Картошка - 3,40 сомонӣ. Баҳси нарх дар нишасти вазир. ВИДЕО

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, деҳқонони тоҷик дигар фоидаву зарари худро хуб медонанд ва маҳсулоти худро арзон намефурӯшанд. Ин ҳарфҳои масъулини вазорат дар ҳоле садо медиҳанд, ки ҳафтаҳои ахир нархи маҳсулоти асосии кишоварзӣ, аз ҷумла картошка дар бозорҳои пойтахт гарон шудааст. Аммо коршиносон камбуди маҳсулот дар бозорро аз омилҳои аслии қиммат шудани маҳсулот медонанд ва медонанд агар маҳсулот зиёд тавлид шавад нарх ҳам танзим хоҳанд шуд.

“Деҳқон ҳам одам аст, раҳми ӯро кӣ мехӯрад?”

Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон рӯзи 19-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, деҳқонони тоҷик дигар маҳсулоти худро аз арзиши аслиаш поён намефурӯшанд. Ба гуфтаи вазири кишоварзӣ,

Солҳои гузашта мафияи бозор ҳамин тавр кор мекард, ки худи деҳқонон ба зиёд кардани истеҳсоли картошка таваҷҷуҳ надоштанд. Роли мафияи бозор ҳам дар инҷо назаррас аст. Ҳ.Умаров

арзиши аслии 1 килограмм картошка 1.45-1.50 дирам мебошад, вале қиммати он дар бозори яклухтфурушӣ 3:40-3:50 дирам аст. Ҷаноби Сатторӣ афзуд, миёнаравҳо низ дар баланд будани нархҳои маҳсулот таъсир доранд, зеро онҳо сари ҳар килограм маҳсулот қариб як сомонӣ илова мекунанд.

Ӯ гуфт, "деҳқонон андоз месупоранд ва ба ин хотир онҳо мехоҳанд маҳсулоташонро аз арзишаш қиматар фурӯшанд. Имсол нақшаи кишти картошка барзиёд иҷро шуд. Давраи он гузашт, ки деҳқон маҳсулоташро аз арзиши аслӣ пастар мефурӯхт. Деҳқон ҳам одам аст, раҳми деҳқонро кӣ мехурад? Имрӯз деҳқон дар кишт ва фурӯши маҳсулот озод аст.”

Бо ин ҳама Иззатулло Сатторӣ ба суоли онки "кай маҳсулотҳои асосии кишоварзӣ дар бозор фаровон мешавад", дақиқан посух надод. Масъалаи баланд будани нарх дар бозор баҳси гармеро дар нишасти вазорати кишоварзӣ ба миён овард. Изатуло Сатторӣ гуфт, ҳоло 80% картошка дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ нашудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нархи картошка поин меравад?

Аксари оилаҳои Тоҷикистон, ки серфарзанд буда, даромади зиёд надоранд, бештар аз ду маҳсулот -- нону картошка истифода мебаранд. Картошка дар баробари нон хӯроки аслии хонаводаҳои тоҷик мебошад, ки 30 дарсадашон зери хати фақр ба сар бурда, рӯзона то 2 доллар масраф мекунанд . Ин ҳам дар ҳолест, ки нархи як килограм картошка дар бозорҳо қариб ба як доллар баробар шудааст.

“Имсол картошка аз 3 сомон поён намеравад”

Сокинони шаҳри Душанберо гарон шудани картошка дар ҳоле нигарон кардааст, ки картошкапарварон мегӯянд, то охири сол нарх эҳтимол аз 3,5-4 сомонӣ поён намеравад. Далер Сафаров, як картошкапарвар аз ноҳияи Лахш ё Ҷиргатоли собиқ мегӯяд, барои ҳар килограм ҳосили нарасида, аллакай 3 сомонӣ маблағ гирифтааст.

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, “ҳафтаи гузашта савдогарон аз Душанбе омада барои ҳар килограм ҳосил ба мо 3 сомонӣ пули нақд доданд ва тирамоҳ омада ҳосилро мебаранд. Дар Ҷиргатол ягон вақт картошкаро пешакӣ аз 1,5 сомонӣ зиёд намехариданд. Масалан, соли гузашта 1,20-1,5 сомонӣ маблағ дода буданд, имсол бошад 3 сомонӣ пул доданд . Акнун худатон аз ин хулоса бароред, ки нархи картошка имсол чӣ қадар мешавад.”

Далер мегӯяд, аз ҳосили 15 сотих заминаш ҳамасола 3,5-4 тонна ҳосил мегирад ва бахши асосии зиндагиаш аз ин ҳисоб таъмин мешавад. Ӯ мегӯяд, ба ҷуз аз қиммат шудани тухмӣ дигар хароҷотҳояшон мисли солҳои гузашта буд.

Харидорон мегӯянд, дар расонаҳои давлатӣ доимо аз фаровон истеҳсол шудани маҳсулоти кишоварзӣ мегӯянд, аммо онҳо дар бозор акси инро мебинанд.

“Куҷо меравад ҳамаи он картошкаву пиёзе, ки дар телевизионҳо нишон медиҳанд? Ман барои ин ҳайронам. Мегӯянд, ки арзон мешавад, кай арзон мешавад? Барои камбағал зӯраш меояд, ки як кило картошкаро 4 сомонӣ ва ё як кило пиёзро ба 3 сомон харидорӣ намояд,”-мегӯяд як сокини шаҳри Душанбе.

“Воридоти маҳсулотро зиёд кунед, нарх худаш танзим мешавад”

Коршиносон мегӯянд, омили аслии поён нарафтани нарх дар бозор ба камчини маҳсулот рабт дорад. Ба қавли Рустам Латифов, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва вакили порлумон, кам ворид шудани маҳсулот ба бозор, нархро боло бурд. Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон мегӯяд, дар навбати аввал бояд воридоти маҳсулот ба бозор танзим карда шавад. Зеро ба қавли аграриҳои Тоҷикистон, “нарх худаш танзим мешавад.”

Ҷаноби Латипов рӯзи 19 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “роҳи ҳал ин ба роҳ мондани танзими воридоти маҳсулот ба бозор, ҳавасманд кардани деҳқон, маслиҳати зарурӣ ба деҳқонон аст. Имсол баъзе маҳсулотҳои зиёд ба бозор ворид шуда нарх поин рафт ва деҳқонон фоидаи мехостаи худро ба даст оварда натавонистанд. Барои ҳамин, ба деҳқонон тавсияи гуруҳҳои кишоварзӣ даркор аст, ки ба кадом бахшҳо бештар аҳамият диҳанд. Чӣ қадар қитъаи заминро барои кадом сабзавот ва дигар маҳсулот чигуна тақсим кунад. Яъне киштукори деҳқон нақшагузорӣ шавад. Агар ҳама деҳқонон тарбуз коранд нархи он дар бозор поён мераваду нархи дигар маҳсулотҳо боло меравад. Тавсияи олимони коршинос зарур аст.”

Рустам Латифов мегӯяд, талафи маҳсулоти деҳқонон низ бозорҳоро ба камбуди маҳсулот рубарӯ мекунад. Ҷаноби Латипов аз набудани сардхонаҳо интиқод кард, ки мунҷар ба вайрон шудани дастранҷи кишоварзон мешавад.

Коршиносон мегӯянд вазъи имрӯзаи бозори Тоҷикистон нишон медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, талабот ҳамасола вобаста ба афзоиши аҳолӣ зиёд мешавад ва вақте истеҳсолот кам мешавад дар бозор камбудии маҳсулот пайдо хоҳад шуд. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, якбора кам шудани истеҳсоли картошка кори дасти мафияи бозор аст, ки дили деҳқононро аз парвариши картошка сард кард.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик.

Ҷаноби Умаров мегӯяд, “омили аслии боло рафтани нархи маҳсулот нишон медиҳад, ки ҳосилнокии картошка имсол пастар шудааст. Солҳои гузашта мафияи бозор ҳамин тавр кор мекард, ки худи деҳқонон ба зиёд кардани истеҳсоли картошка таваҷҷуҳ надоштанд. Роли мафияи бозор ҳам дар инҷо назаррас аст.”

Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, танҳо дар фасли тирамоҳ ва баъди ворид шудани ҳосили саросарӣ, мешавад ба арзон шудани маҳсулот умед баст.

Тоҷикистон барои таъмини аҳолиаш бо картошка худкифо нест. Солона дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна бештар аз 300 ҳазор тона картошка ҷамъоварӣ мешавад, вале талаботи аҳолӣ ба ин маҳсулот аз 500 ҳазор тона бештар аст.

Бинобар ин Покистон ягона кишварест, ки талаботи сокинони Тоҷикистонро аз хориҷ бо маҳсулоти картошка таъмин мекунад. Соли гузашта дар Тоҷикистон дар майдони 22 ҳазору 340 гектар картошка кишт шудааст, ки дар қиёс ба як соли пеш ҳазор гектар бештар будааст.