Дафтари матбуоти Кумитаи марзбонии Ӯзбакистон дар як изҳороти расмӣ гуфтааст, “бо назардошти вазъи душвори иҷтимоӣ ва иқтисодии аҳолии Тоҷикистон”, масъалаи бозгардони зиёда аз 2000 сар моли чӯпонони тоҷикро баррасӣ мекунад, ки рӯзҳои 26 и 28-уми июли соли 2014 дар марзи байни Ӯзбакистон ва ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистон мусодира шудаанд.
Ҳамзамон ни ниҳоди давлатии Ӯзбакистон сокинони манотиқи марзии Тоҷикистонро айбдор кардааст, ки то якуним километр ба дохили қаламрави Ӯзбакистон барои молчаронӣ меоянд ва ҳам мавридҳое ҳастанд, ки садҳо сар моли шаҳрвандони Ӯзбакистонро мерабоянд, то дар бозорҳои худ фурӯшанд.
Дар изҳорот омадааст, танҳо дар соли 2013 афроди мусаллаҳ аз Тоҷикистон вориди қаламрави Ӯзбакистон шуда, 1889 сар чорвои шаҳрвандони Ӯзбакистонро бурдаанд. Тарафи Ӯзбакистон аз мақомоти Тоҷикистон гила кардааст, ки чунин мавридҳо пажӯҳиш ва гунаҳкорон муҷозот нашудаанд.
Кумитаи марзбонии Ӯзбакистон дар ин маврид шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ҳамлаи мусаллаҳона ба чӯпонҳои ӯзбак низ муттаҳам кардаанд.
Мақомоти Ӯзбакистон аз ниҳодҳои марбути Тоҷикистон даъват кардаанд, ба тақозоҳои Тошканд бархӯрди юиддӣ нишон диҳанд.
Ин иҳзорот дар ҳоле нашр мешавад, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз Ӯзбакистон хостааст, боздоошти се чӯпон ва 1500 сар моли ҷамоати Фароби ноҳияи Панҷакентро, ки рӯзи 26-уми июл дар марзи Ӯзбакистон нопадид шудаанд, тавзеҳ диҳанд.
Сокинони ҷаомати Фароб хабар дода буданд, ки марзбонони Ӯзбакистон субҳи 26-уми июл Мирзоулуғ Фузайлов ва Қамариддин Асриевро боздошт намуда, тақрибан 1800 сар гӯсфанду бузи мардуми русто ва дигар деҳоти Панҷакентро ба ҳудуди Ӯзбакистон бурдаанд.
Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, айни замон чорвои мардум дар назди дидбонгоҳи марзии Узбакистон дар наздикии деҳаи Аспидухтар нигаҳ дошта мешавад. Мардуми деҳаи Фароб барои ҳалли мушкилӣ ба марзбонони Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, аммо ҳанӯз маълум нест, дар ин замина чӣ корҳое сурат гирифтааст. Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, танҳо мушоҳида мекунанд, ки чорвои мардум дар куҷо ҳаст ва гуфтаанд, ки моли мардум ҳанӯз дар назди дидбонгоҳи марзбонӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, аз сардии равобит байни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба хубӣ огоҳанд ва кӯшиш мекунанд, ба коре роҳ надиҳанд, ки барои худи онҳо ва муносибатҳои ду кишвар мушкил пеш орад. Биноан, моҳҳои охир, чӯпонҳо талош мекардаанд, ки ба марзи номуайян наздик нашаванд, аммо бо вуҷуди ин моҷарои ахир ба миён омад.
Пеш аз ин, 14 июни соли гузашта 5 чӯпони сокини рустои Моғиёни Панҷакент - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо айни иттиҳом дастгир карда ва баъди як моҳ 5 нафарашонро озод карданд, вале моли онҳоро, зиёда аз 2000 сар, барнагардонданд. Панҷ сокини ноҳияи марзии Фароб низ дар моҳи июли соли 2013 ҳангоми рафтан ба алафдаравӣ низ бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дар Узбакистон дастгир шуданд. Дар байни онҳо як навраси 12-сола ва 1 пирамарди 74-сола буд ва баъди кашмакашу музокироти зиёд Ӯзбакистон ҳардуи онҳоро озод кард, вале се нафари дигар ҳамоно дар зиндони Ӯзбакистон ба сар мебаранд.