Имрӯз дар бораи ҷарима барои надоштани ниқоби тиббӣ дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунем, заминҳои хушку зироатҳои ташналаб дар Мастчоҳро мебинем, шикояти сокинонро мешунавем ва волейболи муҳоҷирони тоҷику узбек дар Краснодар ва кори занони тоҷик дар Кореяи Ҷанубиро мебинем.
Дар аввал дар бораи қонуни наве дар Тоҷикистон суҳбат мекунем, ки бар асоси он аз ин пас барои иҷро накардани дастури пӯшидани ниқоби тиббӣ ҷазо медиҳанд. Вакилон гуфтанд, ки қонун барои роҳ надодан ба густариши коронавируси нав муҳим аст.
Бар асоси қонуни нав, дар Тоҷикистон барои надоштани ниқоб дар ҷойҳои зарурӣ мумкин аст, як нафарро камаш аз 100 то ба 300 сомонӣ ҷарима кунанд. Ҳоло баҳси зиёде дар ин бора дар вебсайти Радиои Озодӣ, саҳифаҳои мо дар Фейсбук ва Инстаграм идома дорад.
Корбаре, ки худро Қиём муаррифӣ кардааст, дар вебсайти мо навиштааст: "Барои ниқоб надоштан дуруст карданд. Рӯзҳои охир одамони бениқоб дар кӯчаҳо зиёд шудаанд. Онҳо на дар фикри худ ва на дар фикри дигарон ҳастанд."
Дониёр дар саҳифаи мо дар Инстаграм навиштааст, ки мардум худаш медонад, ниқоб бояд пӯшад, аммо масъала дигар аст. Ӯ навиштааст: "О пул нест, аз куҷо ҷарима супорем. Ниқобро 50-дирамӣ кунед, зуд-зуд харида, иваз кунем. Ба сабаби гарон буданаш мардум як ниқобро то даридан мепӯшанд, чунки маҷбуранд. Магар намефаҳмед, як бор нишаста дар бораи мардум ҳам андеша кунед."
Барномаро дар Ютюб бинед:
Корбаре бо номи "Ватан" ҳам айни назарро дорад, ки дар вебсайти Радиои Озодӣ чунин шарҳе гузоштааст: "Икдоми хуб, лекин ҳукумат қонунро, ки қабул кард, шароитро ҳам муҳайё кунад. Масалан, ниқобҳоро арзонтар фурӯшанд, чунки мувофиқи қоида ниқобро бояд чанд соат истифода баранду бас. Баъзе одамонеро медонам, ҳафтаҳо як ниқобро истифода мебаранд. Мегӯянд, ман пул надоранд, ки дар як рӯз чанд бор ба 5-сомонӣ ниқоб харанд."
Шарофат Ҷавакова дар саҳифаи мо дар Фейсбук шарҳе ба забони русӣ гузошта ва гуфтааст: "Ин қонунҳо ба кӣ даркор аст, вақте нисфи мардуми кишвар бемор шуда, дар хона аз ҳисоби худашон муолиҷа гирифтанд. Беҳтар аст, дар бораи он фикр кунед, ки чӣ гуна ба мардум дар ин вазъи мушкил кумак расонед."
Барномаро бо дидани видеои як сокини ноҳияи Мастчоҳ идома медиҳем, ки аз хоҷагии деҳқонии Ҳоҷӣ Амиров фиристод ва шикоят кард, ки бинобар тақсими ноодилонаи об киштзорҳои зиёди онҳо хушкидааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба суроғи занони тоҷик меравем, ки дар Кореяи Ҷанубӣ ба кор машғуланд. Яке аз онҳо видеои ҷолиберо ба мо фиристод ва ҳамроҳ мебинем, ки онҷо чӣ кор мекунанд.
Дар воқеъ, солҳои ахир муҳоҷирати кории тоҷикон на танҳо ба Русия, балки ба кишварҳои дуре ба мисли Кореяи Ҷанубӣ ҳам зиёдтар шудааст. Навореро, ки дар барнома мебинед, аз Краснодари Русия ба дасти мо расид ва видеоро худи муаллифаш шарҳ медиҳад.
Сипос барои наворҳо ва ҳамаи Шумо, ки Озодӣ Онлайнро мебинеду менависед. Телефони қабули видеову аксу хабарҳо дар инҷост, Вотсапу Вайбер ва Телеграму Имо дорем. То дидор дар барномаи дигар.