Ҳар касе, ки раиси ҷумҳури Узбакистон мешавад, бояд тавонад, ки дар муқобили гурӯҳҳои шӯришии ҷиҳодӣ амал кунад. Ҷангиёни зиёди узбак ба сафи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия пайваста, инчунин, дар қатори Толибон дар Афғонистон меҷанганд.
Узбакистониҳоро, инчунин, дар сафи гурӯҳҳои мазҳабии ифротӣ дар Русия ва ҳам ҷангиёни исломӣ дар Чин дидан мумкин аст, ки зидди ҳукумати расмии Пекин меҷанганд. Раҳбари собиқи Узбакистон Ислом Каримов, ки ҳафтаи гузашта дар пайи хунравии мағзӣ даргузашт, ҳанӯз дар оғози солҳои 90-ум ба гурӯҳҳои исломӣ ҷанг эълон кард.
Бо ин ки баъди даргузашти Каримов нахуствазир Шавкат Мирзиёев масъулияти раҳбарии ин кишварро ба ӯҳда гирифт, ҳанӯз маълум нест, тавони ӯву нирӯҳои амниятиаш барои муқобила бо гурӯҳҳои исломӣ то куҷо муваффақ хоҳад буд.
Аз миёни ҷангиёни исломии Узбакистон то ҳол ҳеҷ нафар ба ҳайси як чеҳраи намоёне аз худ дарак надодааст. Дар миёни лидерон аз Русия, Ироқ, Тунис ва Аврупои Ғарбӣ ҷангиёни узбак бештар нақши ҷангиёни қаториро иҷро мекунанд. Вале сӯҳбатҳои хабаргузории Reuters бо мақомоти амниятӣ, ҷангиён ва аъзои оилаашон собит мекунад, ки ҳазорҳо ҷангиёни узбак таҷрибаи иштирок дар ҷангҳои воқеиро дошта, дар тамос бо гурӯҳҳои ҷиҳодии дигар ҳам тавоно шудаанд. Ин ҷангиён мақомоти Узбакистонро “тоғут” меноманд, истилоҳе, ки барои тасвири парастиши шоҳ ба ҷои Худо дар замони ҷоҳилия ба кор мерафт.
Дар гузориши соли гузаштааш созмони Гурӯҳи байналмилалии бӯҳронҳо навишта буд, ки дар сурати бозгашти ин ҷангиён, вазъи Осиёи Марказӣ бесубот мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Осиёи Марказӣ водии Фарғона, минтақаи серҷамъияти ҷойгир дар Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонро гаҳвораи ақидаҳои ифротии мазҳабӣ меноманд. Абдурасул Юлдошеви узбактабори 57-сола аз хонааш дар Ӯши Қирғизистон қиссаи ба Сурия рафтани собиқ ҳамсару писар ва ду духтарашро нақл мекунад.
Ӯ мегӯяд, вақте дар Русия буд, ин иттифоқ уфтод. Писари 19-солааш Муҳаммадислом ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайваст. "Рӯзе як нафари ношинос ба телефонам занг зад ва ба арабӣ чизе мисли ин гуфт: “муборак шавад, писари шумо шаҳид шуд”. Ман дар посух дод задам ва дашномаш додам. Баъдтар онҳо боз занг заданд. Гуфтанд: “ту – кофир”. Баъдтар пурсидам, ки ин ҳама чӣ маъно дорад? Онҳо гуфтанд, ки писарат кушта шудааст. Вале ман то ҳанӯз ба марги ӯ бовар надорам," - нақл кард Абдурасул Юлдошев.
