ВИДЕО: Бадрафтории пулис бо шаҳрванди тоҷик дар метрои Маскав

Дар Интернет навори видеои бадрафтории як маъмури пулиси Русия нисбат ба як шаҳрванди Тоҷикистон нашр шудааст. Ин ҷавонро танҳо барои бебилет буданаш дар метрои Маскав завлона задаанд.

Дар шабакаи Ютюб навори видеоии боздошти як шаҳрванди Тоҷикистн аз сӯи пулис дар метрои Маскав нашр шудааст. Дар ин навор дида мешавад, ки чигуна маъмури пулис як шаҳрванди зоҳиран зодаи Тоҷикистонро ба замин афтонда, ба дастонаш завлона мезанад.

Ношири ин видео Rizvan Shoiskandarov дар шарҳи ин видео навиштааст, ки “тибқи қонун барои бебилет даромадан ба метро танҳо бояд ҷарима банданд, вале ин “рафиқ пулис” аввал шаҳрванди Тоҷикистонро латукӯб карда, сипас ӯро ба гунаи шадиде ҳамчун як ҷинояткори хафвнок дастгир кард.”

Дар ҷараёни навор дида мешавад, ки наворбардорон, ки аз лаҳни сӯҳбаташон зоҳиран зодагони Бадахшони Тоҷикистонанд, бо маъмури пулис вориди баҳси лафзӣ мешаванд, ки чаро ин нафарро танҳо барои бебилет буданаш завлона задааст? Ва чаро худро муаррифӣ намекунад?

Ин видеоро метавонед инҷо тамошо кунед: