Дар Ӯзбакистон донишҷӯдухтарони мактабҳои миёнаи махсус ва ҳунаристонҳоро аз санҷиши тиббӣ мегузаронанд.
Бахши ӯзбакии радиои Озодӣ мегӯяд, ки тибқи як қарори ҳукумати ин кишвар дар моҳи октябр ба масъулини муассисаҳои таълимӣ дастур дода шудааст, ки духтарҳои донишҷӯ аз санҷиши умумии тиббӣ гузаронида шаванд. Аз рӯи иттилои мақомот, таваҷҷӯҳи хоса ба вазъи сиҳатии бачадон дода шуда, эҳтимоли ҳомиладор будани духтарҳои наврас махсус санҷида мешавад.
Дар ин бора ба радиои Озодӣ донишҷӯдухтарон ва ҳам масъулини баъзе ҳунаристонҳо хабар додаанд. Аз рӯи иттилои як масъули умури маънавиёти донишҷӯҳо дар коллеҷи Политехникии шаҳри Тошканд, санҷиши тиббӣ аз рӯи як дастури ҳукумат анҷом шуда, ҳамарӯза 15 духтари муҳассили ин муассиса ба муоинаи тиббӣ фиристода мешаванд. “Донишҷӯдухтарҳо аз муоминаи духтури занона гузашта, ҳар яки онҳоро бо дастгоҳи УЗИ (таҳқиқи ултрасадоӣ) месанҷанд”, гуфт ӯ. Аз рӯи иттилои вай, Вазорати беҳдошти Ӯзбакистон барои санҷиши вазъи сиҳҳатии духтарони донишҷӯ артиши духтур ва ҳамшираҳоро сафарбар кардааст.
Аз рӯи иттилои хабарнигорони радиои Озодӣ, санҷиши тиббии муҳассилони ҳунаристонҳо ин шабу рӯз дар шаҳру вилояти Тошканд, Самарқанд ва Нукус ба роҳ монда шудааст. Дар ҳоле, ки гурӯҳе аз ҷавонон ба роҳандозӣ шудани чунин санҷишҳо мухолиф нестанд, дигарҳо тааҷҷуб мекунанд, ки манзури аслии мақомот аз тафтиши ҳолати аъзои занонаи бадани духтарҳои наврас чӣ буда метавонад.
Алишер Сиддиқ, раиси бахши ӯзбакии радиои Озодӣ мегӯяд, дар моҳҳои охир дар шаҳри Тошканд ҳодисаҳои ҳомиладоршавии бармаҳали наврасон ба қайд гирифта шуданд, ки эҳтимолан боиси нигаронии мақомоти беҳдошти Ӯзбакистон шудааст. Вай гуфт, аз рӯи баъзе хабарҳо, “баъди бозгашти донишҷӯён аз пахтачинӣ, ки дар ин маърака маъмулан духтару писарҳои синфҳои болоӣ ва донишҷӯёни тамоми муассисаҳои таълимии кишвар иштирок мекунанд, дар ҷомеа сару садое шудааст, ки гӯё баъзе духтарҳо ҳомиладор шудаанд. Албатта, тасдиқи ин хабарҳо кори осон нест, вале эҳтимолан тасмими мақомот аз ин ҷо маншаъ мегирад”, гуфт оқои Сиддиқ.
Аз сӯи дигар, ба қавли нозирони бетараф, ин маърака метавонад бахше аз барномаи безурётсозии занҳо бошад, ки мавриди интиқоди гурӯҳҳои ҳуқуқи башар қарор гирифтааст. Тибқи барномаи сартосарии давлатӣ, дар Ӯзбакистон тайи чанд соли охир ба хотири ҷилавгирӣ аз таваллуди зиёд безурётсозии маҷбурии занҳои фарзанддор баргузор мешавад.
Аз рӯи иттилои духтарҳои донишҷӯ, ки аз санҷиши тиббӣ гузаштаанд, дар баробари муоинаи мутахассисон, масъулини донишгоҳҳо бо онҳо сӯҳбатҳое дар робита бо равобити барвақти ҷинсӣ барпо мекунанд. “Онҳо мегӯянд, ки духтар бояд дар фикри ҳифзи обурӯи худ бошад ва тибқи анъанаи миллии мо то замони издивоҷаш аз робитаи маҳрамона бо марди бегона худдорӣ кунад”, гуфт дар сӯҳбат бо Озодӣ як донишҷӯдухтари тошкандӣ баъди шунидани дарси ахлоқи масъулини коллеҷ.
Муоинаи тиббии дастаҷамъии мактабиёну донишҷӯён як таҷрибаи маъмулии замони шӯравӣ буд. Одатан соле як бор муҳассилонро аз санҷиши тиббии поликлиникаҳо ҷалб мекарданд ва ҳар яки онҳо аз муоинаи ҳатмии тамоми аъзои бадан мегузаштанд.