Голи Ҷаҳонгир ба дарвозаи Қазоқистон

​Шоми 17-уми январ мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) дар нахустин бозиаш дар Ҷоми Иттиҳод-2015 дар Санкт-Петербурги Русия бар тими Қазоқистон бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд.

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) дар нахустин даври мусобиқаи XXIII-и байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015, ки 17-уми январ дар Маҷмааи варзишию фарҳангии “Петербургский”-и шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуд, мунтахаби Қазоқистонро бо ҳисоби 1-0 шикаст дод. Голро ҳамлагар - Ҷаҳонгир Эргашев, дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 51-ум ба ҳадаф расонд.

Маросими ифтитоҳи мусобиқа шаби 16-уми январ барпо гардид. Дар ин маросим Йозеф Блаттер, раиси ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол), ширкат кард ва дар доираи сафари худ ба Санкт-Петербург бо роҳбарони созмонҳои футболи миллӣ, аз он ҷумла Хуршед Мирзоев, муовини аввали раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, мулоқоти корӣ анҷом дод.

Рустами Эмомалӣ ҳамроҳ бо Йозеф Блаттер (Акс аз бойгонӣ)

Оқои Блаттер дар ин сӯҳбат аз Рустами Эмомалӣ – раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон барои таваҷҷуҳаш ба рушди футболи наврасону кӯдакон дар кишвар изҳори сипос кардааст. Ӯ гуфтааст, “ба Рустами Эмомалӣ саломи самимии маро расонед. Ман аз ӯ барои саҳмаш дар рушди футболи тоҷик миннатдорам. Аз он таваҷҷуҳе, ки Шумо барои рушди футболи ҷавонон зоҳир мекунед, бисёр шодам. Шумо роҳи дурусти рушди футболи кӯдакону ҷавононро пеш гирифтед.” Йозеф Блаттер итминон додааст, ки ФИФА минбаъд низ ба ФФТ ҷиҳати рушди футбол кумак хоҳад кард.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” рақобат мекунад. Футболбозони тоҷик бозии дувумашонро 18-уми январ бо мунтахаби Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва бозии севумашонро 20-уми январ бо дастаи Литва анҷом медиҳанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои Беларус, Туркманистон, Эстония, Финляндия ва ба гурӯҳи «В» тимҳои Молдова, Қирғизистон, Русия ва Латвия дохиланд.

Алишер Тухтаев, сармураббии мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21), пеш аз сафар ба Санкт-Петербург ба Радиои Озодӣ чунин гуфт: “Вазифаи аввалини мо роҳ ёфтан ба даври баъдии мусобиқа мебошад. Фикр мекунам, мо барои иҷрои ин вазифа қудрат дорем. Зеро ки аксарияти бозигарони мо аз ин пеш дар Ҷоми Иттиҳод ширкат карда, таҷрибаи хуб касб намудаанд. Дар мавриди иҷрои вазифаи аввал, мо дар бораи нақшаҳои баъдина суҳбат хоҳем кард.”

Ба ҳайати мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон 19 футболбоз дохил аст: дарвозабонҳо - Дилшод Дадобоев («Эсхата»), Эмомалӣ Сониев («Истиқлол»), ҳимоятгарон - Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»), Ойбек Абдуғаффоров (РТСУ), Саидхони Амрохон («Равшан»), Фирдавс Чақалов (ССКА «Помир»), Парвизҷон Ҳомидов («Хайр»), Дилшодҷон Каримов («Хуҷанд»), Бахтиёр Азимов («Энергетик»), нимҳимоятгарон - Ҷаҳонгир Алиев («Парвоз»), Вайсиддин Сафаров («Хуҷанд»), Фаридун Шарифов, Абдулло Саидов (ҳар ду аз ССКА «Помир»), Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»), Амирбек Ҷӯрабоев («Хайр»), ҳамлагарон - Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»), Фирӯз Раҳматов, Абдурасул Раҳмонов (ҳар ду аз «Регар-ТадАЗ»), Меҳроҷиддин Музаффаров («Хайр»).

Тақвими бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2015:

Гурӯҳи «А»: Беларус, Туркманистон, Эстония, Финляндия.

Гурӯҳи «В»: Молдова, Қирғизистон, Русия, Латвия.

Гурӯҳи «С»: ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ), Литва, Тоҷикистон, Қазоқистон.

16 январ (ҷумъа)

14:00 – Молдова – Қирғизистон -1-1

16:15 – Эстония – Финляндия– 1-2

18:30 – Беларус – Туркманистон -1-0

21:00 – Русия – Латвия – 1-0

17 январ (шанбе)

14:00 – ҶАҶ - Литва

16:15 – Тоҷикистон – Қазоқистон

18:30 – Финляндия – Туркманистон

21:00 – Эстония – Беларус

18 январ (якшанбе)

14:00 – Латвия – Қирғизистон

16:15 – Қазоқистон – Литва

18:30 – Тоҷикистон – ҶАҶ

21:00 – Русия – Молдова

19 январ (душанбе)

14:00 – Беларус – Финляндия

16:15 – Туркманистон – Эстония

18:30 – Молдова – Латвия

21:00 – Қирғизистон – Русия​

20 январ (сешанбе)

14:00 – ҶАҶ – Қазоқистон

16:15 – Литва – Тоҷикистон

21 январ (чоршанбе)

1/4 финал

14:00 – 1А – 3В/3С

16:15 – 2B – 2С

18:30 – 1С – 2А

21:00 – 1В – 3А/3С

22 январ (панҷшанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои за 9-12-ум

18:30 – 4А – 4С

21:00 – 4В – 3А/3В/3С

23 январ (ҷумъа)

14:00 – Бозӣ барои ҷойи 5-8-ум

16:15 – Бозӣ барои ҷойи 5-8-ум

18:30 – Нимфинал

21:00 – Нимфинал

24 январ (шанбе)

18:30 – Бозӣ барои ҷойи 11-ум

21:00 – Бозӣ барои ҷойи 9-ум

25 январ (якшанбе)

13:00 – Бозӣ барои ҷойи 7-ум

15:15 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум

17:30 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм

21:00 – Финал

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.