"Рӯзи баъди Каримов" дар Узбакистон фаро расид

Дар Узбакистон, билохира, рӯзе фаро расид, ки ҳама кор аз сифр шурӯъ мешавад. Барои аввалин бор дар 25 соли истиқлолият мардуми Узбакистон дар кишваре бедор мешавад, ки раҳбараш дигар Ислом Каримов нест.

Ин ҳамон рӯзест, ки аксар гурӯҳҳои ҷамъиятиву мухолифон мунтазираш буданд. Таҳлилгарон ва донишмандони мисли ман, ки солҳои зиёд бозиҳои сиёсиро дар ин кишвари муҳими Осиёи Марказӣ мушоҳида мекарданд, солҳо пеш ба хулосае омаданд, ки танҳо баъди даргузашти Ислом Каримов вазъ метавонад ранги дигар гирад. Шояд ҳазорҳо бор бо дӯстони узбакистонии худ мавзӯи "агар Каримов бимирад"-ро баррасӣ кардаам, ки ҳамааш пур аз орзуҳои дидор бо аҳли оила, имкони сафар ба ватан, шурӯи дубораи кору тиҷорат ва ҳам имкони сафари озод ва таҳсил дар хориҷа будааст.

Ҳамаи ин озодиҳои маъмулии инсонӣ дар шароите, ки кишвар таҳти назорати шадиди амниятӣ ва панҷаи оҳанини як раҳбар қарор дошт, ғайриимкон ба назар мерасид. Чанд ҳафта пеш мо дар марзҳои ҷанубии Қирғизистон аз хатти марзи Узбакистон дидан кардем, ки пушти панҷараҳои оҳанин ва таҳти назорати марзбонҳои мусаллаҳ қарор дошт.

Ҳанӯз маълум нест, ки ояндаи Узбакистон бидуни Каримов чӣ мешавад. Чунки дар 25 соли ҳукмронии ӯ аксар сокинони Узбакистон ҳанӯз нафаҳмиданд, ки онҳо кистанду аз дасташон чӣ меояд.

Ба дӯстам гуфтам, "шояд рӯзе фаро мерасад, ки мову ту дубора ба Тошканд меравем?". Ӯ ҳам оҳи сард кашид ва гуфт: "Ин рӯз фақат баъди марги Каримов фаро мерасад".

Ҳоло ба назар мерасад, ки ҳамин давра ҳам фаро расид. Чӣ чизе метавонад баъди ин дигар шавад?

Ҳоло муҳим нест, ки чандсад саҳифа таҳлилу пешгӯиҳо дар бораи давраи баъди Каримови 78-сола нашр шудааст. Масъала ин аст, ки баъди ӯ дар ин кишвари серҷамъияти Осиёи Марказӣ кӣ сари қудрат меояд ва ояндаи минтақаро чӣ гуна мушаххас мекунад.

Воқеият ин аст, ки Каримов қудратро бидуни ворис ё ҷойгузин тарк кард. Онҳое, ки мегӯянд, низоми яккаҳукуматӣ ба системаи сиёсии давлатӣ табдил шудааст, таҳаввулоти эҳтимолии баъди марги ӯро чун як даҳшат пешгӯӣ мекунанд. Яке аз таҳдидҳо гурӯҳҳои ситезаҷӯи исломӣ дар водии Фарғона буда метавонад, ки дар аҳди Каримов саркӯб шуда буданд.

Чолиши дигар – мубориза барои қудрат дар миёни кланҳои ҳоким аст, ки Ислом Каримов ба гунае тавониста буд тавозун ё балансро дар байни онҳо нигаҳ дорад. Ин ки мақомот дар ин кишвари худкома ба қудрати мардум дар тавони мудирияти кишвар эътимод надорад, ҳамааш як афсона аст.

Таҳлилгарони минтақавии мисли Ларрӣ Маркович ва Скотт Раднич мегӯянд, иқтисоди Узбакистон, ки аз манфиатҳои элита ҳимоят мекунад ва бо раҳбарии Каримов таҳти назорати шадиди амниятӣ қарор дорад, бо иқтисоди кишварҳои ҳамсоя қобили қиёс нест. Ин таҳлилгарон иқтисоди Узбакистонро "иқтисоди зӯргӯёна ва қарзталаб" сифат мекунанд. Ба ҷуз чанд элитаи сиёсии кишвар, гурӯҳҳои дигар имкони хеле ночизи пешбурд ва тавсеаи бизнесро доранд ва дар мавқее нестанд, ки тавонанд ин вазъро ба чолиш бикашанд.

Арамис Авакян, як соҳибкори хурд буд, ки аз роҳи парвариши моҳӣ даромад ба даст меовард. Ӯ корхонаи хурд ва чанд коргар ҳам дошт. Вале рӯзе, ки корхонаи ӯ мадди назари ҳокими Ҷиззах қарор гирифт, кораш ба додгоҳ рафт. Вақте, ки Авакян талаби ҳокимро ба ҷо наовард ва аз бизнеаш даст накашид, ӯро ба узвияти гурӯҳи “Давлати исломӣ” айбдор карданд ва аъзои оилаашро мавриди латукӯб қарор доданд. Баъди шиканҷаву азияту озор Авакян ва коргаронаш маҷбур шуданд “эътироф кунанд”, ки узви гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳастанд. Авакян як армании масеҳӣ буд, аммо ба ӯ имкон надоданд, ки бегуноҳияшро исбот кунад.

Дар асл ин мисол баёнгари вазъи куллии системаи Узбакистон аст. Таҳлилгар Эрик Мак Глинчӣ мегӯяд ки "синфи ҳокими Узбакистон манфиатдори ҳифзи режими худкома аст, то ки дороиву даромадҳои худро нигоҳ дорад". Ниҳодҳои амниятӣ дар ҳимояи ин режим аст ва ҳанӯз чандин соли пеш тавонист пурқудраттар аз худи Каримов шавад.

Ҳанӯз маълум нест, ки ояндаи Узбакистон бидуни Каримов чӣ мешавад. Чунки дар 25 соли ҳукмронии ӯ аксар сокинони Узбакистон ҳанӯз нафаҳмиданд, ки онҳо кистанду аз дасташон чӣ меояд.

Ноа Таккер, муҳаррири вебсайти Registan.net