Рейди нерӯҳои ҳарбӣ ба як минтақаи мазҳабгарои Фарғона

Нерӯҳои амниятии Узбакистон якҷо бо ҳарбиёни ин кишвар дар маркази ноҳияи Олтиариқ ва деҳаи Полосони наздикии он рейд гузаронданд ва зиёда аз 40 нафарро ба ҳабс гирифтанд.

Манбаъҳои ғарирасмии Бахши узбакии Радиои Озодӣ хабар медиҳанд, ки нерӯҳои давлатӣ дар ин амалиёт дар маркази вилояти Олтиариқ ва деҳаи Полосони водии Фарғона аз зиреҳпӯшҳои ҳарбӣ истифода кардаанд. Ба гуфтаи онҳо амалиёт рӯзи 15 ва 16-уми май ҷараён гирифта, аксари боздоштшудаҳо баъд аз бозпурсӣ раҳо гаштаанд. Мақомоти ноҳия вуруди нерӯҳои ҳарбиро ба манотиқи аҳолинишин тамрини низомӣ ба муносибати даҳумин солгарди рӯйдодҳои Андиҷон унвон кардаанд.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ даҳҳо сарбози мусаллаҳ ва се зиреҳпӯш деҳаи Полосонро ба муҳосира гирифта, наздитк ба 10 нафари мулкипӯш онҳоро ҳамроҳӣ мекардаанд. Мусоҳибони Радиои Озодӣ, ки ба хотири амнияти хеш аз гуфт ани номашон худдорӣ мекарданд, мегӯянд, ҳарбиён ба хонаи чанде аз аҳоли маҳаллӣ низ ворид шудаанд. Яке азӯ онҳо гуфт:

«Ба хонаи мо ҳам даромаданд. Ман дар коргоҳ будам. Инҳо маъмурони умури дохилӣ ва амният будаанд. Хонаро кофтуков кардаанд, баъд чаро ин занон рӯймол доранд, гуфта, ба сари онҳо фарёд задаанд. Ин ҳодиса рӯзи 16 май шудааст. Рӯзи дигараш шунидем, ки 4 нафари диндорро бурдаанд. Ман як БТР-ро дидам, ки рӯзи дароз дар назди сухтфурӯшии «Пӯлодобод» истода буд. Яктои дигарро дар роҳи Олтиариқ-Марғелон дидам,» -- мегӯяд як сокини Полосон, ки хост номаш ифшо нашавад.

Сокини Олтиариқ, ки низ нахост номаш зикр гардад, аз вуруди техникаи ҳарбӣ ба маркази шаҳр дар рӯзи 16-уми май чунин ҳикоят кард:

«Сари роҳи Олтиариқ-Марғелон мошини калони ҷангӣ истода буд. Ба фикрам, БТР ва дар наздаш ҳарбиёни мусаллаҳ низ истода буданд. Барои чӣ омадаанд, намедонам. Тарсидам, ки чизе аз онҳо пурсам. Бозориҳоямро кардаму рафтам. Баъд шунидам, ки кофтуковҳо шудааст. Аммо киро мекофтанд ва чаро, намедонам.»

Шоҳиди дигари ҳодисаҳои 15 ва 16 май дар Олтиариқ мегӯяд, кормандони умури дохилӣ якҷо бо ҳарбиён афроди муайянеро меҷустанд, вале намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ ба ӯ гуфтаанд, ки дар вилоят машқи ҳарбӣ ҷараён дорад. «Магар дар машқи ҳарбӣ одамонро ба ҳабс мегиранд? Ҳама ба ваҳм афтодаанд,» -- мегӯяд ин сокини Олтиариқ.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, дар ин минтақа қуюди шабгардӣ эълон шудааст, аммо намояндагони ҳокимият ин овозаҳоро рад мекунанд. Мақомоти расмӣ умуман аз шарҳи ин рӯйдодҳо худдорӣ мекунанд, вале як корманди ҳукумати ноҳияи Олтиариқ гуфтааст:

«Ба муносибати 10-солагии ҳодисаҳои Андиҷон машқҳои ҳарбӣ баргузор гардид. Ҳар сол дар яке аз ноҳияҳои вилоят ҳамин гуна тамринҳо ҷараён мегиранд. Ягон хел рейд нест ва ягон кас ҳам боздошт нашудааст. Ман ҳамчун як корманди одии ҳукумат ҳамин қадар медонам. Дигарашро аз калонҳо пурсед,» -- гуфтааст ӯ ба хабарнигори Бахши узбакии Радиои Озодӣ.

Аммо бархе аз сокинони маҳаллӣ бар инанд, ки мақсад аз ин амалиёт боздошти бархе аз фаъолони созмонҳои дини ифротгаро буд. Дар ин авохир наздик ба 20 сокини ин минтақа бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи «Ҳизби таҳрир» боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Ҳамчунин рӯзи 13 апрели соли равон 8 шахси мазҳабӣ дар деҳаи Ҳамзаи ноҳияи Олтиариқ аз тарафи кормандони Хадамоти амнияти миллии Узбакистон боздошт шуда, парвандаи онҳо ба додгоҳ ирсол гаштааст.

Пеш аз ин, рӯзи 6 апрел Додгоҳи вилояти Фарғона 13 сокини Олтиариқ, аз ҷумла 1 занро бо иттиҳоми узвият дар «Ҳизби таҳрир» ба мӯҳлатҳои аз 6 то 10 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Хабаргузории РИА-Новости ба нақл аз Додситонии кулли Узбакистон иттилоъ дода буд, ки ин шаҳрвандон барои таблиғи ғояҳои тундгароёна ва террористӣ маҳкум шудаанд. Ҳамзамон ин манбаъ гуфтааст, 12 тан аз маҳкумшудагон «омӯзиши махсус» гирифтаанд, аммо шарҳ дода нашуд, ки чӣ омӯзиш ва дар куҷо.