Як шаҳрванди Узбакистон дар канори минтақаи ошӯбзадаи Бирюлёво бо зарби корд кушта шудааст.
Ҷасади ин шаҳрванди Узбакистон, ки то кунун аз ӯ ном бурда намешавад, бо ҷароҳатҳо аз зарби корд, дар минтақаи Бирюлёвои шарқӣ пайдо шудааст. Мақомоти қудратӣ дар ин минтақа ба хабаргузории русии "Интерфакс" гуфтаанд, ки ҷасадро рӯзи 15 октябр пайдо кардаанд ва дар пайи тафтиш ошкор шудааст, ки вай шаҳрванди Узбакистон аст.
Ҳанӯз рӯшан нест, ки ин куштор ба ошӯбҳои ахир дар пойтахти Русия рабт дорад ё на. Ба дунболи қатли як ҷавони рус дар ин минтақаи Бирюлёвои ғарбии пойтахти Русия рӯзи якшанбе дар ин минтақа ошӯбҳои зиддимуҳоҷирон сар зад, ки ба хушунат печид.
Ҳамзамон пулиси Маскав эълон кард, ки фарди муттаҳам ба қатли як ҷавони русро боздошт кардааст, ки куштори ӯ сабаби ошӯби хушунатомез алайҳи муҳоҷирон шуд. Ба гуфтаи пулис, Орҳан Зоҳидоғлу Зайналов, шаҳрванди Озарбойҷон дар қатли ҷавони 25 солаи маскавӣ даст дорад. Рӯзи якшанбе ба нишони эътироз аз қатли ин ҷавон, дар ноҳияи Бирюловои шаҳри Маскав тазоҳурот алайҳи муҳоҷирон аз Қафқоз ва Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки баъди муддате ба ошӯбу бенизомӣ печид.
Дар миёни обу оташ: Вазъи муҳоҷирон дар Маскав баъд аз ошӯби Бирюлёво
Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, дар шароити рӯйдодҳое монанди ошӯби Бирюлёвои Маскав ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирон ба маротиб мушкилтар мешавад.
Ба ақидаи намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон иттиҳод ва ҷамъоварию пахши маълумот дар бораи вазъи муҳоҷирон метавонад, ба ҳимояти ҳуқуқи онҳо мусоадат кунад.
Иброҳим Аҳмадов - сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Маскав рӯзи 15-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: «Баъд аз ҳодисаи Бирюлёво мақомоти интизомӣ рейди умумӣ гузарониданд ва танҳо аз худи базаи меваҷоти он ҷо 200 нафар муҳоҷиронро ба чор шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Дар яке аз чунин шӯъбаҳои пулиси минтақаи Чертаново кормандони мо низ буданд ва муайян карданд, ки аз 40 нафар боздоштшуда 25 нафараш шаҳрвандони Тоҷикистонанд.»
Аммо ҷаноби Аҳмадов афзуд, ки пулиси Маскав ба онҳо гуфтаст, ки ин як рейди профилактикӣ аст ва пас аз тафтиши ҳуҷҷати муҳоҷирон онҳое, ки тибқи қонун кору зиндагӣ мекунанд, озод хоҳанд гашт. Ҷаноби Аҳмадов мегӯяд, ҳарчанд вазъият дар маҷмӯъ ором аст, онҳо аз муҳоҷирони тоҷик даъват мекунанд, то бидуни зарурат дар кӯчаҳои шаҳр гаштугузор накунанд ва ҳаёти худро зери хатар нагузоранд.
Ҳарчанд мақомҳои баландпояи Тоҷикистон ва ҳам Русия аз беҳтар шудани шароити будубоши муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳарф мезананд, худи муҳоҷирон ҳамоно қишри аз ҳама беҳуқуқ боқӣ монда, эҳсоси амният намекунанд. Онҳо мегӯянд, ҳодисаи Бирюлёво онҳоро дар вазъи бад гузоштааст ва маҷбуранд, ғолибан чанднафарӣ ба кӯча бароянд ва ё аз берун рафтан умуман парҳез намоянд.
Фирӯз Қаландаров - як муҳоҷири тоҷик, ки дар анбори меваҷоти Бирюлёво кор мекардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз як рӯзи куштори Егор Шербаков мақомоти Маскав ба дари ин анбор мӯҳр зада, ҳамаи кормандонро ба шӯъбаи пулис бурданд: «Аммо дар пулис бо ман шахсан хуб муносибат карданд. Ҳуҷҷатҳоямро тафтиш карданд, ҳама дуруст буд, бино бар ин маро озод карданд. Аз намояндаи пулис ҳамчунин пурсидам, ки кай ин моҷарои Бирюлёво хотима меёбад? Онҳо гуфтанд, ки Маскав шаҳри гуногунмиллат аст ва дар ин ҷо набояд хархашаҳои қавмӣ рух бидиҳанд.»
Аммо Фирӯз мегӯяд, дар ин чанд рӯзи охир бо вуҷуди бекорӣ то ором шудани вазъият мекӯшад, то аз хона беҳуда берун наравад, чунки дар кӯчаҳо аз ҳисоби тоссарҳо ва дигар гурӯҳҳои миллатгаро «дружиначиёни ихтиёрӣ» ташкил шудааст, ки вазъиятро назорат мекунанд ва метавонанд ҳар шахси ғайриславянро азият кунанд.
