Таҳқиқ: Чӣ гуна Русия ва хоссагони сиёсӣ аз саноати гази Узбекистон фоидаи нақд мегиранд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қатъи газ ва камбуди барқ дар зимистони имсол Узбекистонро ба сармои бесобиқае дар чанд даҳсолаи ахир рӯ ба рӯ кард.

Ин боис шуд, ки Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳур, дар моҳи январ бархе аз мансабдорони баландмақомро, ки масъули ин буҳрон медонист, барканор кунад.

“Ман нигарони хонаводаҳо ва афроде ҳастам, ки аз сармо ранҷ мебаранд,” - ин нуктаест, ки Мирзиёев дар нишасти изтирории 16-уми январ баён кард ва аз барканории бархе масъулон, аз ҷумла шаҳрдори Тошканд, хабар дод. Ӯ гуфт, “ҳар раҳбаре бояд ин эҳсосро дошта бошад. Сармои имсол аз вазъи нобасомони давлат парда бардошт.”

Аммо бар асоси таҳқиқе, ки Бахши узбекии Радиои Озодӣ анҷом дод, ҳукумати Мирзиёев дастикам се сол пеш огоҳонда шуда буд, ки тарҳҳои баландпарвозонааш барои афзоиши тавлиди нафту газ аз айбу костиҳое орӣ нест. Ҳамчунин, гузоришгарон маълум карданд, ки суду сарфаи ин тарҳҳо бештар ба ҷайби ширкатҳои мармуз ва вобаста ба “худиҳо” ё элитаи сиёсӣ дар Узбекистону Русия меравад, аз ҷумла яке аз дӯстони милёрдери Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ (Озодлик) ба нусхае аз як гузориши расмии маҳрамона даст ёфт, ки ҳушдор медиҳад муъомилоти чандмилёрддолларии имзошуда бар асоси тасмими президент амнияти энержии кишварро ба хатар меандозад.

Чаҳор фарди огоҳ аз муҳтавои ин гузориш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин гузориш дар моҳи январи соли 2020 ба аъзои ҳукумати Мирзиёев ироа шуда буд.

Ин гузориш ҷузъи ҳазорон сафҳа аз асноди марбут ба бахши энержии Узбекистон аст, ки гузоришгарон дар ҳамкорӣ бо Кристиян Лослет аз Донишгоҳи Улстер баррасӣ кардаанд. Ин аснод шомили даҳҳо гузориши сиррӣ, қарордодҳои тиҷорӣ, мукотиботи дохилӣ ва асноди ширкатҳои фаросоҳилӣ дар чандин ҳавзаи қазоӣ аст.

Ин аснод ҳамроҳи мусоҳибаҳо бо мақомҳои давлатӣ ва мудирони ширкатҳои давлатии энержӣ нишон медиҳад, ки “худиҳо” ё “хоссагони сиёсӣ” дар Узбекистону Русия дар чорчӯби барномаи Мирзиёев садҳо майдони нафту гази ин кишварро ба чи шевае дар қабзу тасарруфи худ даровардаанд ва аз ҳуқуқу имтиёзҳои бағоят судоваре дар заминаи сохтусоз, ҳаффорӣ ва содирот бархурдор шудаанд, бе он ки ҳеч мадраке аз рақобатҳои солим дар муноқисаву музоядаҳо мавҷуд бошад.

Ёфтаҳои дигари калидии ин таҳқиқ:

  • Чеҳраи умда ва бонуфузи шабакаи хоссагони русу узбек, раҳбари камтар шинохташудаи ширкате аз Самарқанд, бо бастагони мақомҳои аршади амниятии собиқ дар Узбекистон пайвандҳои тиҷорӣ дорад.
  • Ширкатҳои умдаи сохтусоз ва ҳаффории чоҳҳои газ, ки зери чатри барномаи энержии Мирзиёев фаъолият мекунанд, дар қабзу тасарруфи ин марди бозаргон ба номи Бахтиёр Фозилов ҳастанд.
  • Дар гузориши маҳрамонаи байни-идорӣ ширкатҳои муртабит бо ин шабака ба нархгузории дурӯғ барои анҷоми хадамоте муттаҳам шудаанд, ки мумкин буд ширкатҳои давлатӣ басо арзонтар анҷом диҳанд.
  • Идораи таъсисоти умдаи захирасозии шабакаи гази Узбекистон ба як ширкати русӣ вогузор шудааст, ки молики исмии нахустини он як дастёри ҳуқуқӣ аз Сан-Петербург аст. Ва ӯ бо Геннадий Тимченко – сармоядори таҳримшуда аз сӯи Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо – равобити тиҷорӣ дорад ва гумон меравад гумоштаи Тимченко бошад.

