Ӯзбакистон узвияти худ дар ҳайати СПАД-ро бозмедорад.
Дар ҳоле, ки ҳанӯз ҳеҷ мақоми баландпояи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар робита бо тасмими хуруҷи Ӯзбакистон аз ҳайати ин созмон назари худро баён накардааст, масъулин мегӯянд, боздошта шудани ширкати як кишвар дар СПАД бо қарори якҷониба қобили қабул нест.
Низомномаи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба кишварҳои узв иҷозаи боздошти узвият дар ин созмонро ба таври якҷониба намедиҳад.
Дар ин бора дар як сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ масъули дафтари матбуоти ин созмон Владимир Зайнетдинов хабар дод.
Дар робита бо номаи ҳукумати Ӯзбакистон оид ба боздошта шудани узвияти ин кишвар дар СПАД, оқои Зайнетдинов гуфт, тибқи оинномаи ин ниҳод аз 7 октябри соли 2002, боздошта шудани узвияти як кишвар дар ҳайати ин созмони амниятиву сиёсӣ танҳо баъди мувофиқати Шӯрои созмони амнияти дастаҷамъӣ дар муддати шаш моҳи баъди огоҳсозии қаблӣ сурат мегирад. Мувофиқати аъзои шӯро барои берун шудани як кишвар аз ҳайати созмон бар асоси риоя нашудани оинномаи он ҳосил мешавад, гуфт Зайнетдинов.
Рӯзи ҷумъа хабаргузории расмии “Ҷаҳон” таъйид кард, ки нотаи берун шудани Ӯзбакистон аз Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ рӯзи 20 июн ба унвонии котиботи ин созмон ирсол шуд ва “дар ин нота сабабҳои аслии чунин тасмим зикр гардидаанд”.
Айни замон, як манбаи Вазорати умури хориҷии Ӯзбакистон гуфтааст, ки тасмими боздошта шудани узвияти Тошканд дар ҳайати СПАД бо “норизоияти ин кишвар дар баъзе мавзӯъҳо вобаста аст”. Дар сӯҳбат бо нашрияи русии “Коммерсант” ин манбае, ки номаш оварда намешавад гуфтааст, ки “Мақомоти расмии Ӯзбакистон, аз ҷумла, бо барномаҳои стратегии СПАД дар самти Афғонистон ва барномаҳои таҳкими ҳамкориҳои низомӣ дар чаҳорчӯби ин созмон розӣ нестанд”. Ба гуфтани ин мақоми ВУХ, Ӯзбакистон бо баъзе дигар масъалаҳо низ норозӣ аст, ки дар матни нотаи ба унвонии котиботи СПАД исролшуда зикр ёфтааст.
Намояндагони котиботи СПАД мегӯянд, ки дар фурсати наздик изҳоротеро ба кишварҳои аъзои ин созмон дар робита бо тасмими Ӯзбакистон ироа хоҳанд кард.
Иқдоми Тошканд вокунишҳоеро дар миёни мақомот ва маҳфилҳои сиёсии Русия ва дигар кишварҳои узви ин созмон ба миён овардааст. Баъзе коршиносони рус ҳадс мезананд, ки баҳонаи аслии боздошта шудани узвияти Ӯзбакистон дар ин созмони низомӣ, аслан бо таҳкими равобити Тошканд бо ИМА дар чаҳорчӯби барномаҳои НАТО ва беруншавии нирӯҳо аз хоки Афғонистон вобаста аст.
Вокунишҳо ба тасмими Тошканд: Русия, Тоҷикистон ва дигарон
Николай Макаров, фармондеҳи ситоди нирӯҳои низомии Русия дар сӯҳбат бо хабаргузориҳо рӯзи ҷумъа гуфт, ки “дар тасмими Ӯзбакистон назар ба паҳлӯҳои мусбат, ҷиҳатҳои манфӣ хеле зиёданд, вале СПАД бе Тошканд ҳам вуҷуд дошта метавонад”. Вай гуфт, ки мавқеи Ӯзбакистон дар солҳои охир дар нисбати СПАД “боиси ташвиши раҳбарони низомии Русия будааст”.
Вай гуфтааст, ки Ӯзбакистон аз ширкат дар нишасти раҳбарони давлатҳо ва мақомоти вазоратҳои дифои кишварҳои узви СПАД ва ё аз имзои баъзе санадҳо худдорӣ мекард. “Амалан Тошканд фаъолияташро дар ин созмон муддатҳо пеш қатъ карда буд, вале ҳоло ин тасмимашро ба чаҳорчӯби қонун даровард”.
Бо зикри ин ки чунин тасмим барои Русия “пешгӯишаванда” будааст, фармондеҳи ситоди нирӯҳои ин кишвар гуфт, “Берун рафтани Ӯзбакистон аз СПАД, қудрати низомии онро кам намекунад”.
Бархе намояндагони мақомоти вазорати дифои Русия дар сӯҳбат бо хабарнигорон таъкид кардаанд, ки иқдоми Тошканд “ғайримунтазира” набуд ва ин тасмимро аз пеш интизор шудан мумкин буд. Дар вокунишҳои бархе мақомоти ин кишвар тасмими Тошканд чун як иқдоми зидди Русия қабул шудааст.
Интерфакс менависад, ки як генерали баландпоя Русия гуфтааст, ки “Ӯзбакистон бояд пеш аз қабули чунин қарор рӯйдодҳои Андиҷонро ба хотир меовард. Барои истифодаи нирӯ дар пахши бенизомиҳои мардумӣ президнт Ислом Каримовро ИМА, НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо шадидан маҳкум карданд. Танҳо Маскав буд, ки баъди сафари изтирории президенти Ӯзбакистон, Каримов пуштибониву кӯмак дарёфт кард”, гуфтааст мақомдори вазорати дифои Русия. Маҳз баъди ҳамин рӯйдодҳо Ӯзбакистон дубора ба узвияти СПАД пазируфт шуд.
Дар вокунишҳои дигар таҳлилгарон дар кишварҳои узви СПАД бархе тахмин задаанд, ки чунин иқдом бо барномаҳои Ӯзбакистон ва НАТО дар амри берун бурдани муҳимоти низомии нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз хоки Афғонистон иртибот мегирад. Мақомоти НАТО дар оғози моҳи ҷорӣ хабар доданд, ки бо Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон тавофуқе дар заминаи интиқоли муҳимот ва борҳои НАТО аз хоки Афғонистон дар чаҳорчӯби хатми амалиёти ҷангии нирӯҳои хориҷӣ дар ин кишвар ҳосил шудааст.
Дар Тоҷикистон баъзеҳо тасмими Ӯзбакистонро як «манёври сиёсӣ» медонад.
Дар сӯҳбат бо РО Амирқул Азимов, собиқ Дабири Шӯрои амнияти кишвар гуфт, ки Ӯзбакистон бо ин роҳ мехоҳад аз тарҳи хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон фоидаи молӣ ба даст орад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мавзӯъи хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар нишастҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ матраҳ аст ва кишварҳои ғарбӣ шарикони худро ба берун кардани нерӯ ва таҷҳизот дар Осиёи Миёна низ ҷустуҷӯ доранд.
Қарор аст, нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ алайҳи тероризм дар Афғонистон бояд то соли 2014 аз қаламрави Афғонистон берун шаванд.
Дар ин замина расонаҳои Қазоқистон аз қавли сиёсатмадор Максим Казначаев менависанд, ки тасмими мутаваққифшавии узвияти Ӯзбакистон дар СПАД ба майли ин кишвар барои сохтани пойгоҳи низомии ИМА дар қаламрави кишвараш, бастагӣ дорад.
«Табиист, ки он тавофуқҳое, ки тайи чанд ҳафтаи ахир ба даст омада буданд, Узбакистонро барои бунёди пойгоҳи низомӣ дар қаламрави худ, дилпур мекунад», гуфтааст Максим Казначаев ба оҷонсии «Интерфакс- Қазоқистон».
Сиёсатшинос бар он бовар аст, ки дар нишасти соли гузаштаи СПАД қароре қабул, шуд ки ҳузури пойгоҳи низомии кишвари сеюми дар қаламрави кишварҳои узви СПАД бояд бо аъзоёни дигари паймон машварат карда шавад.
«Ба хотири фирор аз ҳамагуна расмиёти мувофиқакунонӣ, Ӯзбакистон фаъолияти худро дар СПАД қатъ карданист. Ин ҳама «баҳона» аст», гуфтааст М. Казначаев.
Мақомоти Арманистон гуфтанд, ки дар соатҳои наздик мавқеи худро дар заминаи тасмими мутаваққифшавии узвияти Ӯзбакистон дар ҳайати Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) рӯшан хоҳанд кард. Вазорати умури хориҷаи Арманистон гуфт, ки дар ин замина президент Серж Сагсян изҳороте хоҳад дод.
Рӯзи панҷшанбе матбуот дар бораи хабари боздошта шудани узвияти Ӯзбакистон дар СПАД огаҳӣ ёфт. Раҳбари дафтари матбуоти ин созмон, Владимир Зайниддинов, гуфт, “чунин нома дастрас шудааст ва ҳоло раҳбарияти созмон мӯҳтавои дархостро мавриди омӯзиш қарор додаанд”.
Тибқи иттилои манобеи мӯътамади Радиои Озодӣ, дархости ҷониби Узбакистон барои қатъи фаъолият дар СПАД чаҳор рӯзи пеш ба Николай Бордюжа фиристода шуд. Тошканд қарори худро бо ин далел тавҷеҳ кардааст, ки “ Созмон дар бисёр масъалаҳо ба гуфтаҳои Узбакистон гӯш намедиҳанд”.
Бори дувум аст, ки Узбакистон узвияташро дар СПАД қатъ мекунад. Дар соли 1999 Узбакистон аввалин кишваре буд, ки Паймони амнияти дастаҷамъиро тарк кард. Аммо дар соли 2005 ба дунболи ҳаводиси Андиҷон, ки дар он садҳо нафар кушта шуд ва равобити Узбакистон бо Ғарб тира гашт, Тошканд дубора ба канори Маскав наздик шуд ва ҳамин тавр Узбакистон бори дигар узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ шуд.
Аммо муносибати Тошканд бо ин Паймон, ки акнун ба Созмон табдил шудааст, ҳамеша ноҳамгун будааст. Узбакистон ҳатто аз ширкат дар чандин тарҳи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ зарфи се-чаҳор соли гузашта худдорӣ кардааст. Аз ҷумла, Узбакистон ба таъсиси нерӯҳои муштараки вокуниши сареи СПАД дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар мухолифат карда буд.
Узбакистон ба ҳайси кишвари узви СПАД қариб ҳамеша тамринҳои дастаҷамъии созмонро сарфи назар кардааст ва дар машқҳои моҳи равон дар канораҳои Хуҷанд, аз вуруди техникаи ҳарбии Қазоқистон ба қаламрави Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардааст.
Дар ҳоли ҳозир Арманистону Беларус, Русияву Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистон узвияти Созмони паймони амнияти дастаҷамъиро доранд.