Намоиши 1500 навъи маҳсулоти Узбакистон дар Душанбе ВИДЕО

Рӯзи 17 апрел дар Душанбе намоишгоҳ - фурӯши молу маҳсулоти Узбакистон бо ҳузури садҳо ширкату тоҷири кишвари ҳамсоя ба кор оғоз кард ва як ҳафта идома мекунад. Дар маросими оғози намоишгоҳ намояндагони 161 ширкат ва ҳудуди 500 тоҷири узбакистонӣ иштирок карданд.

Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон зимни сухани ифтитоҳӣ гуфт, ки дар намоишгоҳ соҳибкорони узбак ҳудуди 1500 намуди маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.

Вай афзуд: "Ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳ намоиши дастовардҳои Узбакистон дар солҳои охир аст. Умедворам, ин намоишгоҳ ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишвари Тоҷикистон ва Узбакистон мусоидат хоҳад кард."

Дар маросими оғози намоишгоҳ-фурӯши молу маҳсулоти Узбакистон 161 ширкати ин кишвари ҳамсоя ва ҳудуди 500 тоҷири узбакистонӣ иштирок карданд.

Дар намоишгоҳ анвои мухталифи маҳсулоти саноатии Узбакистон, аз қабили мошинҳои сабукраву боркаш, техникаи кишоварзӣ, ашёи рӯзгор назири яхдон, либосу пойафзол, доруворӣ ва маҳсулоти ғизоӣ бар намоиш гузошта шуд.

Иброҳим Эргашев, мудири корхонаи давлатии “Узэкспосентр” ҳадафи дигари баргузории ин намоишгоҳро таблиғи молу маҳсулоти сохти Узбакистон дар Тоҷикистон унвон кард. Вай афзуд, "тибқи барнома қарор аст, моҳи май дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳангии Узбакистон баргузор шавад. Намоишгоҳ ва рӯзҳои фарҳангии ҷавобии Тоҷикистон дар Узбакистон моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. Мехоҳам таъкид кунам, ки дар пайи тавофуқоти раҳбарони ҳар ду кишвар дар соли 2016 мизони додугирифти миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ба таври бесобиқа афзоиш ёфта, ба 62 миллион доллар расидааст."

Шоҳқосим Шоҳисломов.

Бар тибқи иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2015 табодули молу коло миёни Тоҷикистон бо Узбакистон 5,6 миллион долларро ташкил додааст.

Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи тиҷоратӣ ва саноатии Тоҷикистон 17 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар соли ҷорӣ Тоҷикистон барои аввалин бор ба Узбакистон семент содир кард ва аз он кишвар доруҳои минералӣ ворид кардааст.

Дар намоишгоҳ ширкаткунандагон бештар ба нақлиёту воситаҳои техникии кишоварзӣ таваҷҷӯҳ мекарданд. Хонум Рустамова дар ин робита гуфт: "Аз сафири Узбакистон дар Тоҷикистон мо иттило гирифтем, ки миёни ду кишвар дар бораи таъсиси корхонаи муштараки тавлиди техникаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон тавофуқ шудааст. Қарор аст дар ин корхона анвои мухталифи воситаҳои фаннии кишоварзӣ тавлид карда шаванд."

Тоҳир Саидов, ки дар намоишгоҳ техникаи сохти Узбакистонро тамошо мекард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки техникаи кишоварзии кишвари ҳамсоя хуб аст, аммо гарон аст: "Ман мошини борбардор ҷустуҷӯ мекунам. Як мошини хуберо дар ин намоишгоҳ дидам ва сифаташ ҳам хуб аст. Аммо нархаш бароям хеле гарон мебошад. Онро 180 ҳазор доллар мефурӯшанд."

Баҳодур Назиров, намояндаи ширкати нассоҷии узбакистонии “Артел”, ки маҳсулоташро муаррифӣ мекард, гуфт, ки ҳадафи аслии ширкаташ пайдо кардани бозори нав мебошад. Ҷаноби Назиров гуфт: "Шумо медонед, ки тӯли чанд соли ахир ҳамкориҳои миёни ду кишвар сард буд. Ҳоло вазъият тағйир ёфта ва мо мехоҳем дар тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар нақши худро гузорем. Бо дарназардошти ҳамсоягӣ, фикр мекунам маҳсулоти мо барои шаҳрвандони Тоҷикистон бо нархи арзонтаре ироа мешавад."

Қарор аст 19-уми апрел дар шаҳри Душанбе ҳамоиши тоҷирони Тоҷикистону Узбакистон баргузор шавад ва ба гуфтаи Шариф Саид, раиси Палатаи тиҷоратӣ ва саноатии Тоҷикистон, интизор меравад дар ин нишаст чанд қарордоди ҳамкорӣ миёни соҳибкорони ду тараф имзо шавад.

Қарор аст дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Узбакистон намоишгоҳи маҳсулоти Тоҷикистон ва рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар ин кишвар доир шавад.

Ҳарчанд дар даврони Шӯравии пешин ва оғози истиқлол равобити хуби Тоҷикистон ва Узбакистон ҳифз шуда буд, аммо баъдтар дар соли 1998 муносиботи ҳар ду кишвар ба сардӣ гароид ва дар 15 соли ахир ҳеҷ гуна ҳамкорӣ ба назар намерасид.

Дар пайи вафоти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбакистон муносибатҳо рӯ ба беҳбудӣ гароид ва ҳамакнун як соли ахир ба тадриҷ ҳамкориҳо дар арсаҳои мухталиф густариш меёбад. Ифтитоҳи намоишгоҳ – фурӯши молу маҳсулоти Узбакистон дар Тоҷикистон низ аломати дигаре аз нармиш дар равобити ду кишвари ҳамсоя аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Намоиши 1500 навъи маҳсулоти Узбакистон дар Душанбе