Ҳукумати Узбекистон дар Тоҷикистон як бемористон ё маҷмааи тандурустӣ сохта, барои истифода дар ихтиёри мақомоти кишвар қарор хоҳад дод. Ин бемористон барои 200 кати хоб пешбинӣ шудааст.
Қаблан Тоҷикистон эълон карда буд, ки дар шаҳри Самарқанд барои 640 нафар мактаб месозад
Тарҳи созишнома барои сохтмони бемористон дар нимаи аввали моҳи апрел аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ ва барои имзо миёни Тошканду Душанбе пешниҳод гардидааст. Як манбаъ дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон рӯзи 21-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, сохтмони бемористон дар ҳудуди вилояти Хатлон дар назар гирифта шудааст.
“Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки замону макони имзои ин созишномаро баррасӣ кунад”, - афзуд ӯ.
Ба қавли манбаъ, дар тарҳи созишнома нияти Тоҷикистон “ба рушди равобити дӯстона миёни ду мардум” баён шудааст. “Бар асоси тарҳи созишнома, Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ба сохтмони ин маҷмааи тандурустӣ замин ҷудо карда, амнияти муҳандисону коргарони узбекро дар маҳалли сохтмон таъмин кунад. Тарафи Узбекистон муваззаф шудааст, барои сохтмони ин бемористон нирӯ ва маблағ диҳад ва, инчунин, намояндагонаш дар замони ҳузур дар Тоҷикистон қонуну қоидаҳоро риоя намоянд”, - афзуд мусоҳиби мо.
Ин созишнома дар сурати имзо аз тарафи мақомоти Тоҷикистону Узбекистон ба иҷро хоҳад даромад. Ҷузъиёти аз ин бештари хабар дар ҳоли ҳозир дастрас нест.
Қаблан Тоҷикистон эълон карда буд, ки дар шаҳри Самарқанди Узбекистон барои 640 нафар мактаб сохта, барои истифода дар ихтиёри мақомоти он кишвар хоҳад гузошт.
Тоҷикистону Узбекистон беш аз бист сол равобити тира ва мушкиле доштанд. Ин равобит тирамоҳи соли 2016, баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон оддӣ шуд ва сафари давлатии ӯ дар моҳи марти имсол ба Душанбе умедҳоро барои об кардани яхи солҳо ҷамъшуда бештар кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир тарҳи созишнома дар бораи шарикии стратегӣ бо Узбекистонро низ омода кардаанд, ки интизор меравад дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд имзо шавад.