Дар чорчӯби таҳқиқи худ, Радиои Озодӣ садҳо сафҳа аз ин аснодро мунташир мекунад, аз ҷумла гузоришҳои маҳрамона ва тасмимҳои раисҷумҳур, ки қаблан ҳаргиз дар дастраси умум қарор надоштаанд. Ин аснод ба барномаи энержии Мирзиёев ва ширкатҳову сарфахорони ин барномаҳо пайванд дорад.

Ин аснод нишон медиҳад, ки имтиёзҳо барои тавсеъа ва истихроҷи газ – ва қарордодҳои марбутаи сохтусоз ва ҳаффории чоҳҳои газ – ба ширкатҳои фаросоҳилии гумноме дар Қибрис, Сангопур, Чину Бритониё ва ҳавзаҳои дигари қазоӣ, ағлаб бар пояи амру фармонҳои худи Мирзиёев дода шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Газпром, ширкати бузурги давлатии Русия, монанди мори обии бисёрсарест, ки дар сартосари шабакаи сарфахорон аз барномаи энержии Мирзиёев аз ҳар мағоке сар берун мекашад. Лозим ба зикр аст, ки Кремлин муддатҳост, ки аз ин ширкати ғӯлосо ба унвони гурзи шашпари жеупулитик ё ҷуғросиёсии худ дар ҷамоҳири Шӯравии собиқ ва фаротар аз он истифода мекунад.

БИБИНЕД: Як сокини Тошканд ҳангоми мулоқот ва аҳволпурсии ғайричашмдошти Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон, нороҳатии худро аз вазъияти шабакаи гармирасонӣ бепарда баён кард..

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Uzbek President Persuades Cold Citizen That The Heating's Just Fine

Дар нишасти изтирории 16-уми январ дар Тошканд, Мирзиёев гуфт, ки ба идораи амнияти миллӣ (СНБ) дастур додааст, то мақомҳои барканоршуда ба хотири буҳрони газро бозҷӯӣ ва дар сурати ифшои костиҳо ба муҷозоташон “ҷиддан” иқдом кунад.

Суханони ӯ акси садое буд аз як натиҷагирии интиқодӣ дар гузориши маҳрамонае, ки дар моҳи январи 2020 ба давлати Мирзиёев ироа шуда буд. Албатта ин гузориш феҳристи тӯлонитаре аз номҳои афроди гунаҳкор дар буҳрони ахирро дар бар дошт.

Дар нишасти изтирории 16-уми январ дар Тошканд, Мирзиёев гуфт, ки ба идораи амнияти миллӣ (СНБ) дастур додааст, то мақомҳои барканоршуда ба хотири буҳрони газро бозҷӯӣ ва дар сурати ифшои костиҳо ба муҷозоташон “ҷиддан” иқдом кунад.

Гузориши маҳрамона

Дар замони ҳукумати худкомаи Ислом Каримов, пеш аз Мирзиёев, Узбекистон чандин қарордоди тавсеъаи истихроҷ ва лӯлакашии газ бо ширкатҳои энержии Русия, аз ҷумла Газпром, имзо кард. Бо ин ҳол, Каримов дар тӯли беш аз ду даҳаи ҳукуматаш, нисбат ба иқдомоти Маскав дар Осиёи Миёна бадгумон буд ва ҳатто аз пайвастан ба Иттиҳодия Иқтисодии Авруосиё худдорӣ мекард.

Билофосила пас аз марги Каримов дар моҳи сентябри 2016, Путин ва Газпром ба диду боздидҳое бо Мирзиёев оғоз карданд ва ӯ пас аз чанд рӯз аз сӯи порлумон ба унвони иҷрокунандаи вазифаи президент муаррифӣ шуд.

Аз ҳамон оғоз ҳувайдо буд, ки онҳо дар чеҳраи раҳбари ҷадиди Узбекистон як шарики мутамоил ба ҳамкориро пайдо кардаанд.

Дар моҳҳои баъдӣ, Мирзиёев бо судури фармонҳое ҳуқуқ ва имтиёзҳои судовари ковиш ва тавсеъаи майдонҳои гази табии Узбекистонро ба як муассисаи сармоягузории муштарак дод. Ин муассисаро Узбекнефтегаз якҷо бо як ширкати шеветсарии зермаҷмӯъаи Газпром таъсис дода буданд.

Мирзиёев ин муассисаро, ки Natural Gas-Stream ном дорад, мутасаддии барномае бо ҳазинаи $3.9 милёрд кард, ки сарпарасти молии он Газпром буд. Фаъолияти ин муассиса бо фармоне дар моҳи марти 2017 ба расмият дароварда шудааст. Ҳадафи ин барнома “итминон ҳосил кардан аз таъмини пойдори маводди ҳидрукарбун барои рафъи ниёзҳои ҷамъият ва иқтисоди кишвар" эълом шуда буд.

Яке аз меҳварҳои ин барнома афзоиши тавлиди гази ширкати Узбекнефтегаз ба миқдори беш аз 6 милёрд метри мукааб дар сол буд.

Барои пайгирӣ ва расад кардани пешрафти ин барнома ва соири ибтикороти муҳимми энержӣ, Мирзиёев дар моҳи ноябри 2019 як гурӯҳи кории байни-идорӣ созмон дод. Ин коргурӯҳ 35 тарҳ – ҳам таҳияшуда ва ҳам дар ҳоли иҷро – бо ҳазинаи наздик ба $40 милёрдро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Радиои Озодӣ ба нусхае аз натиҷаи кори ин гурӯҳ ва иттилоот аз чанд манбаи огоҳи дигар даст ёфтааст.

Натиҷаи кори ин гурӯҳ тасвире аз барномаҳои нафту гази давлатӣ ба даст медиҳад, ки пур аз ҳисоби ғалат, исрофу сохтакорӣ ва набуди шаффофият аст.

Аъзои ин гурӯҳ – ки шомили коршиносон аз ширкатҳои давлатии энержӣ, кумитаи заминшиносӣ ва девони муҳосибот буд – ба ин натиҷа расидаанд, ки аз миёни 17 тарҳи дар ҳоли иҷро бо ҳазинаи $24.5 милёрд, ду тарҳ бо арзиши $3.9 милёрд аслан судовар нест, шаш тарҳ бо ҳазинаи $9 милёрд арзиши иқтисодӣ надорад, ва шароити се тарҳ бо ҳазинаи $5.8 милёрд бояд бознигарӣ шавад.

Аз ҷумлаи 17 тарҳи баррасишуда яке барномаи чаҳорсолаи худи Шавкат Мирзиёев барои афзоиши тавлиди ҳидрукарбун буд.

Ғӯли энержии Бритониё, BP, захоири куллии гази табииӣ Узбекистонро ҳудуди 800 милёрд метри мукааб тахмин мезанад. Ва ҳадафи барномаи Мирзиёев афзоиши тавлиди солонаи газ ба миқдори 6,35 милёрд метри мукааб аст.

Таҳлили гурӯҳи корӣ нишон медиҳад, ки ин барнома дар талошҳои худ барои афзоиши тавлиди газ ноком монда ва дар соли 2018 танҳо ба 33 дарсад аз ин ҳадаф даст ёфтааст. Додаҳои дохилие, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, нишон медиҳад, ки тавлидоти Узбекнефтегаз ҳамчунон дар ҳоли қафомондагӣ аз ҳадафи Мирзиёев аст.

Дар авҷи сармо ва камбуди газ дар моҳи декабр, Вазорати энержии Узбекистон баёнияе содир кард, ки дар он омадааст, тавлидоти Узбекнефтегаз сол ба сол коҳиш меёбад. Вазорат ин равандро ба коҳиши захоири газ ва вуқуъи "пешомадҳое ногувор" дар майдонҳои гази "мутааллиқ ба ҷомеа" нисбат дод.

Аммо арзёбии се сол пеши гурӯҳи корӣ фарқ дорад. Дар гузориши худ ин гурӯҳ навишта буд, ки "қонуншиканӣ ва мушкилоти ҷиддии бешумореро” кашф кардааст, ки “аз тавсеаи пойдори саноати нафту газ монеъ мешаванд ва ин ба нафъи давлат нест."

Бисёре аз интиқодҳои тунди ин гурӯҳ мутаваҷҷеҳи паймонкорони аслии барномаи Мирзиёев, Еriell Group ва Еnter Еngineering аст. Муаллифон онҳоро ба дарёфти пардохтҳои газоф барои хадамоти ночиз ва амал накардан ба таъаҳҳудоташон дар боби таҳия ва навсозии таҷҳизот барои паймонкорони фаръӣ муттаҳам кардаанд.

Бар асоси таҳлили қарордодҳо аз сӯи гурӯҳи корӣ, ширкати Eriell бобати хадамоти худ дар марҳилаи аввали барномаи Мирзиёев барои афзоиши тавлиди ҳидрукарбун, $400 милюн пардохти изофӣ дарёфт кардааст. Дар айни ҳол, ин ширкат дубора барои корҳои ҳаффорию таъмир воҳидҳои Узбекнефтегазро кироя кардааст. Гурӯҳи корӣ мегӯяд, воҳидҳои Узбекнефтегаз ин корҳоро “ба баҳои бисёр пойинтар аз қиматҳои таъйиншуда дар қарордод" анҷом додаанд.

Ин иддао акси садо аз як арзёбии маҳрамона, ки пештар дар соли 2019 аз сӯи Boston Consulting Group анҷом шуда ва нусхае аз он ба дасти радиои Озодӣ расидааст. Дар ин гузориш, ширкати Eriell як паймонкори "инҳисорӣ" барои таъсисоти Узбекнефтегаз хонда шудааст. Гуфта мешавад, агар корҳои ин ширкатро худи Узбекнефтегаз анҷом медод, ҳазина ва харҷаш аз ду то чаҳор баробар камтар мешуд.

Баррасии асноди молӣ дар ҳавзаҳои қазоии мухталиф нишон медиҳад, ки ширкатҳои Еriell ва Еnter Еngineering аз сардамдорони аслии шабакаи русӣ-узбекии афроди “худӣ” ё хоссагони сиёсӣ ҳастанд. Ин шабака шомили олигархҳои муртабит бо Кремл, муташаккил аз мақомҳои аршади амниятӣ ва мудирони ширкатҳои давлатӣ, ва тоҷире гумном аз Самарқанд аст, ки равобити деринае бо Газпром дорад.

Пули ‘инҳисорӣ’

Оғози корномаи Еriell ба соли 1999 бармегардад – замоне, ки як сокини Самарқанд ба номи Бахтиёр Фозилов ширкате ба номи Еriell Сorporation дар шаҳри Прага ба сабт расонд. Дар оғоз Еriell ба фурӯши таҷҳизоти ҳаффории Русия ба Узбекистон машғул буд, вале батадриҷ худаш ба як ширкати ҳаффорӣ табдил шуд ва ба лутфи муомилоташ бо Узбекнефтегаз батадриҷ ҳаффории майдонҳои нафту гази Узбекистонро ба инҳисори худ даровард.

Пас аз вуруди Еriell ба бозори Русия дар соли 2008 ва имзои қарордодҳо бо ширкатҳои ғӯлосои русӣ, монанди Газпром, Роснефт ва ширкати гази Тимченко, мавсум ба Новатек, Газпромбанк 46 дарсад аз саҳоми ширкати Фозиловро бо харҷи $100 милюн харид.

Дар ҳоле ки ширкати Еriell ба фаъолияти худ дар Узбекистон идома медод, бо даргузашти Каримов ва рӯи кор омадани Мирзиёев дар соли 2016 буд, ки сарвати ин ширкат – ва иқболи Фозилов – ба авҷи шукуфоӣ расид.

Бахтиёр Фозилов

Тайи шаш соли гузашта, Еriell ва Еnter Еngineering – ширкати дигаре, ки аз рӯи коғаз мутаъаллиқ ба Фозилов аст, ҳамроҳ бо Газпромбанк – ё бо ҳам ё ҷудогона, барои дастикам 9 тарҳи умдаи нафту газ ҳамчун паймонкорони аслӣ баргузида шудаанд. Ҳазинаи кулли ин тарҳҳо ҳудуди $23 милёрд аст.

Асноди таҳсилу хариди давлати Узбекистон нишон медиҳад, ки дар солҳои 2017 ва 2018 ба ин ду ширкат ба маблағи дастикам $1,9 милёрд қарордодҳои сохтусоз ва таъмир барои кор дар майдонҳои нафту гази кишвар эъто шудааст.

Яке аз ҳамкорони Фозилов, ки нахост номаш ифшо шавад, ба радиои Озодӣ гуфт: “Аз моҳи сентябри 2016 ба ин сӯ, ҳатто як метри мукааб аз газе, ки аз Узбекистон хориҷ мешавад, бидуни иҷозаи Бахтиёр Фозилов содир нашудааст.”

Бахтиёр Фозилов (чап) бо вазири энержии вақти Узбекистон, Алишер Султонов

Парвандаҳои молӣ ҳокист, ки ширкати модари Eriell дар минтақаи худгардони Ҷерсии Бритониё мустақар аст ва гардиши солонаи дороиҳояш ҳамеша $1-милёрд аст.

Ба далели истифода аз ширкатҳо ва афроди номзад, шиносоии дақиқи моликони воқеӣ ва зинафъи Еriell душвор аст, вале бар рӯи коғаз моликияти муштараки он – аз тариқи ширкатҳои фаросоҳилӣ – мутааллиқ ба Фозилов, Газпромбанк ва як ширкати русӣ ба номи АМГА Сonsulting аст, ки бо ширкатҳои Тимченко ва домодаш нишонии муштараке дорад. Шарикони тиҷории Тимченко дар ширкатҳое, ки қаблан дар Eriell саҳом доштанд, низ нақшҳое иҷро кардаанд.

Дар парвандаи молии худ дар моҳи декабри 2019, ширкати Enter Engineering – ки Фозилов аксарияти саҳоми онро аз тариқи як ширкати қибрисӣ дар ихтиёр дорад – тақрибан аз $1 милёрд даромади марбут ба тарҳҳояш дар Узбекистон хабар додааст, ки $670 милюн аз он ба зерсохтҳои энержӣ марбут аст.

Мустақил аз якдигар, манобеъи зиёд ва марбут ба бахши энержии Узбекистон, Фозиловро ҳамчун шарики аслии Газпром дар Узбекистон тавсиф карданд.

Як шарики тиҷории ӯ ба радиои Озодӣ гуфт: “Тамоми фурӯши газ дар Узбекистон аз тариқи ӯ (Фозилов) анҷом мешавад.”

Баррасии асноди тиҷорӣ нишон медиҳад, ки Фозилов ҳамчунин бо писарони ду мақоми аршади собиқи амниятӣ равобити тиҷорӣ доштааст.

Дар Русия, Фозилов аз тариқи чанд ширкат бо Равшану Эркин Убайдуллоевҳо, писарони сарҳанги собиқи амниятӣ, Умар Убайдуллоев, ва Шариф Иноятов, писари Рустам Иноятов, ки аз 1991 то 2018 раиси Идораи амнияти миллӣ буд, шарик будааст.

Равшан Убайдуллоев ва Шариф Иноятов ҳарду қаблан бо ширкати қибрисие, ки Фозилов аз тариқи он молики Eriell аст, иртиботҳои молӣ доштаанд. Парвандаҳои молӣ нишон медиҳад, ки дар моҳи январи 2016 як ширкати қибрисӣ ба номи Ерilico Limited – ки аз тариқи он Фозилов саҳомдори Eriell аст – ба як ширкати дигари қибрисӣ ба номи Rilves Limited қарз додааст. Як ширкати зермаҷмӯъаи Еriell ба номи Gillard Middle East FZE низ ба ширкати Rilves қарз додааст.

Дар замони додани қарз, Равшан Убайдулоев ва Шариф Иноятов аз ҷумлаи моликони зинафъи ширкати Rilves маҳсуб мешуданд.

Эркин Убайдуллоев, дар айни ҳол, ба унвони молики аслии як ширкати қибрисӣ ба номи C.E. Civil Engines сабт шудааст. Тибқи гузориши коргурӯҳ, ин ширкат байни солҳои 2016 ва 2019 аз ширкатҳои вобаста ба Узбекнефтегаз теъдоди 91 воҳиди тулумбазанӣ ва фишору дамиши газ барои таъмирот ба маблағи $133 милюн дарёфт кардааст.

Дар гузориш иддао шуда, ки таъхир дар таъмирот аз сӯи C.E. Civil Engines боиси талаф шудани тавлиди 11,3 милёрд метри мукааб аз газ шудааст.

Арзёбии ҷудогона дар як гузориши маҳрамонаи Boston Consulting Group ҳокист, ки дар солҳои 2017-2018 ҳазинаи таъмирот ва таҳвили турбинҳои газӣ аз тариқи C.E. Civil Engines $37 милюн бештар аз арзиши аслии он баҳогузорӣ шудааст.

На бародарон Убайдуллоевҳо ва на Шариф Иноятов ба дархостҳо барои изҳори назар посух надоданд.

Аз дигар шарикони тиҷории Фозилов дар Русия Кирил Матвеев, писари Алексей Матвеев, ноибраиси Газпромбанк ва раиси ҳайъати мудираи Eriell аз соли 2012 ба ин сӯ маҳсуб мешавад. Вай дар моҳи майи 2022 тавассути Иёлоти Муттаҳида таҳрим шуд. На Матвееви аршад ва на писараш ба дархости изҳори назар посух надоданд.

Фозилов ба дархости радиои Озодӣ барои изҳори назар дар бораи феҳристе аз пурсишҳо бобати амалиёти тиҷорӣ ва саҳомаш дар бахши энержии Узбекистон посух надод. Аммо дар посух ба ҳамкори илмии радиои Озодӣ дар ин таҳқиқ, Кристиян Лослет аз Донишгоҳи Улстер, Фозилов иддиъо кард, ки пурсишҳои марбут ба манофеъи тиҷорӣ ва шариконаш дар Узбекистон ҳовии иттилооти "ноқис, нодуруст, ғалати фоҳиш" аст.

Фозилов дар посухаш аз тариқи имейл навишт: "Дар робита ба суолоти шумо – бо таваҷҷуҳ ба моҳияти маҳрамонаи равобити тиҷорӣ, мо мутаассифона наметавонем ба суолоти шумо посух диҳем. Аммо, таъкид ва таъйид мекунем, афроде, ки ин иттилоотро ба шумо додаанд, шуморо ҷиддан гумроҳ кардаанд.”

Сухангӯи Газпромбанк Антон Трифонов дар посухаш аз тариқи имейл ба суолномаи Лослет дар бораи фаъолиятҳои тиҷорӣ ва шарикони ин ниҳоди молии қарздиҳанда дар Узбекистон иддао кард, ки ин таҳқиқ “мубтанӣ бар ин фарзи ботил аст, ки гӯё Газпромбанк дар тарҳҳои иқтисодии Узбекистон бо шароити ноъодилона ва номуносиб мушорикат мекунад."

Трифонов гуфт: “Бино бар ин, мо ночорем фарзро бар ин бигзорем, ки бисёре аз изҳороти "воқеии" дигар дар номаи шумо дар мавриди бонк ва соири ниҳодҳо ва афрод ба ҳамон андоза беасосу гумроҳкунанда ҳастанд.”

“Ба нафъи давлат нест”

Ширкатҳои Eriell ва Enter Engineering танҳо ширкатҳои муртабит бо Фозилов ва манофеъи тиҷории Русия нестанд, ки аз барномаи умдаи энержии Мирзиёев суди фаровоне ба даст овардаанд.

Фозилов муассис ва саҳомдори як ширкати қибрисӣ ба номи Altmax аст, ки дар бархе аз тарҳҳои баландпарвозонаи газии анҷомшуда дар замони ҳукумати Мирзиёев – аз ҷумла барномаи чаҳорсолаи ӯ барои афзоиши тавлиди ҳидрукарбун, саҳм дорад.

Ширкати Altmaxс 49 дарсади саҳоми Natural Gas-Stream, муассисаи сармоягузории муштарак бо Узбекнафтгазро, ки Мирзиёев онро мутасаддии ин барномаи $3.9-милёрдӣ кардааст, дар ихтиёр дорад.

Муассисаи Natural Gas-Stream дар ибтидо тавассути Узбекнефтегаз ва як ширкати зермаҷмӯъаи Газпром дар Суис - Gas Project Development Central Asia AG – таъсис шуд, ки аъзои ҳайъати мудираи қаблии он шомили Матияс Ворниг мешуд – ҷосуси собиқи табдилшуда ба як бонкдор дар Олмони шарқӣ ва аз дӯстони деринаи Путин. Ин ширкати суисӣ акнун вобаста ба як ширкати қибрисӣ аст, ки Фозилов молики он аст ва Аltmax бештари саҳоми онро дар Natural Gas-Stream дар ихтиёри худ гирифтааст.

Раиси ҷумҳур Шавкат Мирзиёев (васат) ва Бахтиёр Фозилов (рост)

Як парвандаи молии ширкати Altmax, ки дар соли 2017 ироа шуда, вазни ширкатро дар барномаҳои энержии Мирзиёев барҷаста месозад. Дар ин парванда омада, ки дар моҳи апрели ҳамон сол, Altmax ва шариконаш дар Natural Gas-Stream як қарордоди тавлиди муштаракро бо давлати Узбекистон имзо кардаанд, ки "ҳаққи инҳисории пешбарӣ ва анҷоми ҳама гуна амалиёти нафту газ" дар Узбекистонро ба муддати 35 сол ба онҳо медиҳад.

Аммо гузориши маҳрамонаи гурӯҳи корӣ тасвире начандон ҷаззоб аз мудирияти барномаи Мирзиёев тавассути Natural Gas-Stream ироа медиҳад.

Дар ин гузориш омадааст, ки Natural Gas-Stream газро аз корхонаи фароварии гази Муборак, вобаста ба Узбекнефтегаз – ки барои арзаи дохилӣ пешбинӣ шудааст – дар ҷанубшарқи кишвар бо қиматҳои пойин харида ва онро бо баҳои гарон ба хориҷ аз кишвар фурӯхтааст. Ва даромади ҳосил аз онро барои пардохти ҳазинаҳои газофи амалиётӣ ва вомҳои ихтисосии Газпромбанк барои Eriell сарф кардааст.

Дар гузориш омадааст: “Дар натиҷа, фаъолияти Natural Gas-Stream дарвоқеъ суд ё ҳазоири молии изофӣ эҷод намекунад, балки бар зиёни Узбекнефтегаз аст.”

Ширкати Altmax аз замоне, ки Фозилов онро дар соли 2015 таъсис дод, то ба ҳол сохтори моликияташ чанд бор иваз шудааст. Фозилов ҳоло 50 дарсади саҳоми онро аз тариқи як ширкати сангопурӣ дар ихтиёр дорад, дар ҳоле ки ними дигари он мутаъаллиқ ба як ширкати қибрисӣ аст. Милёрдери рус Андрей Филатов – раиси Федеросиюни шатранҷи Русия ва яке аз ҳамкорони тиҷории Тимченко – иддиъо дорад, ки ин ширкати қибрисӣ мутаъаллиқ ба ӯст.

Ду рӯз пас аз ин ки радиои Озодӣ аз Филатов дар мавриди Altmax ва пайвандҳои тиҷорияш бо Фозилов дархости ибрози назар кард, ин тоҷири рус баёнияеро дар торнамои Федеросиюни шатранҷи Русия мунташир сохт ва гуфт 50 дарсади саҳоми ширкати қибрисиро, ки аз Фозилов харидорӣ карда, дар ихтиёр дорад.

