Сӯҳбати видеоӣ: Танқиди СММ аз Тоҷикистон беасос набуд

Радиои Озодӣ дар як мизигирди видеоӣ натиҷаҳои баррасии гузориши дувуми давлати Тоҷикистон ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ-ро ба баҳс кашид.
Устодони илми ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназарова ва Шокирҷон Ҳакимов дар сари мизигирди Радиои Озодӣ иброз доштанд, ки агар ҳукумати Тоҷикистон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкории амиқтаре раҳандозӣ мекард, бисёре аз масъалаҳое, ки рӯзҳои 9-19 июл дар ҷаласаи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар Женева матраҳ шуданд, қабл аз ин ҷаласа ҳаллу фасл мешуданд. Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин иҷлоси ахираш хост, то таҳқиқи амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ, ҳабси Зайд Саидов, манъи фаъолияти созмони ғайридавлатии "Ампаро" ва "Аксент", ҳамчунон мушкили сабти номи иттиҳодияҳои динӣ ва таъқиби нашрияҳову хабарнигорони мустақил ва чандин масъалаи дигарро шарҳ диҳад.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сӯҳбати видеоӣ: Танқиди СММ аз Тоҷикистон беасос набуд



Сабти ин мизигирди видеоӣ дар сомонаи Youtube низ қобили тамошост: