2 ВИДЕОи боздошти 2 тоҷик бо 174 кило ҳероин дар Домодедово

Яке аз тоҷикҳои дастгиршуда бо 174 кило ҳероин. Акс аз 360tv

Раҳбари ФСКН бо интиқод аз тартиби содаи ироаи шаҳрвандии Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтааст, ки Маскав "дарвозаҳояшро ба рӯи ҳероин боз мекунад." Дар Интернет навори боздошти ду посбони тоҷики бозигари собиқи КВН бо 174 кило ҳероин нашр шуд.

Виктор Иванов, раҳбари ФСКН - Хадамоти федеролии мубориза бо маводи мухаддири Русия – дар пайи боздошти якбора 174 кило ҳероин аз кӯшке дар канори Маскав гуфтааст, сода кардани тартиби додани шаҳрвандонии Русия ба атбоъи кишварҳое, чун Тоҷикистон, кори тоҷирони маводи мухаддирро осонтар карда, амалан “дарвозаҳои Русияро ба рӯи ҳероин боз мекунад.”

Виктор Иванов, ки рӯзи 31 октябр дар як нишасти хабарии бахшида ба боздошти 174 кило ҳероин аз манзили бозигари собиқи КВН аз дастаи “Бачаҳои Боку” (“Парни из Баку”) Илгар Имонов дар марҳалаи ниҳоии амалиёти вижае бо номи “Дудӣ” гуфт, посбони ин манзил зода Тоҷикистон буда, маҳз бо “шарофат”-и чунин тартиби сода соҳиби шаҳрвандии Русия шуда, посбони дуюми боздоштшуда, низ аз Тоҷикистон, ҳамчунин мехост бо чунин роҳ ба зудӣ шаҳрвандӣ бигирад.

Виктор Иванов гуфт: “Дуюмаш, ки ҳанӯз шаҳрвандӣ нагирифта буд, дар ҳолати мастии сахт аз маводи мухаддир қарор дошт. Тамоми баданаш сӯзанзада буд, вале боз ҳам ба ҳайси посбони яке аз моликони ин манзил хидмат мекард.”

Раҳбари ФСКН дар ин нишаст танҳо бо интиқод аз тартиби содаи ироаи шаҳрвандии Русия иктифо кард, вале аз суханони ӯ бармеомад, ки ироаи шаҳрвандӣ ба кишварҳои, ба назари генерал Иванов, “машкук”, ба мисли Тоҷикистон, аз ҷумлаи омилҳоест, ки гӯё ба афзоиши қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба бозори сиёҳи Русия роҳ, ё ба таъбири Виктор Иванов, ҳатто “дарвозаҳои Русияро мекушояд.”

Аммо тавре ба назар мерасад, масъулияти қочоқи ин миқдори бузурги маводи мухаддир асосан ба дӯши посбонҳои манзили бозигари собиқи КВН хоҳад уфтод. Расонаҳои Русия видеои боздошти ин ду посбон бо 174 кило ҳероинро нашр кардаанд:

Худи Илгар Имонов дар ҳоли ҳозир дар Туркия қарор доштааст ва ба гуфтаи мақомот, дар ин қазия дар ҳоли ҳозир танҳо ҳамчун шоҳид мегузарад. ФСК дар ҳар сурат, гуфтааст, ки Имонов дар тиҷорати ин ҳероин даст надошт. Феълан бо иртикоби даст доштан дар қочоқи 174 кило ҳероин ду посбони манзили Илгар Имонов дар ноҳияи Домодедовои вилояти Маскав дастгир шудаанд.

Номи боздоштшудаҳо ҳанӯз расман нашр нашудааст, вале аз як видеои нашркардаи шабакаи телевизионии 360tv.ru бармеояд, ки исми якеи онҳо Умедҷон Маликович Насимов ва санаи таваллудаш 4 марти соли 1983 мебошад.

http://360tv.ru/news/fskn-ustanovil-marshrut-narkotrafika-6719

Ба ҳисоби Виктор Иванов, ҳар рӯз мӯътодони маводи мухаддир дар Русия аз тоҷирони ин “марги сафед”-у “марги сиёҳ” (номҳои дигари ҳероину афюн - ду навъи асосии маводи мухаддири сохти Афғонистон) ба маблағи 4,5 миллиард рубл (муодили 110 миллион доллар) маводи мухаддир мехаранд: “Дар як сол ин баробари якуним триллион рубл( қариб 40 миллиард доллар – Озодӣ) мешавад, ки ин назар ба буҷаи вазорати дифои Русия якуним маротиба бештар аст. Агар риштаи ҷиноиро бигирем, ин ришта беҳтар аз ҳама маблағгузорӣ мешавад. Хеле беҳтар аз вазорати дифоъ, вазорати умури дохила ва дигар вазоратхонаҳо.”

174 кило ҳероин чунин ҷобаҷо шуда буд

Мақомоти Русия мегӯянд, амалиёти “Дудӣ” ду сол давом карда, дар натиҷаи он дар ин кишвар беш аз 410 кило ҳероин кашф ва мусодира шудааст. “Дудӣ” – дар жаргони ба истилоҳ наркобаронҳо номи як навъи начандон тоза ва ба ин далел аз нигоҳи таъсираш ба истеъмолкунанда сабуктари ҳероин аст. Ҳероини “дудӣ” назар ба навъҳои сифаташон баландтари ҳероин дар бозори сиёҳ арзонтар хариду фурӯш мешавад. Аммо бахши аъзами мӯътодон дар Русия ва кишварҳои дигар, ки аз қишрҳои камбизоатанд, ба далели арзонтар буданаш асосан аз ҳамин навъи ҳероин харидорӣ мекунанд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон – тавлидкунандаи асосии афюну ҳероин – 1370 километр марзи мустақим дорад, тақрибан аз миёнаи солҳои 90 ба ин сӯ, ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” ба бозорҳои сиёҳи Қазоқистону Русия табдил ёфтааст. Бино ба ҳисобҳо, аз тақрибан 5 000 шаҳрванд ё зодаи Тоҷикистон, ки дар Русия зиндонӣ шудаанд, беш аз нисфаш бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир пушти панҷара рафтаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз соли 1995 ба ин тараф, яъне дар қариб 20 соли охир дар худи ин кишвар низ беш аз 100 тонна маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст. Аммо коршиносони умури мубориза бо қочоқи маводи мухаддир мегӯянд, маъмулан мақомот танҳо то 10 дарсади маводи мухаддирро метавонанд аз гардиши ғайриқонунӣ боздоранд. Боқимондаи он аз “тӯр”-и мақомоти тоҷик низ гузашта, “сайр”-ашро ба сӯи бозорҳои сиёҳи Русияву кишварҳои дигар идома медиҳад.