Ҳушдори Хайрулло Назаров ба "Абӯхолиди Кӯлобӣ" (ВИДЕО)

Хайрулло Назаров

Дар як навор бародари Нусрат Назаров, мулаққаб ба “Абӯхолиди Кӯлобӣ” аз ӯ хостааст, ҳамсару фарзандонашро соҳибӣ кунад. Ӯ мегӯяд, вагарна оилааш ҳамсари нав мегираду Холид - падари нав.

Хайрулло Назаров, бародари Нусрат Назаров, маъруф бо лақаби “Абӯхолиди Кӯлобӣ”, ки худро раҳбари ҷангиёни тоҷик дар Сурияву Ироқ меномад, аз ӯ хостааст, ё оромиро пеша кунад ё ба Тоҷикистон баргардад ва ҳамсару се фарзандашро соҳибӣ намояд. Дар ин навори панҷдақиқаӣ, ки тоза ба Ютуб роҳ ёфтааст, Назаров хитоб ба “Абӯхолид” мегӯяд, дар сурати барнагаштанаш ҳамсари ӯ оилаи нав барпо мекунаду писараш, яъне Холид, соҳиби падари нав мегардад.

“Занат мегӯяд, шавҳар мекунад. Худат гуфтаӣ, ки шавҳар кун. Кӯдаконат дар дасти марди дигар. Ин ба ту мефорад? Ӯ як шатта зада пеш мекунад”,-мегӯяд Хайрулло Назаров. Вай меафзояд, “ту падари Холидӣ? Холидро падарӣ накардӣ-ку? Боз худатро “Абӯхолид” ном мондаӣ. Ӯро дигар кас мегирад. Ба кӣ партофта рафтӣ? Холид гурусна аст, “Абӯхолид.”

Ҳарчанд макони сабт ва тавассути кӣ роҳ ёфтани навор ба шабакаҳои иҷтимоӣ мушаххас нест, аммо дар ин видео бародари Нусрат Назаров ӯро ба хиёнат ба хонавода ва дини мубини ислом ҳам муттаҳам мекунад. Ӯ мегӯяд, “ин хиёнат мешавад. Ба ҳамаи мо хиёнат мекунӣ.”

Дар ин видео аз таҳдиди “Абӯхолидӣ Кӯлобӣ” ба Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи мустақили “Пайк” дар шаҳри Кӯлоб низ сӯҳбат шудааст. Хайрулло Назаров мегӯяд, сӯҳбати бародараш бо Аҳмади Иброҳимро шунида, як бори дигар муътақид шудааст, ки ӯву ҳамсангаронаш барои бадном кардани дини мубини ислом дар ҷаҳон хидмати хирсона мекунанд. “Ман гӯш кардам, суханҳои ту маъно надорад. Худатро сиёҳ кардаӣ, боз дигаронро ҳам сиёҳ мекунӣ. Одам мекушед, бегуноҳ одам мекушед. Ин кор ба ислом рост намегирад. Дар

Ҳамсару фарзандони Нусрат Назаров, маъруф бо лақаби "Абӯхолид"

куҷо паёмбар одамонро “заложник” гирфиту паронд? Шумо одамонро ҷамъ карда мепаронед. Шумо бо ин коратон на ба дини ислом, на масеҳӣ ва яҳудӣ рост намегиред. Агар паёмбар зинда мебуд, аз Шумо розӣ намешуд. Шумо исломро хор мекунед. Ҳоло Аврупо ҳама зидди ислом хестааст. Шумо исломро боз ба сад соли дигар ба қафо мепартоед”,-таъкид доштааст ӯ.

Ин сокини шаҳри Кӯлоб, ки чанд сол боз бо мусофиркашонӣ рисқу рӯзияшро пайдо карда, саробонии ҳамсару фарзандони Нусрат Назаровро ҳам бар дӯш дорад, мегӯяд, “Тоҷикистон ҳоло пешрафт карда аз воҳимаи ҷангиён наметарсад”. “Тоҷикистон соҳиб дорад. Сурия агар бесоҳиб бошад, майлаш. Лекин дар ин ҷо воҳима накунед”,-хулоса мекунад ӯ.

Нусрат Назаров, сокини маҳаллаи Чармгарони Кӯлоб, соли 1976 таваллуд шуда, бино ба эътирофи худаш дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунад, якуним соли пеш аз тариқи Русия ва Туркия вориди Сурия шудааст. Ӯ, ки бо лақабҳои "Махсуми Нусрат", "Абӯхолиди Кӯлобӣ" ва "Фурқон дар Фаластин" маъруф аст, зоҳиран дар Сурия гурӯҳи тоҷиконеро раҳбарӣ мекунад, ки алайҳи режими Башор Асад ҳамроҳ бо дигар гурӯҳҳои таҳти фармони “Давлати исломӣ” меҷанганд.

Нусрат Назаров

Ба мисли ӯ, бар асоси иттилои расмӣ, ҳоло 300 ҷавони тоҷик ва аммо бар асоси даъвои худи ҷангиён то 1000 нафар дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок доранд. То имрӯз дар бораи ҳалокати то 50 нафар аз Тоҷикистон дар Ховари Миёна гузориш шудааст. Аммо барои нахустин бор буд, ки Абӯхолиди Кӯлобӣ ба унвони ҷангии тоҷик дар Сурия аз навиштаи матбуоти Тоҷикистон ба ғазаб омада, рӯзноманигоронро таҳдид кард ва гуфт, ҳатман “гонорар”-и ин навиштаҳояшонро “пардохт” хоҳад кард.

Аз ин пештар як гуруҳ аз ҷангиёни тоҷик дар Ироқ бо нашри наворе гуфтанд, барои "ҷиҳод" дар Тоҷикистон аз Абубакри Бағдодӣ - раҳбари худхондаи "Давлати Исломӣ" иҷоза хостаанд. Ин даъвати ҷангиён бо вокунишҳои зиёд дар Тоҷикистон рӯбарӯ шуд ва Маркази исломӣ ҳам бо пахши баёнияе ин иддаои "ҷиҳод"-ро бепоя донист. Раҳбарони Марказ дар баёнияи худ ин суолро пеш гузоштанд, ки "ҷиҳод дар Тоҷикистон алайҳи кӣ?"