Корвони кумакҳои Узбакистон ба Тоҷикистон расид. ВИДЕО, АКС

Корвони кӯмакҳои башардӯстонаи Узбакистон субҳи 7 март тариқи гузаргоҳи "Дӯстӣ" дар марзи Турсунзода бо Деҳнав, вориди Тоҷикистон шуд. Чаҳор "Камаз"-и иборат аз 60 тонна хӯрокворӣ, маводи сохтмонӣ ва сӯзишворӣ барои сокинони аз офати табии зарардидаи Тоҷикистон фиристода шудаанд.

Корвони кӯмакҳои башардӯстонаи Узбакистонро сафири он кишвар дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоҳисломов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Рустам Назарзода, раиси Кумитаи захираҳои давлатӣ Нураҳмад Аҳмадзода ва масъулони вазорати умури хориҷӣ истиқбол кардаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кӯмакҳои башардӯстонаи Узбакистон ба Тоҷикистон

Расонаҳои Узбакистон қаблан иттилоъ дода буданд, ки ин кӯмакҳо бо дастури раиси ҷумҳури он кишвар Шавкат Мирзиёев барои сокинони аз офати табии зарардидаи Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Дар пайи барфбориҳои шадид ва резиши тарма дар манотиқи гуногуни кишвар, ки талафони ҷонӣ ҳам дар пай дошт, Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархост кардааст, ки барои рафъи оқибатҳои табиӣ ба ин кишвар кӯмак кунад. Тайи ду моҳи гузашта дар Тоҷикистон наздики сад тарма фаромад, ки сабаби масдуд шудани ҷодаҳо гардид ва бар асари ин ҳодисаҳо беш аз 20 нафар ба ҳалокат расиданд.

Кӯмакҳои башардӯстонаи Узбакистон ба Тоҷикистон