Ӯзбекистон 156 зану кӯдакро аз Сурияву Ироқ баргардонд

Ба думболи бозгардонидани даҳҳо кӯдаки тоҷик аз Ироқ, мақомоти Ӯзбекистон рӯзи 30-уми май 156 шаҳрванди он кишварро аз Ховари Миёна ба Тошканд оварданд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод, ки «Бо дастури Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон 156 нафар асосан занону кӯдакон аз минтақаҳои даргирӣ дар Ховари Миёна ба ватан баргардонида шуданд.» Дар ин баёния гуфта нашудааст, ки модарону кӯдаконро аз кадом кишвар овардаанд, вале то кунун аз 500 то 1000 нафар аз шаҳрвандони Узбекистон ба кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна ба Сурияву Ироқ рафтаанд.

Дар баёния расмии ҳукумат омадааст, ки ҳамаи онҳо дар ҳавопаймои махсус ба Тошканд овардаанд. Дар вебсайти расмиии раиси ҷумҳури Ӯзбекистон аксҳои даҳҳо зану кӯдакеро нашр кардаанд, ки аз ҳавопаймо фуруд меоянд ва ё баъзе заминро мебӯсанд.

Дар баёнияи омадааст, ки «Ба ин одамон, ки гумроҳ шуда, кишвари моро тарк кардаанд ва давраи сахтеро дар зиндагиашон пушти сар кардаанд, кӯмаки тиббӣ, равонӣ моддиву маънавӣ расонида мешавад.» Мақомот гуфтаанд, ки ҳамчунин шароит фароҳам меоранд, то занону кӯдакони бозгашта ба зиндагии маъмулӣ баргарданд, имтиёзҳои иҷтимоӣ дошта бошанд ва бо хонаву кор таъмин шаванд.

Дар байни заноне, ки бозгаштанд, ҳамсарони он шаҳрвандони Ӯзбекистон низ ҳастанд, ки ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ пайвастаанд. Садҳо нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар сафи гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ меҷангиданд ва кушта шудаанд.

Айни замон даҳҳо зану кӯдаки дигар аз Ӯзбекистон дар урдӯгоҳҳои паноҳандагон дар Сурияву Ироқ нигаҳ дошта мешаванд. Яке аз ин занон, аз урдӯгоҳи "Ал-хол" дар наздикии марзи Сурияву Туркия ба бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ гуфт: "Шахсан ман 30 занро медонам, ки 20 нафарашон аз Ӯзбекистон ва 10 нафари дигар аз Тоҷикистону Қирғизистон ҳастанд. Қариб 100 кӯдак ҳам ҳаст. Аз тифли гавҳора то ноболиғон. Дар хаймаҳо зиндагӣ мекунем, шароит нест на дору ҳаст, на даво."

Як моҳи расо аз ин пештар мақомоти Тоҷикистон низ шаби 30-юми апрел 84 кӯдаку навраси тоҷикро аз Бағдод ба Душанбе оварданд. Баъзеи ин кӯдакон чанд сол пеш ҳамроҳи волидони худ ба маҳалли ҷанг дар Ироқ рафта, бархеи дигар дар онҷо ба дунё омадаанд. Дар ҳоле ки падарони аксари онҳо ба ҳайси ҷангҷӯи ДИИШ кушта, фирорӣ ё беному нишон шудаанд, модаронашон дар зиндонҳои Бағдод нигаҳдорӣ мешаванд.

Аз Тоҷикистон бештар аз 2 ҳазор нафар ба Сурияву Ироқ рафтаанд. Садҳо нафар дар ҷангҳо кушта шудаанд, даҳҳо нафари дигарро ба кишвар баргардонидаанд.