Аъзамшоҳи Қуқаншоҳ - таҳлилгари тоҷик мегӯяд, Маскав дар қиболи муҳоҷирон як навъ сиёсати «каҷдорумарез»-ро пеш гирифтааст. Яъне аз як сӯ мехоҳад будубоши онҳо дар қаламраваш қонунӣ бошад, аммо барои додани ҳуҷҷат ба муҳоҷирон шароит фароҳам намекунад: «Русия худаш намехоҳад, ки кулли муҳоҷирон дар он ҷо қонунӣ бошанд. Чунки дар ин кишвар мизони фасод болост ва аз ҳисоби муҳоҷирони ғайриқонунӣ мансабдорони сатҳи миёна манфиати зиёд мебинанд. Онҳо манфиатдор нестанд, ки ҳамаи муҳоҷирон дар доираи қонун фаъолият кунанд.»
Ҷаноби Қуқаншоҳ барои мисол мегӯяд, аз як миллион муҳоҷири тоҷик солона танҳо 300 ҳазор нафар соҳиби корти иҷозаи кор дар Русия мешаванд ва боқимонда бидуни он ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, миёни Тоҷикистону Русия санадҳои зиёде дар бахши муҳоҷират қабул шудаанд ва Тоҷикистонро месазад, то аз Русия иҷрои ин қонунҳоро ба гунаи ҷиддитар талаб кунад.
Моҷарои Бирюлёво шоми якшанбе дар вокуниш ба қатли як ҷавони 25-солаи рус Егор Шербаков сар зад. Дар пайи ин куштор, ки гуфта мешавад, шаҳрванди Озарбойҷон бо номи Орҳан Зайналов ба он айбдор мешавад, ҳазорон нафар сокинони Маскав ҳамроҳ бо гурӯҳҳои миллатгаро даст ба тазоҳурот зада, маркази савдои «Бирюза»-ро, ки гуфта мешавад марбут ба қафқозиҳост, тахриб намуда, даҳҳо мошинро чаппа ва бозори меваю сабзавотро торумор карданд. Ошӯбгарон ҳамчунин бо нирӯҳои пулис низ даргир шудандва дар ин задухӯрдҳо 23 нафар ҷароҳат бардоштаанд, ки 8 нафари онҳо кормандони пулис мебошанд.
Пулиси Маскав мегӯяд, ҳудуди 400 нафар аз ошӯбгарон низ боздошт шуданд, вале баъд аз як соат аксари онҳоро раҳо карданд. Матбуоти Русия дар мавриди сабабҳои ин куштори мармуз ва ба хушунат печидани гирдиҳамоӣ чизе наменависад , аммо умдатан муҳоҷирон, аз ҷумла аз кишварҳои Осиёи Миёнаро дар афзоиши ҷинояткорӣ дар Маскав муттаҳам мекунад.
Ҳанӯз рӯшан нест, ки ин куштор ба ошӯбҳои ахир дар пойтахти Русия рабт дорад ё на. Ба дунболи қатли як ҷавони рус дар ин минтақаи Бирюлёвои ғарбии пойтахти Русия рӯзи якшанбе дар ин минтақа ошӯбҳои зиддимуҳоҷирон сар зад, ки ба хушунат печид.
Ҳамзамон пулиси Маскав эълон кард, ки фарди муттаҳам ба қатли як ҷавони русро боздошт кардааст, ки куштори ӯ сабаби ошӯби хушунатомез алайҳи муҳоҷирон шуд. Ба гуфтаи пулис, Орҳан Зоҳидоғлу Зайналов, шаҳрванди Озарбойҷон дар қатли ҷавони 25 солаи маскавӣ даст дорад. Рӯзи якшанбе ба нишони эътироз аз қатли ин ҷавон, дар ноҳияи Бирюловои шаҳри Маскав тазоҳурот алайҳи муҳоҷирон аз Қафқоз ва Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки баъди муддате ба ошӯбу бенизомӣ печид.
Дар миёни обу оташ: Вазъи муҳоҷирон дар Маскав баъд аз ошӯби Бирюлёво
Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, дар шароити рӯйдодҳое монанди ошӯби Бирюлёвои Маскав ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирон ба маротиб мушкилтар мешавад.
Ба ақидаи намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон иттиҳод ва ҷамъоварию пахши маълумот дар бораи вазъи муҳоҷирон метавонад, ба ҳимояти ҳуқуқи онҳо мусоадат кунад.
Иброҳим Аҳмадов - сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Маскав рӯзи 15-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: «Баъд аз ҳодисаи Бирюлёво мақомоти интизомӣ рейди умумӣ гузарониданд ва танҳо аз худи базаи меваҷоти он ҷо 200 нафар муҳоҷиронро ба чор шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Дар яке аз чунин шӯъбаҳои пулиси минтақаи Чертаново кормандони мо низ буданд ва муайян карданд, ки аз 40 нафар боздоштшуда 25 нафараш шаҳрвандони Тоҷикистонанд.»
Аммо ҷаноби Аҳмадов афзуд, ки пулиси Маскав ба онҳо гуфтаст, ки ин як рейди профилактикӣ аст ва пас аз тафтиши ҳуҷҷати муҳоҷирон онҳое, ки тибқи қонун кору зиндагӣ мекунанд, озод хоҳанд гашт. Ҷаноби Аҳмадов мегӯяд, ҳарчанд вазъият дар маҷмӯъ ором аст, онҳо аз муҳоҷирони тоҷик даъват мекунанд, то бидуни зарурат дар кӯчаҳои шаҳр гаштугузор накунанд ва ҳаёти худро зери хатар нагузоранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад