Шурӯи муҳокимаи сарбози пойгоҳи 102-и Русия дар Арманистон. ВИДЕО

Валерий Пермяков дар додгоҳ

Сарбози қаторӣ Валерий Пермяков барои куштори 7 узви оилаи Аветисян дар моҳи январи имсол муттаҳам мешавад.

Дар Додгоҳи низомии гарнизони пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Гюмрӣ мурофиаи додгоҳи Валерий Пермяков шурӯъ мешавад. Низомии пойгоҳи 102-и Русия, ки дар қаламрави Арманистон ҷойгир аст, дар иртибот бо қатли ваҳшиёнаи аъзои як хонавода – 7 узви оилаи Аветисян айбдор мешавад. Вале додгоҳи имрӯза ӯро аз рӯи моддаҳои фирори мусаллаҳона аз артиш, ғорати силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст омадааст, ҳифзу нигаҳдорӣ ва интиқоли силоҳу муҳимоти ҷангӣ муҳокима мекунад.

Қазияи кушторро баъди ин додгоҳи Арманистон баррасӣ хоҳад кард. Тафтиши пешакӣ мегӯяд, ки 12 январи соли ҷорӣ низомии пойгоҳи 102 Русия дар Гюмрӣ, сарбози қаторӣ Пермяков бидуни иҷозат масъулияти навбатдории худро канор гузошта, бо силоҳ ба шаҳр баромад ва вориди яке аз хонаҳои маҳаллӣ шуда бо истифода аз силоҳ шаш узви хонаводаи Аветисянро ба қатл расонд. Кӯдаки дигаре, ки маҷрӯҳ шуд, баъдан дар бемористон даргузашт ва қурбонии ҳафтуми ин фоҷеа шуд. Пермяковро рӯзи ҷиноят боздошт карданд.

Ӯ талош дошт худи ҳамон рӯз баъди содир шудани ҷиноят сарҳади Туркияро убур карда аз қаламрави Арманистон фирор кунад. Вале ӯро низомиёни рус боздошт карданд. Вай дар тафтиши аввалия гуноҳи худро эътироф кард. Маълум нест, ки сабаби куштори як хонаводаи арманӣ аз ҷониби сарбози рус чӣ будааст.

Дар додгоҳи низомии гарнизони пойгоҳи 102-и Русия дар Арманистон мегӯянд, додгоҳ ба таври сайёр баргузор шуда, дар шароити боз барои матбуот ҷараён хоҳад гирифт. Маълум нест, ки оё сокинони оддии Гюмрӣ ҳақи ширкат дар мурофиаро хоҳад дошт ё на. Баъди ҳукми додгоҳи русӣ, Пермяковро мурофиаи додгоҳӣ дар Арманистон интизор аст. Аз рӯи тартиботи феълан пешбинишуда, то 30 январи соли 2016 Пермяков дар боздошти сохторҳои интизомии Русия қарор хоҳад дошт.

Мурофиаи додгоҳии Пермяков рӯзи 12 август соати 10 субҳ ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад. Ҷараёни мурофиаро бахши Армании радиои Озодӣ ба таври зинда аз дохили додгоҳ намоиш медиҳад: