Валери Амос: Наметавонем Сурияро дар ноумедӣ раҳо кунем

Валерий Амос

Валери Амос дар суханронии охирини худ дар Шӯрои амният гуфтааст, агарчӣ пайдо кардани роҳҳали мушкили Сурия осон нест, вале афзудааст, "наметавонем бигузорем, ки бечорагияшон идома кунад".

Валери Амос, раиси бахши инсондӯстонаи Созмони Милал мегӯяд, "ҳеч инсон набояд ваҳшигарии кунунӣ дар Сурия алайҳи мардону занон ва кӯдаконро таҳаммул кунад". Ӯ ин ҳарфҳоро дар суханронии охиринаш дар Шӯрои амнияти Созмони Милал баён доштааст.

Хонум Амос афзудааст, “беш аз чаҳор сол аст, ки нозири амиқтар шудани дармондагии Сурия ҳастем”.

Сурия дар аввал шоҳиди саркӯбии эътирозҳои асосан мусолиматомез алайҳи ҳукумати Башор Асад буда, дертар вориди ҷанги фарогир шуд. Ҳоло ин кишвар ба саҳнаи ҳузури гурӯҳҳои ифротӣ, ба монанди гурӯҳи "Давлати исломӣ" табдил шудааст, ки на танҳо бахшҳои густурдаи ин Сурия, балки бахшҳое аз Ироқро низ таҳти назорат дорад.

Тайи солҳои гузашта дар Сурия беш аз 22 ҳазор нафар кушта шудаанд. Бино ба ҳисобҳо, аз ҷамъияти 23-миллионнафарии Сурия беш аз 12 миллионаш, яъне беш аз ниме аз шаҳрвандони он кишвар, ки миёнашон 5 миллион кӯдак низ ҳаст, ба кумакҳои башарӣ ниёз доштаанд.

Валери Амос ба аъзои Шӯрои амният гуфтааст, “тайи ҳафтаҳои гузашта шоҳиди иқдоми ҳавлноктар будем. Мадрасаҳо ва бемористонҳо ҳамчунон зери ҳамлаҳо ҳастанд.”

Ин мақоми аршади Созмони Милал ба Шӯрои амният гуфтааст, имдодгарон муваффақ нашудаанд, ба ҳеч як аз 422 ҳазор шаҳрванди Сурия, еи дар моҳи апрел зери ҳамлаҳо қарор доштанд, дастрасӣ пайдо кунанд. Ӯ афзудааст, медонад посухи осон барои ҳалли ин мушкилот вуҷуд надорад, “аммо наметавонем Сурияро дар ноумедӣ раҳо кунем ва бигузорем, ки бечорагияшон идома пайдо кунад”.

Валери Амос дар суханронии охирини худ дар Шӯрои амнияти Созмони Милал гуфтааст, ба хотири Сурия ва ба хотири наслҳои ояндаи он, ин Шӯро бояд ихтилофҳои сиёсиро канор гузошта ва барои пайдо кардани роҳҳали мушкилоте, ки ба назар мерасад, аз контрол хориҷ шудааст, муттаҳид шавад. То кунун талошҳои ҷаҳонӣ барои анҷоми музокироти сулҳ миёни ҳукумати Башор Асад ва мухолифонаш ва даст ёфтан ба роҳҳалҳое, ки ба ҷанги дохилии Сурия поён бахшад, бенатиҷа будааст.