Вазъи даҳҳо паноҳҷӯи украинӣ дар Маҷористон
Акс рӯзи 22-юми август дар шаҳри Кочи Маҷористон гирифта шудааст.
Паноҳҷӯён баъди берун шудан аз хонаҳо зери назорати нигаҳбонҳои маданӣ дар назди истгоҳи автобус хайма заданд.
Ба оилаҳое, ки кӯдакони хурдсол доранд, дар назди истгоҳ рахти хоб (матрас) тақсим кардаанд.
Тамоми шаб пулис назорат мекард, то кӯдакон ба роҳи мошингард набароянд
Олга Берки бо наберааш аз Бадало (Закарпате) фирор кардааст. Шавҳар ва наздикони дигари ӯ дар Украина мондаанд.
Ҳоло ин ҷо ҷойи зисти Олга ва духтараш Катя шудааст
Аксар паноҳҷӯён аз ҳисоби худ дар хонаҳои иҷора ё манзили хешу дӯстон зиндагӣ мекунанд.
Созмонҳои иҷтимоӣ ҳушдор медиҳанд, ки қонуни нав метавонад ҳазорон паноҳандаро дар Маҷористон (Венгрия) бесарпаноҳ монад. Аксари онҳо бепулу даромаданд ва то ором шудани вазъ ба Украина ҳам баргаштан намехоҳанд.
Норберт Пал, комиссари ҳукуматӣ бо ҷонибдорӣ аз тасмими нав гуфтааст, “онҳое, ки мехостанд дар Маҷористон ба по хезанд, дар ин 2,5 соле, ки ҷанг идома дорад, аллакай ин корро карданд"
Вақте 24-уми феврали соли 2022 нерӯҳои Русия ба Украина ҳамла карданд, Шӯрои АвруОсиё дастур дод, ки кишварҳои қабулкунанда ба гурезаҳои украинӣ ҳаққи иқомат, дастрасӣ ба хадамоти давлатӣ ва корро пешниҳод кунанд.
Дар ҳоли ҳозир дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 4,19 миллион паноҳандаи украинӣ ба сар мебаранд. Аз ин теъдод 1,2 миллион дар Олмон ва тақрибан миллион нафар дар Лаҳистону 400 ҳазор гурезаи дигар дар Ҷумҳурии Чех аст.