Тарҷумаи тоҷикии шеъри "Роғун"-и шоири узбак

Мирзо Анвар Ҳамидов

Шоири тоҷик Афсари Сармад шеъри шоири мухолифи узбак ба пуштибонӣ аз тарҳи нирӯгоҳи Роғунро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Мирзо Анвар Ҳамидов дар шеъраш мегӯяд, омода аст, дар сохтани Роғун дар канори бародари тоҷикаш ҳашар кунад.

Шоири Афсари Сармад аз Душанбе шеъри "Роғун"-и шоири узбак Мирзо Анвар Ҳамидовро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Афсар Сармад ибтидо аз худи шоири узбак, ки ҷасурона ба ҳимоят аз тарҳи нирӯгоҳи Роғун садо баланд кардааст, тавсиф кардааст:

Тоҷикистон ўғлидурман, ўзбегим гуфто писар…

Офарин бародари гиромиқадр ако Мирзо Анвар!!

Аммо худи шеъри "Роғун"-и Мирзо Анвар Ҳамидов дар тарҷумаи Афсар Сармад чунин аст:

Шеъри МИРЗО АНВАР ҲАМИДОВ
тарҷумаи Афсар САРМАД


Диҳад қувват Худо, эй Тоҷики ҷон,
Камар барбастаӣ бар кори шоён.
Агар ин минаҳои марз набудӣ,
Ҳашар рафтан бароям будӣ осон.

Намекарданд ҷудо моро ба симхор,
Намебаст ар раҳамро ҳар камондор.
Бипухта оши дӯстӣ бо дили соф,
Будам доим зи аҳволат хабардор.

Аё Тоҷик, аё ҳамсояи ҷон,
Дилат ранҷида имрӯз аз ину он.
Ба ту санг афканад ҳар нокасе гар,
Дили ман бишканад аз сӯзиши ҷон.

Кашад сар бар само Роғуни Тоҷик,
Чу Помири ба сар гардуни Тоҷик.
Мани ӯзбек дасти бар дуоям,
Барои мардуми мамнуни Тоҷик.

Худо қувват диҳад мову туро гар,
Камар бандем ҳарду мо баробар.
Агар дар мина таркам ҳам валекин,
Шитобам бар ҳашар назди бародар.

Агарчи хори симҳо тан шикофанд,
Бароят мебарам ман оши Тошканд.
Барафрӯзам баланд бо дӯст машъал,
Агар бо тир диламро тӯр бофанд.

Шоири узбак: Зидди Роғун ҳокимони Узбакистонанд, на халқаш!

Мирзо Анвар Ҳамидов, як шоири мухолифи узбак, ки баъди тарки Узбакистон тақрибан як сол боз дар Русия ба сар мебарад, дар саҳифааш дар шабакаи Фейсбук аз тарҳи нирӯгоҳи Роғун пуштибонӣ карда, ба ин мазмун як шеър нашр кардааст.

Мирзо Анвар Ҳамидов рӯзи 7 сентябр дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи ӯ аз ин шеър нишон додан буд, ки мухолифи нирӯгоҳи Роғун ҳокимони Узбакистонанд, на халқаш: "Ман худам дар шаҳри Ангрен ё Оҳангарони вилояти Тошканд таваллуд шудаам. То 10-солагӣ дар байни тоҷикҳо ба воя расидам ва тоҷикӣ ҳарф мезадам. Ҳоло ҳам тоҷикиро ёд дорам. Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов бояд бифаҳмад, ки Роғун хоҳ-нохоҳ сохта хоҳад шуд. Масъалаҳое ҳаст, чун таъмини кишварҳои поёноб бо об. Вале Каримов магар намефаҳмад, ки вақте тоҷикҳо мехоҳанд барқ тавлид кунанд, обро сар медиҳанд. Ҳеҷ кас обро бефоида ҷамъ намекунад."

Мирзо Анвар Ҳамидов дар ин шеъраш, ки “Роғун” ном дорад, аз ҷумла менависад:

Худо қувват берсин тожик қардошим,
Улуғ мақсад сари боғлабсан камар.
Ҳашарга борардим довонлар ошиб,
Ўртада миналар бўлмаса агар.

