Шогирдони чанд деҳаи ноҳияи Вахш ба мактаб дучархасавор мераванд. Ин духтарҳо аз деҳоти Гулбоғ, Шаҳдрез, Файзбахш ва Деҳқонободи ноҳияи Вахш буда ҳар субҳ бо тай кардани 5-7 километр роҳ ё 35-40 дақиқа вақт худро ба мактаб мерасонанд. Толибилмони ин рустоҳо барои таҳсил ба мактаби шумораи 30 мераванд, ки дар деҳаи ҳамсоя воқеъ аст. Барои сари вақт ба дарс расидан ҳам писарон ва ҳам духтарону омӯзгорон дар ин минтақа аз дучарха истифода мекунанд.
Мактаби шумораи 30 дар деҳаи Деҳқонободи ноҳияи Вахш ҷойгир буда, аз деҳаи Файзбахш 7 километр ва аз деҳаи Шаҳдрез панҷ километр дур аст. Соҷида Яхшиева, хонандаи синфи 9-и мактаби 30 дар дар деҳаи Файзбахш ба сар мебарад. Мо бо Соҷида дар ҳоле ҳамсӯҳбат шудем, ки савори дучарха вориди саҳни мактабашон гардид. Ӯ шанбеи 12-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду сол ба ин сӯ ба дарс бо дучарха меояд. Соҷида мисли аксар духтарони деҳот дар тан либоси мактабӣ ва пешдомани дароз дорад. Вай мегӯяд, бидуни ҳеҷ мушкил дучарха меронад. Ба нақли ин духтарак, дар миёни деҳаҳои ин ноҳия ҳанӯз нақлиёти мусофирбар мавҷуд нест, ки онҳо тавонанд сари вақт ба дарс расанд. Бо ин далел, ҳар хонавода барои фарзандони мактабхонашон дучарха ё велосипед харидорӣ мекунад. Соҷида мегӯяд, барои ӯ тай кардани 7 километр ба дучарха душвор нест.
Ӯ мегӯяд, ҳатто дар фасли сармо ба роҳатӣ дучархаронӣ мекунад. Ба нақли Соҷида, дар синфи онҳо се духтар аз деҳаашон буда, ҳар субҳ бо ҳам ба дарс меоянд. Тавре аз сӯҳбат бо Соҷида маълум гардид, дар деҳаи онҳо пайдо кардани духтаре, ки дучарха савор шуда натавонад, хеле душвор аст. Худи Соҷида бошад, дучархарониро ҳанӯз дар хурдсолияш аз худ кардааст. Дар баробари ӯ, садҳо духтари дигар аз рустоҳои Шаҳдрез ва ҳам Файзбахш ба деҳаи Деҳқонобод бо дучарха омада, дарс мехонанд.
Рухшона Хоҷаева, хонандаи дигари синфи 9, ки бо ҳамроҳии ҳамсабақаш Мижгона аз деҳаи Гулбоғ барои таҳсил ба деҳаи Деҳқонобод меомаданд, мегӯяд, дар оилаи онҳо ҳама дучархаи худро дорад. Ба нақли Рухшона, ӯву ду бародари мактабхонаш ҳар субҳ аз деҳаи Гулбоғ, ки дар панҷкилометрии мактабашон ҷойгир аст, дучархасавор ба дарс меоянд.
Рухшона ҳудуди 4 сол мешавад бо дучарха ба дарс меояд. Вай мегӯяд: “На танҳо барои ба дарс омадан аз велосипед истифода мекунам. Балки дучархасаворӣ шуғли дӯстдоштаам низ ҳаст. Волидонам ҳам инро дастгирӣ мекунанд”. Аз деҳоти атроф ба мактаби 30-и деҳаи Деҳқонобод маъмулан он духтароне бо дучарха ба дарс меоянд, ки қасди идомаи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳоро доранд. Шарифамоҳ Каримова, хонандаи синфи 11 мегӯяд, мехоҳад пас аз хатми мактаб таҳсилашро дар Донишгоҳи тиббӣ идома диҳад. Бо ин далел ба дурии роҳ нигоҳ накарда, талош мекунад аз дарсҳояш қафо намонаду бо дучарха сари вақт ба дарсаш расад. Ӯ мегӯяд: “Бидуни дучарха ҳеҷ имкони сар вақт ба дарс ҳозир шудан надорем”.
Тавре гуфта мешавад, дар ин мактаб ҳудуди 70 дарсади омӯзгоронаш низ дучархасавор ба дарс меоянд. Омӯзгорон бо ханда мегӯянд, ҳангоми баргузории тӯйю маъракаҳо ҳама бо дучарха қатор мераванд. Рамазон Ханҷаров, омӯзгори фанни риёзии мактаби 30-и ноҳияи Вахш дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, азбаски дар деҳоти атроф муассисаи таълимӣ нест, хонандагони рустоҳои атроф ба мактаби онҳо барои таҳсил меоянд. Бо ин далел барои кӯдакон ҳар субҳ пои пиёда омадан ба дарс аз панҷ ё ҳафт километр хеле душвор аст: “Мо медонем, ки аксари хонандагонамон бо дучарха меоянд ҳар як раҳбари синф дар баробари дарсҳои таълимӣ боз қоидаи ҳаракат дар роҳро низ ба бачаҳо меомӯзанд”, гуфт ӯ.
Ба ин хотир, ба гуфтаи ин омӯзгор, деҳаи онҳо дар ноҳия бо номи деҳаи “велосипедрон”-ҳо машҳур шудааст. Зимнан дар мактаби 30-и деҳаи Деҳқонободи Вахш ҳудуди 900 наврас ба таҳсил фаро гирифта шуда, ҳар шогирди сеюм ба дарс бо ҳозир мешавад. Тавре дар шӯъбаи маорифи Вахш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, мактаби шумораи 60-и ин ноҳия низ аз муассисаҳоест, ки бештар аз 80 дарсади омӯзгорону хонандагонаш савори дучарха ба дарс мераванд. Ноҳияи Вахш дар 110-километрии Душанбе ҷойгир мебошад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад