Эътилофи зидди шиканҷа достонҳои 14 қурбонии шиканҷаро дар маҷмӯаи “Тақдирҳои шикаста. Умрҳои рабуда” нашр кардааст, ки ҳар яки онҳо аз сарнавиштҳои фоҷеабор ва беҷавоб мондани омилони ин ҷиноятҳо қисса мекунад.
Як пой дар додгоҳу пойи дигар дар додситонӣ -- волидони Шамсиддин Зайдуллоев, яке аз қурбониёни ҷавони шиканҷа дар Тоҷикистон тақрибан ду сол боз талош доранд омилони марги писарашон муайян ва муҷозот шаванд. Марги нахустписар ва ноновари хона маҷрои зиндагии оилаи Зайнуллоевҳоро ба куллӣ тағйир дод. Падари ронанда ва модари ошпазаш дар ин як соли охир худ ҳуқушинос шуданд, аммо ҳанӯз ҳам натавонистанд аз ҳуқуқи поймолшудаи писари ҷавонмаргашон дифоъ кунанд.
Муборизаи онҳо ҳам аз рӯзе шурӯъ шуд, ки ҷасади сиёҳу кабудшудаи писари 25-солаашон аз сардхонаи Душанбе пайдо шуд. Ӯ панҷ рӯзи қабл аз марг аз сӯйи кормандони Оҷонсии зидди маводи мухаддир боздошт шуда буд. Саид Зайдуллоев, падари Шамсиддин мегӯяд, то ҳанӯз аз худу аз дигарон мепурсад, ки чаро писараш кушта шуд ва бо чӣ сабаб касе барои марги ӯ ҷавоб намегӯяд?
“Писари сиҳату солимамро, ки ронандаи таксӣ буд, рӯзи 8 апрел аввал дар дохили мошинаш назди хона латукӯб карданд ва баъдан 6 нафар ба хона омада ӯро бурданд. Гуфтанд, «ту гунаҳгорӣ ва бояд бо як нафар рӯ ба рӯ кунем». Рӯзи 13-ум хабар шудем, ки ӯро бурда дар сардхона партофтаанд. Ба мо гуфтанд, ки писаратон ба қочоқи маводи мухаддир машғул буд”. Волидони Шамсиддин Зайнуллоев аслан ин иттиҳомро қабул надоранд ва мегӯянд, писари онҳо қурбони шиканҷа шуд.
Масъулини Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар рӯзҳои аввали ин қазия гуфта буданд, ки Шамсиддин Зайдуллоев ба гумони паҳн ва фурӯши маводи мухаддир боздошт ва дар боздоштгоҳи муваққатии оҷонсӣ нигоҳдорӣ мешуд. Мақомот сабаби марги ӯро он замони хуруҷи мӯътодӣ ё “ломка” унвон карда буданд. Аммо волидон мегӯянд, Шамсиддин ҳеҷ рабте ба маводи мухаддир надошт: “Аввал гуфтанд "ломка" аст, баъд боз экспертиза карда гуфтанд, ки "пневмания" шудааст. Вале вақте ҷасадро гирифтем, дастҳояш кабуд, нохунҳо сиёҳ буд, пушташ ҳама пур аз захм.. Либосашро шуста баъд ба мо доданд, аммо доғи хун пурра дар либос ҳаст.”
Хоҳари Шамсиддин - Фотима мегӯяд, ки дар ин як солу ҳашт моҳи охир хонаашон ғамхона ва волидонаш ҳам якбора пиру бемор шуданд. Модари писаргумкарда ҳоло дар Маскав муолиҷа мегирад ва падар Шамсиддинро дар аксу хотираҳо ҷустуҷӯ мекунанд. Фотима аз бародараш чун як ҷавони оромтабиат ва меҳнатдуст ёд мекунад. Ӯ ният доштааст, ки бо дӯстдухтараш аз Бадахшон оила бунёд кунад ва барои ин шабу рӯз кор ва маблағ ҷамъ мекард. “Мактаби миёнаро хатм кард, донишгоҳ дохил шуд, шароит набуд, партофту рафт Маскав. Хеле кор кард, баъд омаду инҷо мусофиркашӣ мекард. Як соли ахир дар ширкати «Азиан экспресс» кор мекард. Ҷӯрабоз набуд. Мо аз ӯ дағалӣ ё дашном нашунидаем”,-мегӯяд Фотима.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Достони Шамсиддин Зайнуллоев дар қатори сарнавишти 13 қурбонии дигари шиканҷа дар китоби тозанашри “Тақдирҳои шикаста. Умрҳои рабуда” ҳам нақл шудааст. Ин китоб бори дигар таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба мавзӯи шиканҷа ва сарнавишти Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев, Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов ва дигарҳо, ки ҳар яке ба таври мармуз ва ба иддаои волидон дар пайи латукӯб дар боздошту маҳбас кушта шудаанд, ҷалб мекунад.
Шоира Давлатова, раҳбари гурӯҳи иттилоотии Эътилофи зидди шиканҷа дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “аз 14 сарнавиште, ки дар китоб оварда шудааст, ҳамагӣ ду нафараш ҳоло дар қайди ҳаётанд. Боқимонда ҳама фавтидаанд ва наздикони онҳо талош доранд адолатро барқарор кунанд ва нафароне, ки ҷиноят содир кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.”
Аммо бо гузашти аз 2 то 5 соли талошҳои аксари хонаводаҳои қурбониёни шиканҷа, онҳо ба ҳеҷ натиҷае нарасиданд. Бархе аз ин хонаводаҳо зиндагиро инҷо бе азизони худ бемаънӣ дониста ва дар хориҷ ба сар мебаранд.
Модари Хуршед Бобокалонов, саратоншиносе, ки дар 33-солагӣ ба иддаои модар дар натиҷаи лату кӯби бераҳмонаи кормандони милиса фавтид, ҳоло дар Маскав зиндагӣ дорад. Дар 4 соли талошҳо ӯ фақат ба он даст ёфт, ки чанд бор парвандаи шиканҷаи писараш аз сар гирифта шавад, аммо ҳар бор он барои ошкор нашудани тартиби ҷиноятӣ қатъ мегашт.
Гулчеҳра Холматова, вакили дифои ин хонавода мегӯяд, “соли 2014 мо ба Кумита оид ба ҳуқуқи инсони Созмони Милал шикояти инфиродӣ бурдем ва ҳоло ин парванда дар ин кумита қарор дорад. Мо то ба ҳол умедамонро накардаем ва модар ҳам мехоҳад то охир мубориза барад.”
Хешовандони қурбониҳои шиканҷа мегӯянд, то замоне, ки омилони марги фарзандону ҳамсаронашон муҷозот нашавад, вазъ ислоҳ намешавад ва ҳодисаҳои шиканҷаву марги боздоштшудаҳо такрор хоҳад шуд.
Саид Зайдуллоев, падари Шамсиддини таксирон, ки ба гуфтаи волидон дар Оҷонсии зидди маводи мухаддир кушта шуд, мегӯяд, «бо сад умед фарзанд калон кардем, ба ин ният, ки оянда дастгирамон шавад. Писари ман одамкуш набуд, террорист набуд, ки ба ин ҳол расониданд. Агар гуноҳ ҳам медошт, бояд ҷазо мегирифт, маҳбас мешуд, ислоҳ мешуд.”
То моҳи июни соли ҷорӣ Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷаи Тоҷикистон дар заминаи 37 ҳодисаи истифода аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва маҳбасҳои кишвар шикоят дарёфт кардааст, ки ин рақам дар муқоиса ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 1,5 баробар зиёд будааст.