(Тарҷумаи таҳтуллафз:

Худо қувватат диҳад, бародари тоҷикам,

Ту ба мақсади олӣ камар бастаӣ,

Аз кӯҳу ағба гузашта ба ҳашар мерафтам,

Агар дар байн минаҳо намебуд)

Бир лаган ош билан қўярдим йўқлаб,
Бизни ажратмаса тиконли симлар.
Йўлим тўсишмаса автомат ўқтаб,
Албатта ҳолингдан олардим хабар.

(Тарҷумаи таҳтуллафз:

Як лаълӣ ош мекашидам аз таҳти дил,

Агар ҷудо намекарданд моро симхорҳо.

Агар раҳамро набанданд бо автомат,

Албатта, аз ҳолат хабар мегирифтам.)

Ён қўшним-жон қўшним, тожик биродар,
Биламан, хафасан бугун ўзбекдан.
Сенга тош отса гар қайсидир ҳумпар,
Қалбим дарз кетгандай бўлар дафъатан.

(Тарҷумаи таҳтуллафз:

Ҳамсояи ҷонам, бародарам тоҷик,

Медонам, ту имрӯз хафаӣ аз узбек.

Агар ба ту санг андозад кадом бесар,

Дили ман таҳ мекашад дафъатан.)

Шоири узбак дар идомаи шеъраш халқҳои Осиёи Марказиро ба 5 фарзанди як падар (“Ота Туркистон”) ва 5 пайванди як дарахт ташбеҳ мекунад ва бо як-як ёд овардани хубиҳову дастовардҳои ҳар миллати ин қаламрав менависад:

Кўкларга бўй чўзсин муҳташам Роғун,
Девори Помирдай бўлсин мустаҳкам.
Биродар тожикнинг равнақи учун
Дуога қўл очгай бунда ўзбек ҳам.

(Тарҷумаи таҳтуллафз:

Ба осмон қад кашад Роғуни мӯҳташам,

Девораш мисли Помир мустаҳкам.

Барои пешрафти бародари тоҷик

Даст ба дуо бикушом мани узбак ҳам.)

Дар бандҳои поёнии шеър Мирзо Анвар Ҳамидов мегӯяд, ба ин кори хайр, яъне сохтани Роғун худаш камари дӯсти қадрдонаш, яъне тоҷикро хоҳад баст:

Худо қувват берсин дўсти қадрдон,
Ўзим боғлаб қўяй белингга камар.
Ҳашарга шошаман ошиб тоғ-довон,
Портласа-портласин майли миналар.

Тарҷумаи таҳтуллафз:

Худо қувватат диҳад, дӯсти қадрдон,

Худам мебандам камаратро.

Ба ҳашар мешитобам гузашта аз кӯҳу ағба

Ҳатто агар битаркам дар минаҳо.)

Тошканча ош дамлаб бораман гарчанд,
Танимни тиконли симлар тилса ҳам.
Дўстлик оловини тутарманд баланд,
Юрагимни ўқлар ғалвир қилса ҳам.

(Тарҷумаи таҳтуллафз:

Оши тошкандӣ дам андохта, мебарам, ҳарчанд

Танамро гар бишикофанд симхорҳо.

Машъали дӯстиро баланд бардорам,

Агар диламро ғалбер кунанд тирҳо.)

Мирзо Анвар Ҳамидов 65 сол дошта, касби аслиаш муҳандисист. Ӯ аз соли 1990 узви ҳизби мухолифи Эрк ба раҳбарии Муҳаммад Солеҳ буда, як сол пеш маҷбур шудааст, тарки Узбакистон кунад. Мирзо Анвар Ҳамидов мегӯяд, 4 дафтари шеърашро маъмурони Хадамоти амнияти миллии Узбакистон мусодира кардаанд ва то ҳол имкон надодаанд, ки ягон китобашро дар Узбакистон нашр кунад.

Пуштибонии ин шоири мухолифи узбак аз тарҳи нирӯгоҳи Роғун дар ҳолест, ки давлати Узбакистон як мухолифи ашаддии сохта шудани он боқӣ мемонад. Дар соли 2010, баъди онки ҳукумати Тоҷикистон бо ҷамъ овардани 186 миллион доллар сармоя аз мардум ва корхонаҳо мустақилона ба бунёди Роғун азм кард, маҳз мухолифати сахти Тошканд боис шуд, ки Душанбе аз ин азмаш даст кашида, ташхиси тарҳи Роғунро ба Бонки ҷаҳонӣ бисупорад. Бонки ҷаҳонӣ дар аввали сентябр хулосаҳои ниҳоияшро дар бораи ин тарҳ нашр кард. Хулосаи асосии коршиносони бонк ин аст, ки нирӯгоҳи Роғун алтернативаи ҳамвазне надорад ва сохта шуданаш низ ҳомили кадом паёмади ҷиддии иҷтимоиву иқтисодӣ ё экологӣ барои минтақа нест.

Тоҷикистон ҳар сол ба далели камбуди тақрибан 4 миллиард киловват-соат нирӯи барқ дар фасли сармо ба лимити шадиди барқ дучор мешавад ва аксари манотиқаш, ба истиснои пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе ва чанд маркази саноатиаш дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ мегиранд. Душанбе бунёди нирӯгоҳи Роғунро танҳо роҳи халосиаш аз ин лимити шадид медонад.

Саҳмияи Роғун

Сохтмони нирӯгоҳи Роғун, дар тақрибан 90-километрии шарқи Душанбе, бо иқтидори 3600 мегаватт ва тавони тавлиди 13,1 миллиард киловат/соат нирӯи барқ дар як сол ҳанӯз дар поёни солҳои 70 оғоз ёфта, сарбанди 335-метриаш мебоист баландтарин сарбанди дунё мешуд. Вале бо суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ин сохтмон нотамом монда, дар як сели шадиди баҳори соли 1992 нақбҳои обпартои алакай сохташудааш зери лой монда, тақрибан 70 метр сарбанди бунёдшудаашро ҳам сел шуста бурд. Ҳоло барои сохтани танҳо навбати аввали ин нирӯгоҳ 590 миллион доллар ва барои бунёди пурраш 2,2 миллиард доллар лозим аст, ки худи давлати Тоҷикистон чунин сармояро надорад.

Матни пурраи шеъри “Роғун”-и Мирзо Анвар Ҳамидов:

РОҒУН

Худо қувват берсин тожик қардошим,
Улуғ мақсад сари боғлабсан камар.
Ҳашарга борардим довонлар ошиб,
Ўртада миналар бўлмаса агар.

Бир лаган ош билан қўярдим йўқлаб,
Бизни ажратмаса тиконли симлар.
Йўлим тўсишмаса автомат ўқтаб,
Албатта ҳолингдан олардим хабар.

Ён қўшним-жон қўшним, тожик биродар,
Биламан, хафасан бугун ўзбекдан.
Сенга тош отса гар қайсидир ҳумпар,
Қалбим дарз кетгандай бўлар дафъатан.

Ота Туркистонга беш фарзанддирмиз,
Ўзбек, тожик, қирғиз, туркман ва қозоқ.
Бир дарахт танида беш пайванддирмиз,
Илдизимиз битта, биттадир тупроқ.

Динимиз бир ахир, сувимиз ҳам бир!
Қиз олиб-қиз беоган қуда-андамиз.
Бир ёнда Қурама, бир ёнда Помир,
Худо туҳфа этган бир ватандамиз.

Қозоқнинг деҳқони эккан буғдойдан
Ўзбекнинг келини ёпар ширмойнон.
Қимиз келтирилса кекса Олойдан
Шоирларга тўлиб кетади Дўрмон.

Ашхобод газидан ловиллар ўчоқ,
Гилами безайди қирғиз ўтовин.
Қозоқ тожик учун солса бешбармоқ,
Ўзбек Мирзачўлдан узатар қовун.

Кўкларга бўй чўзсин муҳташам Роғун,
Девори Помирдай бўлсин мустаҳкам.
Биродар тожикнинг равнақи учун
Дуога қўл очгай бунда ўзбек ҳам.

Юрт узра кезаркан аждодлар руҳи,
Дили ранжимасин устоз Румийнинг.
Ғунчадай беғубор, маъсум гўдакдан
Қадри баландмасдир алюминийнинг.

Меҳмонга келингиз навбатма навбат.
Ухзуму анжирлар ейишга келинг.
Гуркираб ишласин корхона,
Фақат...
Ҳавони қурумдан тозалаб беринг.

Худо қувват берсин дўсти қадрдон,
Ўзим боғлаб қўяй белингга камар.
Ҳашарга шошаман ошиб тоғ-довон,
Портласа-портласин майли миналар.

Тошканча ош дамлаб бораман гарчанд,
Танимни тиконли симлар тилса ҳам.
Дўстлик оловини тутарманд баланд,
Юрагимни ўқлар ғалвир қилса ҳам.