"Узбекистон ҳаво йулларӣ": "Аз парвоз ба Душанбе суде намебарем"

Сафорати Узбекистон дар Тоҷикистон аз мақомоти Тоҷикистон дархост кард, ки барои истифодаи хизматрасонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ба ширкати "Узбекистон ҳаво йуллари" тахфиф диҳад.

Масъулини "Ҳаво йуллари" мегӯянд, ки нархи хизматрасонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барояшон хеле гарон аст ва аз ҳар парвоз аз 5 то 8 ҳазор доллар зарар мебинанд. Дар тӯли як соли ахир ширкати "Узбекистон ҳаво йуллари" дар масири Душанбе-Тошканд-Душанбе ҳафтае як маротиба парвоз анҷом медиҳад.

"Мо танҳо барои ташаккур парвоз карда истодаем"

Орифҷон Рӯзимуродов, роҳбари намояндагии ширкати "Узбекистон ҳаво йуллари" дар Душанбе рӯзи 25-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, нархи хизматрасонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хеле гарон аст. Ба қавли ҷаноби Рӯзимуродов, мақомоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба чандин дархостҳои онҳо дар бораи коҳиш додани нарх посух надоданд ва баръакс моҳи октябри соли гузашта нархро барои ҳама боло бурданд.

Коршиносони бахши ҳавонавардӣ мегӯянд, ки агар Тоҷикистон бихоҳад ба як кишвари транзитӣ табдил ёбад, бояд пеш аз ҳама нархи хадамоти фурудгоҳро поён барад.

"Ҳоло тамоми маблағи фурӯши чипта танҳо барои пӯшиши хадамоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарф мешавад ва ширкат аз ин парвоз фоидае ба даст намеорад. "Мо феълан фақат барои ташаккур парвоз анҷом медиҳем. Мо илтимос кардем, ки барои дӯстӣ нархро паст кунед. Ҳеҷ набошад нархро як сол паст кунед, мо камтар аз бозори Тоҷикистон даромад гирем, баъд баланд кунед. Инҳо хуб-хуб гуфта, аз 1 октябр боз нархро баланд карданд",-гуфт Орифҷон Рӯзимуродов.

Ин масъули ширкати “Узбекистон ҳаво йуллари” дар Душанбе мегӯяд, хатсайри Душанбе-Тошканд барои ширкат на танҳо фоидаовар нест, балки баръакс аз ҳар парвоз онҳо аз 5 то 8 ҳазор доллар зарар мебинанд.

"Нархи Фурудгоҳи Душанбе аз Тошканд се баробар гаронтар аст"

Ба қавли Орифҷон Рӯзимуродов, нархи хизматрасонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз фурудгоҳи Тошканд се баробар гаронтар аст. Ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ мегӯяд, ҳоло ҳар ҳафта аз Душанбе ба Тошканд як парвоз анҷом медиҳанд ва дар ҳар парвоз аз 30 то 50 мусофир сафар мекунанд.

"Фурудгоҳи Душанбе: Нархҳо бо Хадамоти мувофиқа шудаанд"

Масъулини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯянд, нархҳои хизматрасонии онҳо бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа карда шудааст. Ба қавли масъулини Фурудгоҳи Душанбе, онҳо ҳаққ надоранд мустақилона ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ тахфиф диҳанд.

"Додани тахфиф ба ин ё он ширкатро Хадамоти зиддиинҳисории мамлакат ҳаллу фасл менамояд ва агар ин ниҳод чунин тасмим бигирад, пас тахфиф дода мешавад. Дар мавриди додани тахфиф ба ширкати "Узбекистон ҳаво йуллари" низ Фурудгоҳи Душанбе наметавонад худ тасмим бигирад ва бояд ин масъаларо бо сохторҳои дигари марбута баррасӣ кунад",-афзуд манбаъ.

Дар Фурудгоҳи Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, тибқи дастури ҳукумати Тоҷикистон феълан тахфиф танҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дода мешавад ва ин ҳам бо мақсади дастгирӣ намудани онҳо аст.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар вокуниш ба иддаои ширкати “Узбекистон ҳаво йуллари” гуфт, ба ин ширкат 10 намуди тахфиф додааст. Пеш аз ин “Узбекистон ҳаво йуллари” аз гарон будани нархи хадамоти Фурудгоҳи Душанбе шикоят карда гуфта буд, маблағи фурӯши чиптаро 100 дарсад ба Фурудгоҳ медиҳад.

Масъулини Фурудгоҳи Душанбе субҳи 26 апрел дар вокуниш ба назари ширкати “Узбекистон ҳаво йуллари” гуфт, ин ширкат дар чандин намуди хизматрасониҳо тахфиф дорад. “Узбекистон ҳаво йуллари” беш аз 10 намуди тахфиф барои хизматрасонии рӯизаминӣ дорад!”-гуфтанд дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.

Парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд пас аз 25 сол

Парвоз дар хатсайри Душанбе-Тошканд як соли ахир идома дорад. Дар ҳоли ҳозир дар як ҳафта як бор ҳавопаймоҳои "Узбекистон ҳаво йулларӣ” аз Тошканд ба Душанбе ва бараъкс парвоз анҷом медиҳанд. Ин тасмим дар моҳи апрели соли гузашта ва баъд аз 25 соли "танаффуси иртиботи ҳавоӣ" миёни Тошканду Душанбе гирифта шуд.

Парвози нахустин ва санҷиширо дар ин масир моҳи феврали соли гузашта ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон анҷом дод ва эълон кард, ки парвози мунтазамро аз охири ҳамон моҳ шурӯъ мекунад.

Ҳарчанд ин ширкат фурӯши билетро ба роҳ монд, натавонист, ки ба парвозаш идома диҳад. Ахиран мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳоло парвози ҳавопаймоҳои як ширкат миёни Душанбеву Тошканд кофист ва дар сурати зарурат парвозҳои иловагиро ба роҳ хоҳанд монд.

"Чаро нархи Фурудгоҳи Душанбе гарон аст?"

Мақомоти узбек дар ҳоле хостори тахфиф додан ба ширкати “Узбекистон ҳаво йуллари” шудаанд, ки чандин ширкатҳои дигари ҳавонавардӣ низ аз гарон будани пардохтҳои Фурудгоҳи Душанбе норизоиятӣ мекунанд.

Масъули яке аз ширкатҳои русӣ, ки ба Душанбе парвоз анҷом медиҳад, мегӯяд, барои ҳар парвозашон бо тайёраи калонҳаҷми “Боинг 737-800” ба Фурудгоҳи Душанбе то 15 ҳазор доллар маблағ месупоранд, ки барояшон хеле гарон аст.

Ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоле агар мусофир кам бошад, ин қиммат то 11 ҳазор доллар поён меравад, аммо барои сӯзишворӣ, хадамоти “Тоҷикаэронавигатсия” ва хӯрока маблағи иловагӣ пардохт мекунанд.

Фурудгоҳи шаҳри Душанбе феълан барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳудуди 23 хадамоти худро пешниҳод мекунад. Сар карда аз фуруд омадани ҳавопаймо, трап, автобус барои интиқоли мусофирон ба терминал, интиқоли бор то таъмини бехатарӣ ба хадамоти Фурудгоҳи Душанбе ворид мешавад. Нархҳо низ вобаста ба моҳҳои сол ва шабу рӯз фарқ мекунанд. Азҷумла нархи фурудоии ҳавопаймо дар шаб нисбат ба рӯз 40 фоиз зиёдтар аст.

"Вақте нархи фурудгоҳ баланд аст, чипта низ гарон мешавад"

Коршиносон мегӯянд, нархи хизматрасониҳои фурудгоҳ яке аз омилҳои аслӣ дар вақти таини нархи чиптаи ҳавопаймо мебошад. Мутахассисон мегӯянд, замони муайян кардани нархи хатсайри ҳавоӣ, ширкатҳо нахуст нархи хадамоти фурудгоҳҳоро ба назар мегиранд.

Наим Раупов, як мутахассиси соҳаи авиатсия, ки таҷрибаи 15 соли кор дар ин соҳаро дорад мегӯяд, то вақте хадамоти фурудгоҳҳо коҳиш наёбад, набояд мунтазири арзон шудани нархи чипта шуд. Ин таҳлилгари тоҷик нархи чиптаи ҳавоӣдар Тоҷикистон ва Қирғизистонро мисол овард, ки аз ҳам хеле фарқи калон доранд.

"Мусофирон зиёд шикоят мекунанд, ки чаро нархи чипта аз Тоҷикистон ба Русия нисбат ба Қирғизистон хеле қимат аст. Барои он нархи чипта аз Қирғизистон ба Русия арзон аст, ки қиммати хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳои Қирғизистон нисбат ба Тоҷикистон арзонтар аст. Вақте нархи хизматрасонии фурудгоҳ поён равад, ширкатҳо низ водор мешаванд нархи чиптаро поён баранд".-афзуд Наим Раупов.

Дар умум коршиносони бахши ҳавонавардӣ мегӯянд, агар Тоҷикистон бихоҳад ба як кишвари транзитӣ табдил ёбад, бояд пеш аз ҳама нархи хадамоти фурудгоҳро поён барад. Зеро ба қавли таҳлилгарон, вақте нархи хадамоти фурудгоҳ дастрас бошад, теъдоди ширкатҳои ҳавонавардӣ низ бештар мешавад ва аз ин ҳисоб Тоҷикистон метавонад ба кишвари транзитӣ табдил шавад. Аммо ба назари коршиносони соҳа, фурудгоҳ ва ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон ба афзудани ширкатҳои рақиб дар бозор омода нестанд ва талош мекунанд ба истилоҳ “монополия”-ро ҳифз кунанд.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе яке аз калонтарин фурудгоҳҳои Тоҷикистон буда, аз он ба чандин шаҳрҳои Русия, Бишкек, Алмато, Туркия, Тошканд, Дубай, Урумчи ва Франкфурт парвозҳо сурат мегиранд. Дар умум дар Тоҷикистон панҷ фурудгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар (Қурғонтеппаи собиқ) ва Хоруғ амал мекунанд.