Хабаргузории узбакистонии Podrobno.uz аз кашф ва мусодираи як мошини дуздӣ дар марзи Узбакистону Тоҷикистон хабар медиҳад.
Хабари боздошти як мошини тамғаи BMW X6, ки гуфта мешавад, бояд ба Тоҷикистон бурда мешуд, дар ҳолест ки ҳафтаи гузашта расонаҳои чопи Олмон дар бораи гӯё дар Тоҷикистон ёфт шудани ҳудуди 200 мошини аз Олмон дуздидашуда хабар доданд.
Сомонаи интернетии хабаргузории Podrobno.uz менависад, мошини охирини ёфтшуда ҳанӯз моҳи октябр аз Олмон дуздида шуда, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштааст. Инмошини наавъи “ҷип”-ро маъмурони гумрук дар марзи Узбакистону Тоҷикистон аз вагони қаторе, ки аз Латвия ба Тоҷикистон мошин мебурд, кашф ва боздошт кардаанд. Бино бар ин манбаъ, дар дохили вагоне, ки тибқи аснод барои ширкати тоҷикистоние бо номи “Ориён” мошин мебурд, чанд мошини бесанад пайдо карда, ба ҳамин далел, тамоми мошинҳои ин вагонро таҳқиқ кардаанд.
Расонаҳои узбакистонӣ менависанд, ин нахустин мавриди кашфи мошинҳои дуздӣ дар вагонҳои роҳии Тоҷикистон нест. Ба навиштаи Podrobno.uz, дар аввали сол аз байни мошинҳое, ки ба номи соҳибкори тоҷик Хуршед Раҳимов мерафт, як мошини BMW X 6, ду мошини BMWX5 ва як мошини седани BMW 525-ро боздошт кардаанд, ки ҳамагии онҳо дар рӯйхати ҷустуҷӯи Интерпол қарор дошт.
Ҳамин тавр, дар моҳи май аз сӯи маъмурони гумруки Узбакистон ҳангоми интиқол ба қаламрави Тоҷикистон се мошини BMW X5, BMW X6 ва Honda CR-V боздошт шуд. Ин се мошин, ки ба номи шаҳрванди Тоҷикистон Анвархоҷа Мадаминов санад шуда шуд, ба гуфтаи мақомот гумруки Узбакистон, низ аз қаламрави Олмон дуздӣ шуда, таҳти ҷустуҷӯи Интерпол қарор дошт.
Аммо бархе гузориши ахири мақомоти гумруки Узбакистонро зери шубҳа гузошта мегӯянд, баъид нест, агар Тошканд ҷанҷоли ахири бархоста бар сари кашфи то 200 мошини дуздӣ дар қаламрави Тоҷикистонро ба хотири боз ҳам беобрӯ кардани ҳамсояаш истифода кунад. Аз ҷумла бо пахши хабарҳои тасдиқашон амалан ношуданӣ дар бораи боздошти чунин мошинҳои дуздӣ дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон.
Рӯзи 19 декабр нашрияи олмонии “Bild” хабар дод, ки бо истифода аз шабакаи GPS, ба камияш 93 мошини тамғаи “BMW” дар Тоҷикистон рӯ задаанд ва аммо мақомоти Душанбе аз ҳамкорӣ бо мақомоти Олмон дар таҳқиқи ин қазия ва бозгардони мошинҳо худдорӣ мекунанд. Вақте ки мақомоти Тоҷикистон ба дархости таҳқиқи муштараки қазия посух надоданд, вазири адлияи Берлин Томас Ҳейлман ба вазири вақти умури хориҷии Олмон Гвидо Вестервелле нома навишт, ки “аксари мошинҳо дар дасти афроде ҳастанд, ки бо хонаводаи президенти Тоҷикистон равобити ҳамкорӣ ё хешовандӣ доранд."
Хабаргузории Франс-Пресс менависад, кашфи мошинҳои рабудашудаи олмонӣ дар Тоҷикистон сабаби соишҳои дипломатие байни ду кишвар гашта, дар ин замина вазири пешини умури хориҷӣ Гвидо Вестервелле сафири Тоҷикистонро ба вазорат даъват кардааст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Олмон ин хабарро тасдиқ накард, вале ба хабаргузории Франс-Пресс гуфт, “дар масъалаи муборизаи муштарак бо ҷинояткории созмонёфта бо тарафи Тоҷикистон гуфтугӯҳое анҷом ёфтааст.”
Мақомоти Тоҷикистон хабари кашфи то 200 мошини дуздӣ дар Тоҷикистон ва гӯё дар дасти фарзандони афроди баландпояи ин кишвар будани ин мошинҳоро ба шиддат рад мекунанд ва мегӯянд, ин фарзияҳо ба ҳақиқат наздик нестанд ва Душанбе низ барои ҳамкорӣ дар ин масъала омода аст.
Аммо ин бори аввал нест, ки масъалаи ба паноҳгоҳи мошинҳои дуздӣ табдил ёфтани бозори Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ матраҳ шуда, ба обрӯи кишвар латма мезанад. Моҳи июли соли 2012 баъди нашри чунин як матлаб дар маҷаллаи олмонии “Spiegel” муовини сардори раёсати мубориза бо қочоқ ва хилофкориҳои гумрукии Хадамоти гумруки Тоҷикистон Қурбон Абдуназаров дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар кишвар наздик ба даҳ мошини аз Олмон рабудашуда кашф шудааст. Ӯ гуфта буд, ки бо истифода аз кӯмаки Интерпол мошинҳо ба соҳибонашон баргардонда мешаванд.
Ҳамин тавр, ду моҳ пеш аз ин нишасти хабарӣ, ҳайате аз кормандони полиси Олмон ба ҳамтоёни тоҷики худ роҳҳои кашфи мошинҳои дуздиро омӯзонданд. Ва моҳи гузашта 15 афсари Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо кумаки Барномаи мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА), як тарҳи Иттиҳодияи Аврупо давраи омӯзишеро зери унвони «Василаҳо ва роҳҳои тафтиши мошинҳои рабудашуда» анҷом доданд. Аммо афроди огоҳ мегӯянд, роҳи мошинҳои дуздӣ ба бозори Тоҷикистонро танҳо решакан кардани фасоду ришва дар сохторҳои идории ин кишвар, аз ҷумла дар пулиси роҳаш, метавонад бигирад, на давраҳои омӯзишӣ, ки бештар ба маҳфилҳо аз силсилаи “нишастанду гуфтанду бархостанд” мемонанд.