Шиору аксҳо, ҳайкалу нимпайкараҳои боқимонда аз даврони Шӯравии собиқ ҷуз анбори қароргоҳи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҷои дигаре наёфтанд. Онҳоро аз кӯчаву хиёбонҳои Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар барчидаанд. Ҳизби коммунист мехоҳад, ки онҳоро чун ёдгории беназир ҳифз кунад.
Бо гузашти 100 – 200 сол мардум ҳатман аз осори замони Шӯравӣ мепурсанд, ки он куҷо шуд? Магар он замон ягон санъате надошт?
"Ин таърих аст ва таърих ҳеч гоҳ намемирад. Ба мо мегӯяд, ки кадом сол соҳиби давлат шудем. Бояд нисбат ба таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ арҷгузорӣ шавад", - гуфт Заррагул Мирасанова, дабири Ҳизби коммунисти Тоҷикистон рӯзи 11-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти шаҳри Душанбе ба таъмиру тармими пойтахт пардохта, ёдгориҳои овони Шӯравиро мебардоранд. Коммунистони тоҷик, ки теъдодашон чандон зиёд нест, аз шаҳрдорӣ хостаанд, ки барои гузоштани ин осор дар назди дафтари ҳизби коммунист иҷоза бидиҳад.
Баъзе аз муаррихон бар ин ақидаанд, ки осори Шӯравӣ бояд ҳифз шавад. Ғафур Шерматов, таърихшиноси тоҷик, гуфт, «бисёре аз мо ба ҳайкалу ёдгориҳо ҳамчун осори замони Шӯравӣ менигаранд. Ин нодуруст аст. Дар ҳар давр санъат вуҷуд дошт ва новобаста ба ҳокимони он замон бояд ба санъат баҳо диҳем. Бо гузашти 100 – 200 сол мардум ҳатман аз осори замони Шӯравӣ мепурсанд, ки он куҷо шуд? Магар он замон ягон санъате надошт? Вайрон кардани осори он замон ваҳшоният аст, дигар хел ном бурда наметавонам.»
Онҳое, ки Шӯравиро ёд надоранд, мегӯянд, ин ёдгориҳо мухолиф ба андешаҳои истиқлолхоҳии сокинонанд ва бояд бо намунаҳои беҳтар иваз шаванд. "Он замон соҳибистиқлол набудем. Пойбанди низоми дигар будем. Ҳоло ки мустақил ҳастем, метавонем бо таваҷҷуҳ ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ номгузорӣ кунем. Фикр мекунам, дигаргуниҳо бояд бошад", - мегӯяд
хабарнигори тоҷик Алишер Зарифӣ.
Дар ҳамин ҳол, ҷомеашиносон мегӯянд, хуб ё бад, ҳамагуна осори таърихӣ ҳифз шавад. Абдумудассир Аҳмадзода мегӯяд, бо вуҷуди таҳаввулоти таърихӣ дар кишварҳои ғарбӣ муҷассамаҳо тахриб нашуда, ҳамчун баёнгари марҳилаҳои таърихӣ ҳифз мешаванд. Ӯ гуфт, «баъзеҳо китоби бузургонеро ба мисли Карл Марксу Энгелс ё месӯзонанд ё барои таҳияи коғази ташноб медиҳанд. Хуб буд ё бад, гузаштаи мо буд. Барои ҳифзи он бояд кӯшиш кард.»
Бархе аз сокинони пиронсоли пойтахт низ гуфтанд, хуб аст, ки арзишҳои миллӣ таблиғ шавад, аммо набояд гузашта фаромӯш гардад. Яке аз роҳгузарон дар хиёбони марказии пойтахт гуфт, "бо сиёсат кор надорам. Ленину Сталинро дар Русия ҳам гирифтанд. Дар Украина ҳам. Вале халқу набераҳои мо бояд донанд, ки мо чунин таърих дорем."
Иддае ҳам ба ин боваранд, ки бо чидани ҳайкалҳои замони Шӯравӣ наметавон зеҳни насли навро пок кард ва набояд мояи нигаронӣ бошад. Субҳон Ҷалилов, хабарнигори тоҷик мегӯяд, «он муҷассамаҳо ҳатто аз кӯчаҳо ҳам гирифта шаванд, фикр мекунам, ҳатман дар як ҷое нигоҳдорӣ мешаванд. Аз сӯи дигар, бо гирифтани онҳо аз кӯчаҳо намешавад таърихи 80-соларо аз адабиёту китобҳо ва андешаи мардум рӯфт.»
Соли 1991 муҷассамаи бузурги Ленинро аз майдони марказии шаҳри Душанбе канданд. Аз ҳамон рӯз мунтазам ҷои ёдгориҳои овони Шуравӣ тангтар мегардад.
Ҷои ҳайкали Ленин, муҷасамаи шоири ҳамосасарои форсу тоҷик Фирдавсиро гузоштанд, ки баъдан Исмоили Сомонӣ онро иваз кард.