Дар баёнияи Филатов, ки 3 феврал мунташир шуд, омада: "Ба унвони як тоҷир, ман манофеъи тиҷории густардае, аз ҷумла дар бахши нафту газ, дорам. Вале, агарчи дар садоқати оқои [Фозилов] шак надорам, дар тиҷорати амалии ӯ шарик нестам."

Раиси ҷумҳур Шавкат Мирзиёев (чап) ва Андрей Филатов аз Altmax Holding (марказ)

Гузориши маҳрамонаи гурӯҳи корӣ ба мушкилоти зиёде дар тарҳҳои дигари энержӣ ҳам, ки Мирзиёев ба Аltmax эъто карда буд – аз ҷумла костиҳои марбут ба шаффофияти ин ширкати қибрисӣ, ишора кардааст.

Ширкате, ки Мирзиёев мутасаддии як барномаи иктишофу тавсеаи $5.8-милёрдӣ дар майдони гази M25 дар ҷануб-шарқи вилояти Сурхондарё карда буд, 75 дарсади саҳоми он аз тариқи як ширкати фаросоҳилӣ дар ҲунгКунг ба Altmax мутаъаллиқ аст. Ширкатҳои Еriell ва Еnter Engineering ҳам паймонкорони аслии ин тарҳ ҳастанд.

Гурӯҳи корӣ навишта, ки сохтори моликияти ин ширкат имкони “анҷоми фаъолиятҳои молии шаффоф ва арзёбии саҳоми бунёнгузорони хориҷиро” намедиҳад. Ва афзуда, ки бар асоси тавофуқномаи мушорикат дар тавлид, тарафи Узбекистон 10 дарсад аз фоидаи ҳосилшударо дарёфт мекунад, ки ин “ба нафъи давлат нест."

Гумоштаи Тимченко

Ба торихи 19 октябри 2018, Мирзиёев дар ҷаласаи мизи гирде дар Тошканд дар рӯбарӯи Путин нишаст, дар канори ҳарду раисҷумҳур мақомот ва бозаргонони кишварҳои Узбекистону Русия ба онҳо нигоҳ мекарданд.

Дар суҳбат бо Путин, Мирзиёев гуфт, ки тибқи пешбиниҳо мизони тиҷорат байни ду кишвар тайи ду сол ба $10 милёрд мерасад, ва феҳристе аз ширкатҳои “умдаи” Русияро, ки Узбекистон бо онҳо қарордодҳои бузурге ба маблағи $25 милёрд барои панҷ соли оянда имзо карда буд, пеш гузошт.

Ин феҳрист ширкатҳои бузургу ғӯлосои Русияро дар бар дошт: ширкатҳои энержии Газпром ва Лукойл, созмони давлатии ҳастаии Росатом, ва ниҳодҳои молии вомдиҳанде чун Газпромбанк ва VEB. Аммо дар феҳристи Мирзиёев як ширкати русии гумном ҳам буд, ки номашро раиси ҷумҳурии Узбекистон иштибоҳан “Ворус” талаффуз кард.

Номи ин ширкат дарвоқеъ Forus аст ва он соле пештар аз ин рӯйдод аз сӯи як дастёри ҳуқуқии 27-сола дар Сан-Петерзбург ба сабт расида буд. Ин шахс замоне ки Мирзиёев номи ширкатро иштибоҳӣ талаффуз кард, танҳо саҳомдори ин ширкат буд – ҳадди ақал бар рӯи коғаз.

Танҳо ду рӯз қабл аз мулоқоти Мирзиёев бо Путин, ширкати Forus як муассисаи сармоягузории муштарак – ҳамроҳ бо як ширкати зермаҷмӯъаи Узбекнефтегаз – ба номи Gazli Gas Storage таъсис дода буд. Forus 60 дарсад аз саҳоми ин муассисаро дар ихтиёр гирифт, дар ҳоле ки 40 дарсади он ба ширкати давлатии энержии Узбекистон таъаллуқ гирифт – ин сохтори моликият бетағйир боқӣ мондааст.

Мирзиёев ду ҳафта баъд дар фармоне, ки ҳаргиз дар дастраси умум қарор нагирифт, аммо ба дасти Радиои Озодӣ расид, дар бораи ҳамкории давлаташ бо ин ширкати машкуки русӣ тавзеҳ додааст. Ин тарҳ нақшаҳоеро барои Узбекнефтегаз ва Forus барои афзоиши зарфияти таъсисоти аслии зерзаминӣ барои захирасозии гази Узбекистон, воқеъ дар наздики шаҳри Газлӣ дар ҷануб-ғарби Бухоро, тасреҳ мекунад.

Ҳадафи ин барнома афзоиши зарфияти газ аз 3 милёрд метри мукааб ба 10 милёрд метри мукааб ва иктишофу тавсеъаи ҳидрукарбунҳои воқеъ дар майдонҳои муҷовири Газлӣ буд. Ҳазинаи ин тарҳ $850 милюн зикр шуда буд – маблағи ба зоҳир ҳавлноке барои Forus, ки сармояи аввалияи он танҳо 155 дулор буд.

