо пӯшида мемонад. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатҳои мо, дар ҷомеаи суннатгарои тоҷик, мардҳо далоили мавҷуд будани хушунатро пинҳон медоранд. Исфандиёр Ҳаитов, як муҳаққиқи тоҷик мегӯяд, мардҳо дар аксар ҳолат фишор аз ҷониби занонро ошкор намекунанд.
"Мард сардори оила аст, ӯ наметавонад ин масъаларо ҳатто бо созмонҳои зиддихушунат дар миён гузорад. Чаро? Барои онки дар ҷомеаи мо ҳоло расм нашудааст, ки мардҳо аз болои ҳамсаронашон шикоят кунанд. Онҳо ғаму андӯҳи худро пинҳон мекунанд ва дар баъзе мавридҳо аз зиндагӣ даст мекашанд",-м егӯяд Исфандиёр Ҳайитов.
Равоншиносон мегӯянд, дар ҷомеаи мардсолори Тоҷикистон агар мард бигӯяд, ки аз ҷониби занаш хушунат мебинанд, гумон мекунад, ки нуфузаш коҳиш меёбад.
“Мо барои рӯзгор талаб мекунем”
Занони тоҷик мегӯянд, дар ҳеҷ сурат намехоҳанд ба ҷони ҳамсарони худ ҷабр кунанд ва талабҳои онҳо аксаран ба хотири хароҷоти рӯзгор аст. Ҳамсӯҳбатҳои мо дар кӯчаҳои Душанбе далел пеш оварданд, ки агар ҳалли мушкили рӯзгорро аз шавҳарони худ талаб накунанд, пас аз кӣ талаб кунанд?
Дилбар Одиназода, як ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, "ҳозир шароит мушкил шудааст. Чӣ кор кунем, худамон рафта кор кунем? Ин талаботи оила аст. Занон вақте аз шавҳари худ талаб накунанд, пас аз кӣ талаб кунанд? Мо талаб мекунем, мардон ҳар қадаре зӯрашон расад, онро иҷро мекунанд."
Равоншиносон мегӯянд, ин масъала боз ҳам ба қонунҳои нонавиштаи ҷомеаи мо бармехӯрад, ки мардон вазифадоранд, оиларо аз ҳама ҷиҳат таъмин кунанд.
"Хушунатҳо барои муноқишаҳои оилавӣ замина мегузорад"
Дар Тоҷикистон созмони вижае вуҷуд надорад, ки аз ҳуқуқи поймолшудаи мардҳо ҳимоя кунанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, қонунҳои зиддихушунат ба марду зан баробар пахш мешавад. Мардҳо маъмулан бари латукӯби ҳамсарон ба додгоҳ кашида мешаванд. Аммо то ҳол ҳеҷ зане барои азияти ҳамсар муҷозот нашудааст.
Ба созмони иҷтимоии “Маркази боварӣ ба фардо” ҳар моҳ то 100 нафар аз хушунати хонаводагӣ шикоят мекунанд, ки аз миёни онҳо то 10 нафар мардҳоянд. Масъулони созмон мегӯянд, шумори муроҷиати мардон аз хушунати хонаводагӣ дар солҳои ахир зиёд шуд. Пештар дар ду-се моҳ як мард муроҷиат мекард.
Шамъигул Аминова, равоншиноси созмони “Маркази боварӣ ба фардо” мегӯяд, "зиндагӣ мушкилиҳои зиёд дорад ва барои як мард таъмини молии 5-6 нафар бисёр мушкил аст. Аз ин рӯ, мардҳое ҳастанд, ки воқеан дар зиндагӣ заиф ҳастанд. Занҳо дар ин ҳолат ба ҷои онки мардҳоро дарк кунанд, даст ба хушунат мезананд. Хушунатҳои равонӣ ва иқтисодӣ барои муноқишаҳои оилавӣ замина мегузорад. Масалан, чанд рӯз қабл як мард омад, ки соҳиби панҷ фарзанд аст, аммо занаш бо сабаби онки шавҳараш ӯро аз ҷиҳати молиявӣ таъмин карда наметавонад, мехоҳад ҷудо шавад."
Шамъигул Аминова мегӯяд, бӯҳрони иқтисодӣ ва камсаводии занон аз омилҳои аслии мавриди хушунати хонаводагӣ қарор гирифтани мардҳо аст. Бекории занон низ ба қавли ин равоншинос, хушунати хонаводагиро боло мебарад.
Коршиносон мегӯянд, дар шароити иқтисодии Тоҷикистон, ки аксар мардон шуғли сердаромад надоранд, талабҳои зиёди занон мушкили мардонро зиёд мекунад. Беҳтар аст, мегӯянд таҳлилгарон, занон бояд баъзе суннатҳои ҷомеаро шикаста худ низ дар таъмини рӯзгор кӯмакрасони шавҳар бошанд.