Дар соли нави таҳсил муассисаҳои таълимӣ ва хонандаҳои тоҷик соҳиби садҳо ҳазор китоби тозанашри бадеӣ мешаванд. Оҷонсии Иёлоти муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилаллӣ ё ЮСАИД дар доираи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» тақдими адабиёти бадеиро ба хонандагон аз ноҳияи Варзоб шурӯъ кард.
Ба муҳассислину мактабҳои ин ноҳия беш аз 9 ҳазор китоб тақдим шуд. Аслам Одинаев, мудири мактаби рақами 4, дар ноҳияи Варзоб рӯзи 27 - уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин иқдом махсусан барои кӯдакон дар деҳот муҳим аст. Ба гуфтаи ӯ, қаблан дар китобхонаи мактаб китобҳои афсонаву суратдор ва ҷолиб бароӣ кӯдакон кам буд: “Акнун кӯдакон на танҳо дар китобхонаи муассиса, балки дар вақти машғулиятҳои дарсӣ ҳам ин китобҳо истифода мекунанд. Бештар китобҳоест, ки кудакон бо онҳо сару кор дошта бошанд. Кӯдакони то синфи 4 аз ин адабиёт истифода мебаранд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар маросими тақдими китобҳо, ки бо ҳузури садҳо хонанда ва омӯзгорон баргузор шуд, ҳадаф аз ин иқдомро рушди китобхонӣ ва таваҷҷуҳ ба адабиёти бадеӣ аз солҳои нахустини таҳсил номиданд. Лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” ки аз сӯйи Оҷонсии Иёлоти муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилаллӣ ё ЮСАИД ва Вазорати маорифи Тоҷикистон 3 сол боз амалӣ мешавад. Имсол дар доираи лоиҳа 84 номгӯи китоб бо теъдоди беш аз 600 ҳазор нусха чоп шудааст. Ин китобҳо ба 2800 мактаби миёна тақдим мешавад.
Абдуҷаббор Алиев, ҳамоҳангсози барнома дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, номгӯи китобҳое, ки бояд тақсим шавад, аз сӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Зимни интихоби китоб барои кӯдакон ба гуфтаи Алиев, ҷиҳатҳои ахлоқӣ тарбиявӣ ва психологии он барои кӯдакон ба назар гирифта шудааст: “Ҳикояҳо аз Саъдӣ, Айнӣ ва дигар нависандаҳои муосир ҳам дар байни ин китобҳо ҳаст. 15 номгӯи китобе, ки имсол чоп шуд, китобҳои тозаэҷоданд ва аввалин бор нашр шудаанд. Аз ҷумла аз нависандаҳои тоҷик, Гулчеҳра Муҳаммадӣ, Азизи Азиз аз Латофат Кенҷаева ҳастанд.”
Бо ҳадафи ташвиқи хониши бадеӣ, дар доираи лоиҳаи мазкур, барои волидон ҳам дастури тавсиявӣ нашр шудааст, ки дар он роҳҳои ҷалби кӯдакон ба китобхонӣ тавсия нишон дода шудааст. Мустафо дар синфи 4 мехонад ва мегӯяд, ҳар рӯз китоби дарсӣ мехонад, аммо натавонист, аз ягон китоби бадеие, ки хонда бошад, ном барад.
Шоҳин, хонандаи синфи 3 аст ва мегӯяд, китоби “Афсонаҳои халқи тоҷик” - ро, ки аз китобхонаи мактаб дастрас кардааст, мутолиа мекунад:“Аз китобхонаи мактаб 2 сомонӣ супорида китоб гирифтем. Ин китобро хонда бармегардонем. Аз ин китоб ба ман ҳикояи “Муш ва мурғобӣ” маъқул шуд. Мақсади ин ҳикоя ин буд, ки танбалӣ накунед.”
Иқдоми тақдими китоб барои китобхонаҳои мактаб ва кӯдакони мактабхон дар ҳолест, ки коршиносон пайваста барои мутолеаи кам наврасону ҷавононро интиқод мекунанд. Як омил ҳам ба гуфтаи онҳо ин аст, ки волидон кӯдаконро барои мутолиаи китобҳои бадеӣ кам ташвиқ мекунанд.
Лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” -и ЮСАИД яке аз тарҳҳои зиёди Амрико дар Тоҷикистон аст, ки бо ёрии мардуми Амрико амалӣ мешавад. Дар тули 27 соли ахир Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ихтисоси 1,8 миллиард доллар ба Тоҷикистон дар бахшҳои амниятӣ, иҷтимоӣ иқтисодӣ ва рушди маориф кӯмак кардааст.