Исми Радио Свобода ба феҳрасти «агентҳои хориҷӣ» шомил шуд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вазорати адлияи Русия феҳрасти расонаҳои хабариеро нашр кард, ки ба онҳо мақоми «агенти хориҷӣ» насб шудааст. Ба ин феҳраст «Садои Амрико», Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, барномаҳои вижаи Радиои Озодӣ бо номи "Фактограф" ва "Сибирь.Реалии", шабакаи телевизионии "Настоящее время", Бахши Тоторию Бошқирдии Радиои Озодӣ (AzatliqRadiosi), барномаҳои "Idel.Реалии", "Кавказ.Реалии", "Крым.Реалии" шомил шуданд.