Таъсисоти захирасозии гази Газлӣ дар қалби шабакаи ҳамлу нақли гази Узбекистон, дар чаҳорроҳи масирҳои лӯлаҳои гази мунтаҳӣ ба Русия, Туркманистон, Қазоқистон ва Чин қарор дорад.

Гузориши маҳрамонаи гурӯҳи кории байни-идорӣ, ки ба давлати Мирзиёев ироа шуда буд, нигарониҳои зиёдеро дар мавриди қарордоди $850-милюнии тавсеъаи Газлӣ, бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти роҳбурдии таъсисоти Газлӣ барои Узбекистон, матраҳ кардааст.

Дар ин гузориш омада, ки тавсеъаи ин таъсисот аҳаммияти иқтисодӣ надоштааст – назаре, ки акси садои онро дар гузориши маҳрамонаи соли 2019 аз сӯи Boston Consulting Group метавонд мушоҳида кард. Ин гурӯҳ ин тарҳро "ғайриамалӣ" хонда буд. Гурӯҳи корӣ ҳамчунин мегӯяд, ки ин қарордод амнияти энержии кишварро ба хатар андохтааст, зеро тибқи он имкони кунтрули ин дороии роҳбурдии Узбекистон ба як ширкати гумном ва бо хостгоҳи машкук вогузор шудааст.

Ба ин тартиб, чи касе дақиқан молики ин ширкати кӯчаки русӣ аст, ки идораи ин дороии муҳимми энержии Узбекистонро дар ихтиёр дорад?

Шавоҳиди баррасишуда тавассути Радиои Озодӣ нишон медиҳад, муассиси Forus, ки то декабри 2021 саҳомдори 100-дарсадии ин ширкат буд, аз гумоштагони милёрдери русӣ Тимченко, дӯсти деринаи Путин аст, ки аз соли 2014 ба ин сӯ дар феҳристи таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодия Урупо қарор дорад.

Геннадий Тимченко дар соли 2019

Додаҳои бадастомада аз манобеъи расмии Русия нишон медиҳад, ки бунёнгузори Forus, Айда Чачхалия, ба унвони дастёри ҳуқуқӣ дар ширкати ҳуқуқии Ivanyan & Partners дар Сан-Петерзбург кор мекард. Ин ширкат ваколати ҳам Тимченко ва ҳам давлати Русияро дар умури ҳуқуқии хориҷӣ бар уҳда доштааст.

Чачхалия, ки акнун 33 сол дорад, бо Тимченко ҳамчунин ширкатеро барои мудирияти манофеъи тиҷории ӯ дар санъати шаробсозӣ таъсис дода – ва баъдан тамоми саҳоми ин ширкатро дар ихтиёри худ гирифт. Ӯ бо домоди Тимченко, Глеб Франк низ, ки соли гузашта таҳти таҳримҳои Омрико қарор гирифт, шарики тиҷорӣ аст.

Манобеъи зиёде, ки дар бахши энержии Узбекистон кор мекунанд, аз ҷумла як коршиноси Узбекнефтегаз, ки нахост номаш ифшо шавад, низ ба радиои Озодӣ гуфт, ки Тимченко аз сафахорон ё судбарони аслии Forus ва тарҳи Газлӣ аст.

Худи Тимченко ба дархости изҳори назар дар мавриди мушорикаташ дар ширкати Forus ва тарҳи Газлӣ посухе надод.

Айда Чачхалия

Радиои Озодӣ аз тариқи телефон бо Чачхалия дар ширкати Ivanyan & Partners тамос гирифт. Ӯ дар посух ба суоле дар бораи нақшаш ба унвони муассис ва молики 100-дарсадии собиқи Forus гуфт: "То ҷое ки ба ёд дорам, ман дигар муассис нестам." Чачхалия гуфт муътақид аст, ки "чанд сол пеш" аз моликияти ширкат хориҷ шудааст.

Моликияти феълии Forus аз тарафи як ширкати мутааллиқ ба Газпром, ки саҳомдорони ширкатҳои бузурги русиро сабт мекунад, нуҳуфта боқӣ мондааст.

Чачхалия дар посух ба пурсише дар мавриди тамоюлаш ба сармоягузорӣ дар Узбекистон гуфт, ки моил ба изҳори назар дар ин бора нест. Вай тавсия кард, хабарнигоре бо "раҳбарони феълии" ширкат тамос бигирад, аммо аз онҳо ном набурд. Чачхалия дар посух ба ин суол, ки оё ӯ муассис ва молики воқеъии ширкати Forus ҳаст ё хайр, тамоси телефуниро қатъ кард.

Ширкати Forus ба дархостҳо барои изҳори назар посух надод.