Барканорӣ дар ҲДТ. Усмонзода хост, Вазорати адлия қарорашро дигар кунад

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумони Тоҷикистон

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумони Тоҷикистон, ки худро раиси қонунии Ҳизби демократи Тоҷикистон медонад, аз Вазорати адлия хостааст, қарорашро бозбинӣ кунад.

Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 31-уми май анҷумани ҷанҷолии Ҳизби демократро дуруст шумурд ва Шаҳбози Аброрро раҳбари он эътироф кард. Дар аввали моҳи май гурӯҳе бо раҳбари Шаҳбози Аброр Анҷумани ҳизб баргузор карданд ва кори Саидҷаъфар Усмонзодаро “ғайриқаноатбахш” дониста, ӯро барканор карданд.

Саидҷаъфар Усмонзода рӯзи 6-уми июн гуфт, ӯ раҳбари қонунии ин ҳизб аст ва имрӯз бо тарафдоронаш Шӯрои сиёсии ҳизбро баргузор кардаанд. Ӯ гуфт, дар ин Шӯро Аҳмадшоҳ Комилзодаро аз муовинии раиси ҲДТ барканор карданд. Ба гуфтаи ӯ, Анҷумани рӯзи 11-уми май бидуни ҷаласаҳои пешазанҷумании вилояти Хатлон, Бадахшон ва Суғд сурат гирифт, ки ғайриқонунӣ аст.

"Мо ҳамаи санадҳоро бо шумули аксҳо аз анҷумани 11-уми май, ки дар он 90 дар сад донишҷӯён буданд ва ҳаққи овоз доданро надоштанд, дар асоси қарори Шӯрои сиёсии ҳизб рӯзи панҷшанбе ба Вазорати адлия супоридем,"—гуфт Усмонзода.

Саидҷаъфар Усмонзода аз Вазорати адлия хостааст, ки қарораш дар бораи эътирофи Шаҳбози Аброр ба ҳайси раиси ҲДТ-ро бекор кунад.

Вазорати адлияи Тоҷикистон қарори худро шарҳ надодааст.

Шаҳбози Аброри 34-сола, ки то ин замон раёсати ҳизбро дар шаҳри Душанбе ба дӯш дошт, гуфта буд, ки бо 64 раъйи тарафдор раиси нави ҲДТ интихоб гардидааст. Ӯ вакили Маҷлиси Душанбе буда, раёсати яке аз шуъбаҳои “Тоҷикфилм”-ро бар уҳда дорад. Ҳамчунин муассиси нашрияи “Истиқлол” ва маҷаллаи “Набзи Душанбе” аст.

Ҳизби демократ, ки аз соли 1990 дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ҳузур дорад, борҳо ба ҷиноҳҳои гуногун тақсим шудааст ва таърихи ин ҳизб пур аз ҷанҷолҳои дохилӣ ҳаст. Соли 2013 вақте ин ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шуда, Масъуд Собиров ва Раҳматулло Валиев худро раҳбарони ин ҳизб меномиданд, Вазорати адлия Саидҷаъфар Усмонзодаро раиси он эътироф кард.

Дар интихоботи президентии моҳи ноябри ҳамон сол Усмонзода дар баробари 4 нафари дигар рақиби Эмомалӣ Раҳмон буд. Бо гузашти ду сол Усмонзода вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи Фархор интихоб шуд. Дар интихоботи президентии соли 2020 номзадии Усмонзодаро ҳамчун номзад сабт накарданд, вале ӯ баъдан вакили порлумон шуд. Ҳоло маълум нест, ки ҷанҷоли Шаҳбози Аброр ва Саидҷаъфар Усмонзода ба чӣ меанҷомад.