"Занг зада гуфтанд, ки писарам шаҳид шуд"
Малоҳат Мамадзиёеваи 41-сола, як зани узбактабори дигари сокини Ӯш, ҳам рӯзи 9 июли соли гузашта дар бораи марги писараш Нурмуҳаммад телефонӣ хабардор шуд: "Рӯзе ба ман як марди ҷавон занг зад. Вай пурсид, ки ман модари Нурмуҳаммад ҳастам? Гуфтам, бале. Баъд ин мард гуфт, ки писари ман шаҳид шуд. Ӯ кушта шуд. Аҳволам якбора бад шуд, баъдаш чӣ шуд, ёд надорам. Баъд онҳо боз ба ман занг заданд, вале ман дигар чизеро намешунидам. Ҳеҷ намефаҳмидам, ки чӣ буду чӣ шуд."
Худи Малоҳат мегӯяд, ки писараш ба шаҳри Владивостоки Русия барои кор дар сохтмон рафт ва ноябри соли 2014 занг зада гуфт, ки ният дорад барои кор ба як минтақаи дурдасти дигари Русия равад. Вале моҳи марти соли 2015 аз Сурия занг зад. Баъд аз ин, Малоҳат хабари кушта шудани писарашро дарёфт кард.
Воҳидҳои ҷудогонаи ҷангҷӯёни узбак
Ҷангиёни узбактабор дар ҳайати гурӯҳҳои ҷангӣ дар Афғонистон ва бахшҳое аз Покистон хеле фаъоланд. Ин чиз дар феҳрасти ҷангиёни мавриди пайгарди байналмилалии СММ низ дида мешавад. Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ки ҷангиёни узбак, инчунин, ба гурӯҳҳои ҷангии уйғуртабори Чин, ки зидди Пекини расмӣ меҷанганд, ҳамроҳ шудаанд. Як ҳамлаи маргталабона ба сафорати Чин дар Бишкек охири моҳи август аз ҷониби гурӯҳҳои уйғурӣ анҷом ва бо кумаки чанд ҷангии узбактабор ташкил шудааст, гуфтааст хадамоти амниятии Қирғизистон.
Як ҷангии собиқи рус гуфтааст, ки ҷангиёни узбак дар Сурия дар ҳайати воҳидҳои ҷудогонаи худ меҷанганд.
Соли гузашта як мақоми амниятии Ӯш гуфт, ки чанд нафареро бо итиҳоми иштирок дар ҷангҳои Сурия боздошт кардаанд. Раиси пулиси Ӯш Қиличбек Ҷолдоев гуфт, соли 2016 дар маҷмӯъ 16 нафар ба ҳангоми кӯшиши сафар ба Сурия боздошт шудаанд. "15 нафар баргаштанд. Аз онҳо 7 нафарашон ба зиндон рафтанд. Ҳашт нафарашон баъди анҷоми мӯҳлати зиндон аллакай озод шуданд”.
Хавфи бозгашт аз Афғонистону Сурия
Дар як навори видеоии бозпурсии ҷангии баргашта ба Ӯш, ки барои хабаргузории Рейтер ҳам дастрас шудааст, ин мард мегӯяд, ки моҳи октябри соли 2013 ба Сурия рафт ва се моҳи баъдӣ дар ҳайати "Ҷабҳат-ун-Нусра" ҷангид ва баъдан ба Ал-Қоида пайваст. Ин мард баъдан бо амри ташкили ҳамлаҳои террористӣ ба Осиёи Марказӣ баргашт. Маълум нест, ки оё ин эътирофҳо дар шароити пушти панҷара гирифта шудааст ё на.
Ҳеҷ шаҳодати ин вуҷуд надорад, ки ҷангиёни узбак нияти тарки Сурияву Афғонистонро дошта бошанд ва баъдан бо мақсади ташкили ҳамлаҳо дар Узбакистон ба ин кишвар баргарданд. Вале баъди дар қаламравҳои Сурияву Ироқ танг шудани мавқеи онҳо, мусалламан эҳтимоли бозгашти онҳо зиёд мешавад ва ин масъала баъдан мояи нигаронии ҳукумат ва давлатҳои хориҷӣ хоҳад шуд.