Як шаҳрванди 43-солаи Узбакистонро шаби 29 март дар шаҳри Маскав ба сурати ваҳшиёна бо корду табар куштаанд.
Бино ба хабарҳо, ҷасади бо корду табар реза-резашудаи як мардро шаби 29 март дар минтақаи Люблинови Маскав дар назди кӯлба(бытовка)-е, ки ба сар мебурд, пайдо кардаанд. Маълум шудааст, ки кушташуда шаҳрванди 43-солаи Узбакистон буда, дар яке аз ширкатҳои воқеъ дар қаламрави корхонаи оҳангудозиву механикӣ ба ҳайси посбон кор мекард. Дар бадани ӯ изи 11 зарбаи корду табар мушоҳида кардаанд.
Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки дар мавриди ин қазия тибқи банди аввали моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Русия (куштор) парванда боз кардаанд. Ин банди қонун аз 6 то 15 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад. Пулис мегӯяд, тафтиш идома дорад ва «дар ҳоли ҳозир, амалҳои оҷили тафтишотӣ ва ҷустуҷӯӣ ба хотири таҳқиқи ҷузъиёти ҳодиса вапайдо кардани афроде, ки ин ҷиноятро содир кардаанд, анҷом дода мешаванд.»
Пулиси Русия мегӯяд, ҳанӯз омилони ин ҷиноятро ошкор накардааст. Вале Елена Рябинина, раҳбари бахши Осиёи Имарказӣ дар Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи инсони Русия мегӯяд, зоҳиран ин муҳоҷири узбак ҳам бо дасти қавмгароён кушта шудааст: «Чунин ба назар мерасад, ки ин кушторро ҳам ҷавонони қавмгаро анҷом додаанд. Барои ин тоифа шиори «Русия – барои русҳо!» шиори асосӣ шудааст.»
Ҷомиашиноси узбаки муқими Маскав Абдусамӣ Раҳмонов низ бар ин назар аст, ки мақомоти Русия ба аъмоли гурӯҳҳои қавмгаро, ки ҳузурашон дар Русия солтосол меафзояд, аз паси панҷа нигоҳ мекунанд: «Ҳар рӯз дар бораи ҳамла ба ягон муҳоҷир аз Узбакистон ё аз кишварҳои дигар гузориш мерасад. Вале касе дар Русия ин қазияҳоро таҳқиқ намекунад.»
Маркази «Сова», яке аз созмонҳои мӯътабари ҳомии ҳуқуқи башари Русия даргузориши солонааш дар моҳи феврал хабар дод, ки тайи соли гузашта дар ин кишвар дастикам 20 куштор дар заминаи адовати қавмӣ анҷом шуда, Русия, бино бар ин гузориш, бо чашм пӯшидан аз густариши гурӯҳҳои қавмгарояш як марҳалаи шармовари «поккории қавмӣ»-ро таҷриба карда истодааст.
Омори расмии мақомоти Русия шумори муҳоҷирон аз Узбакистон дар Русияро зери 3 миллион нафар ва ҳаҷми пулеро, ки ин мардум солона ба ватан мефиристад, ҳудуди 6 миллиард доллар мегӯяд. Вале манобеи дигар ҷамъи мардикорони узбак дар Русияро 5-6 миллион нафар баршумурда, мегӯянд, аксари хонаводаҳо дар Узбакистон низ рӯзгори худро асосан аз пули фиристодаи муҳоҷирон пеш мебаранд.
Вале раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар як мусоҳибааш дар соли гузашта муҳоҷирони кориеро, ки аз Узбакистон барои кор ба Русия мераванд, лаванду танбал ваё "дангоса" номид ва эълом дошт, ки дар Узбакистон ягон талбанда боқӣ намондааст. Ислом Каримов гуфт, ҳоло шумораи "дангосаҳо" дар Ӯзбакистон кам шудааст: “Ман онҳоеро "дангоса" меномам, ки ба Маскав мераванд ва он ҷо кӯчаву хиёбонҳоро мерӯбанд. Ҳар кас дар ин вазъ нисбати узбакҳо, ки барои як пора нон шуда ба ҳам кор розиянд, бадбинӣ пайдо мекунад.Дар Узбакистон ягон кас аз гушнагӣ намурдааст”.
Аз Русия дар бораи ғолибан аз дасти гурӯҳҳои қавмгаро кушта шудани муҳоҷирони тоҷик низ пайваста гузоришҳо мерасанд. Аз ҷумла рӯзи 26 декабр ҷасади шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон Шоҳҷон Раҳматшоев соати 22-и шаби 26-уми декабр дар кӯчаи ба номи генерал Антонов ёфт шуд. Пулис гуфт, қотилон ба тани Раҳматшоев 25 бор корд зада, сипас сари ӯро ҷудо кардаанд. Ҳамасола аз Русия ҷанозаи беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистонро ба ватан меоранд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, як бахши онҳо бар асари ҳамлаҳои қавмгароёни рус кушта мешаванд.