"Ман аз осмон наомадаам" -- ҳушдори Мирзиёев ба мақомдорон

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон рӯзи 13-уми апрел дар як ҳамоиш дар ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё, аз ҷалби муаллимон дар корҳои ободонӣ шадидан интиқод кард. Вай гуфт, ки дар марги Диана Еникеева, муаллимаи самарқандӣ худро айбдор эҳсос мекунад. Раиси ҷумҳури Узбекистон афзуд, аз ин ба баъд он раисони ноҳия ва вилоятҳо, ки муаллимонро ба корҳои иҷборӣ ҷалб мекунанд, қатъи назар аз хизматҳояшон, аз мақом барканор мешаванд.

Ҳушдори аввалу охири Мирзиёв ба ҳокимон

Қаблан нахуствазири Узбекистон ба корҳои саҳроӣ ва ободонӣ ҷалб

Ман дар мавриди марги муаллимаи самарқандӣ шунидам. Кадом як мудири мактаб, роҳбар ё ҳоким 2-3 рӯзе қабл, аз омадани кадом як меҳмон хабар додааст. Аммо дар қалби ман чунин аст, ки гӯё ин ҳодиса ба туфайли ман иттифоқ афтодааст

накардани муаллимонро ваъда карда буд. Шавкат Мирзиёев дар ҳамоиши Сайҳунбоди Сирдарё барои аввалин бор аз ҷалби муаллимон ба корҳои саҳроӣ интиқод кард. Бино ба иттилои пойгоҳии хабарии Кун.уз, Шавкат Мирзиёев дар мавриди марги Диана Еникеева, ки ҳангоми пок кардани кӯча ӯро як мошин пахш кард, сӯҳбат карда ва гуфтааст, ки ба унвони раиси ҷумҳур худро дар ин ҳодиса муқассир медонад.

"Ман дар мавриди марги муаллимаи самарқандӣ шунидам. Кадом як мудири мактаб, роҳбар ё ҳоким 2-3 рӯзе қабл, аз омадани кадом як меҳмон хабар додааст. Аммо дар қалби ман чунин аст, ки гӯё ин ҳодиса ба туфайли ман иттифоқ афтодааст. Ман бори дигар ва барои охирин маротиба раҳбаронро ҳушдор медиҳам -- аз ин ба баъд агар муаллим, пизишк ва хонандагони мактаб дар корҳои ободонӣ ҷалб шавад, муҷозот сангин хоҳанд шуд. Ҳамзамон бо сабукдӯш шудан аз мақом, ин гуна раҳбар дар назди қонун ҷавобгӯ хоҳад буд. Барои ман фарқ надорад, ки ин ҳоким чӣ хизматҳое карда бошад. Ман маҷбурам дар ин бора сӯҳбат кунам", -гуфтааст Шавкат Мирзиёв.

"Ман аз осмон наомадаам..."

Раиси ҷумҳури Узбекистон ҳамзамон гуфтааст, ки бо вуҷуди сохтакориҳои раисони ноҳия ва вилоятҳо, аз вазъи воқеии аҳолӣ бохабар аст. "Ман аз осмон фуруд наомадаам -- як рӯз қабл аз сафар ба вилоят, дар мавриди ин минтақа ба ман маълумот мерасонанд. Мутаассифона дар бештаре аз маворид ба сохтакорӣ роҳ медиҳанд. Ростӣ гап, ин вазъият дар ман нафратро бедор мекунад. Иҷборан муаллимонро ба корҳо ободонӣ ва тоза кардани кӯчаҳо ҷалб кардан, ба сиёсат хиёнат аст. Ин амалҳо на танҳо ба ман, балки ба сиёсати давлат хиёнат ба шумор меравад",-гуфт, Шавкат Мирзиёев.

Ба андешаи раиси ҷумҳури Узбекистон, ҷалби иҷбории кор барои ҳокимон на раҳмат, балки лаънат овардааст. "Ман дар паси девор чӣ мегузарад ва дар Узбекистон кадом кӯчаро тоза мекунанд ва кадом корҳои ободонӣ анҷом медиҳад, хуб медонам. Як чизро мехоҳам таъкид кунам -- бо тоза кардани кӯча ҳеҷ чиз тағйир намекунад. Одамон ташаккур намегӯянд, балки лаънат мекунанд. Мо ҳам дӯсти зиёд ва ҳам душмани зиёд дорем. Шумо бо ин амалҳои худ ба осиёби душманон об мерезед. Ҳамаи раҳбарони ноҳияҳову вилоятҳо ҳамин чизро дарк кунед."

"Мардум аз саҳнасозиҳо хаста шудаанд"

Шавкат Мирзиёев гуфт, "одамон аз ваъдаҳои баландпарвозона ва саҳнасозиҳо дар маҷлисҳо хаста шудаанд -- ман аз таҳи дил бароятон мегӯяд, ки агар воқеан дӯст бошед, ба ин амалҳо хотима диҳед. Зеро дар муддати чандин солҳо мо бо ин равиш ба чизе муваффақ нашудем, ки дар ин муддати якуним соли ҳозира ноил шавем. "Дар вақтҳои ахир ба ҳеҷ нафар эътимод карда наметавонам, дар ҷаласаҳо ҳамаи одамон аз қабл омода карда мешаванд... Ман барои шунидани дарди дили мардум омадам, гапҳои баландпарвозонаро як сӯи гузоред",- гуфт Мирзиёев.

Интиқод аз Узбекистон дар гузоришҳои ҳуқуқи башар

Пас аз касби истиқлоли Узбекистон муаллимон дар бисёр ҳолатҳо вазифаи асллии худро канор гузошта ва ба корҳои саҳроӣ ва ободонӣ ба таври иҷборӣ ҷалб мешаванд ва ин амал аз сӯи созмони ҳуқуқи башари маҳаллӣ ва байналмилӣ ҳамеша интиқод мешавад.

Ҷалби муаллимон ба корҳои иҷборӣ ба вижа дар замони раёсати ҷумҳури Ислом Каримов шиддат ёфта буд. Дар соли 2016 Шавкат Мирзиёв дар бахши таълим як қатор ислоҳотҳоро оғоз кард, аз ҷумла моҳи сентябри соли гузашта Абдуллоҳ Орифов, нахуствазири Узбекистон аз корҳои саҳроӣ озод кардани устодони донишгоҳҳо ва донишҷӯйн аз ҷамъовари пахтаро дастур дода буд.

Соли гузашта бархе аз ҳокимони вилоятҳо барои ҷалб накардани муаллимон дар ҷамъоварии пахта ваъда дода буданд. Бо вуҷуди ин, ҷалби иҷбории муаллимон ва табибон дар корҳои саҳроӣ идома дошт.