Раиси ҷамоаи Фароби ноҳияи Панҷакент, Шамсиддин Баҳриддинов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рабуда шудани ду чӯпон ва 1800 моли мардуми ин мавзеъро аз тарафи марзбонони Ӯзбакистон тасдиқ кард ва мегӯяд, сарчӯпон Ашӯр Фузайлов дар ҷустуҷӯи ин чӯпон ва рамаҳо рафта низ бенишон шудааст.
Пештар сокинони Фароб хабар дода буданд, ки марзбонони Ӯзбакистон субҳи 26-уми июл Мирзоулуғ Фузайлов ва Қамариддин Асриевро боздошт намуда, тақрибан 1800 сар гӯсфанду бузи мардуми русто ва дигар деҳоти Панҷакентро ба ҳудуди Ӯзбакистон бурдаанд. Абдӣ Амонов, сокини деҳаи Фароб соҳиби 25 гӯсфанд мегӯяд, дар назди бинои ҷамоати Фароб онҳое ҷамъ шудаанд, ки дар ин рама гӯсфанду гов доштаанд. Вай меафзояд: «Мақсадамон ҳамин ки раиси ҷамоат ба ҳукумати ноҳия, ба ягон идораи болоӣ аз гум шудани рамаву чӯпонҳо хабар диҳад, ки зудтар мол аз Ӯзбакистон баргардонида шавад.»
Дар ин бора раиси ҷамоаи Фароби ноҳияи Панҷакент, Шамсиддин Баҳриддинов ба Радиои Озодӣ гуфт: «Мо ба Ашӯр Фузайлов, соҳиби 8 фарзанд дар тамос мешавем, вале то ҳол даракаш нест, аз наздиконаш ҳам мепурсем, ҳеҷ хабаре дар бораи вай нест, акнун ҳамроҳи ду чӯпони дигар ин сарчӯпон низ бедарак шудааст.»
Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, айни замон чорвои мардум дар назди дидбонгоҳи марзии Узбакистон дар наздикии деҳаи Аспидухтар нигаҳ дошта мешавад. Мардуми деҳаи Фароб барои ҳалли мушкилӣ ба марзбонони Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, аммо ҳанӯз маълум нест, дар ин замина чӣ корҳое сурат гирифтааст. Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, танҳо мушоҳида мекунанд, ки чорвои мардум дар куҷо ҳаст ва гуфтаанд, ки моли мардум ҳанӯз дар назди дидбонгоҳи марзбонӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хабари боздошти чӯпонҳои тоҷикро як нафар, аз тариқи торнамои Радиои Озодӣ низ ба мо фиристодааст. Ӯ дар ин ин нома навиштааст, ки “се шубони тоҷикро бо 1500 чорвои майда” ба қавли ӯ афроди номаълум рабуданд. Мақомоти расмии Тоҷикистон то кунун ин ҳодисаро шарҳ надодаанд. Хатти марзи Тоҷикистону Узбакистон дар ин самти кишвар симхор ва ё садде надорад ва борҳо шудааст, ки чорвои сокинони рустоҳои марзии ду кишвари ҳамсоя ба қаламрави якдигар ворид мешаванд.
Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, аз сардии равобит байни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба хубӣ огоҳанд ва кӯшиш мекунанд, ба коре роҳ надиҳанд, ки барои худи онҳо ва муносибатҳои ду кишвар мушкил пеш орад. Биноан, моҳҳои охир, чӯпонҳо талош мекардаанд, ки ба марзи номуайян наздик нашаванд, аммо бо вуҷуди ин моҷарои ахир ба миён омад.
Аз ин пештар 14 июни соли гузашта 5 чӯпони сокини рустои Моғиёни Панҷакент - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо айни иттиҳом дастгир карда ва баъди як моҳ 5 нафарашонро озод карданд, вале моли онҳоро, зиёда аз 2000 сар, барнагардонданд. Панҷ сокини ноҳияи марзии Фароб низ дар моҳи июли соли 2013 ҳангоми рафтан ба алафдаравӣ низ бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дар Узбакистон дастгир шуданд. Дар байни онҳо як навраси 12-сола ва 1 пирамарди 74-сола буд ва баъди кашмакашу музокироти зиёд Ӯзбакистон ҳардуи онҳоро озод кард, вале се нафари дигар ҳамоно дар зиндони Ӯзбакистон ба сар мебаранд.