Дар ҳоле, ки интиқодҳои Ғарб аз Русия ба сабаби ҳодисаи "ҳамлаи кимиёвӣ" дар Хон Шайхуни Сурия афзоиш ёфтааст, муовини раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷии Амрико хостори он шудаанд, ки Маскав ҳимояташ аз Башор Асадро бозбинӣ кунад. Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико қарор аст ҳафтаи оянда ба Маскав сафар кунад.
Бино ба гузоришҳо, дар "як ҳамлаи кимиёвӣ" дар субҳи 4 апрел ба мавзеи мухолифони Асад дар шаҳри Хон Шайхун дар вилояти Идлиби Сурия, даҳҳо ғайринизомӣ, аз ҷумла занон ва кӯдакон кушта шудаанд. Артиши Сурия ҳама гуна дахолат дар ин "ҳамла"-ро рад кардааст. Вазорати дифои Русия гуфтааст, ки нерӯҳои Сурия ба як корхонаи кимиёвӣ, ки дар ихтиёри мухолифони ҳукумати Башор Асад қарор дошт, ҳамла кардаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рӯзи 5 апрел Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид нишасти изтирорӣ баргузор кард ва дар он намояндаи Амрико гуфт, Башор Асад раиси ҷумҳури Сурия ва Русияву Эрон -- муҳимтарин ҳомиёни ӯ, "ҳеҷ таваҷҷуҳе ба сулҳ надоранд" ва "ҳукумати Сурия, ки аз сӯи марде бевиҷдон раҳбарӣ мешавад, даст ба ҷиноятҳои ғайри қобили васф алайҳи мардуми худ задааст."
Дар ин баробар, Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико, низ ба хабарнигорон гуфтааст, ки "ба назари мо, акнун вақти он расидааст ва ба Русия лозим аст воқеан ба таври дақиқ идомаи ҳимоятҳои худ аз режими Асадро мавриди бознигарӣ қарор диҳад". Бар хилофи гуфтаҳои мақомоти Маскав, вазири умури хориҷии Амрико мегӯяд, "шаке вуҷуд надорад, ки ҳукумати Сурия таҳти раҳбарии Башор Асад масъули ин ҳамлаи ваҳшатнок аст."
Муовини раиси ҷумҳури Амрико низ гуфтааст, ки шаке дар мавриди ҳамла аз сӯи ҳукумати Сурия вуҷуд надорад. Ӯ дар мусоҳибае бо шабакаи Fox News гуфт, вақти он аст, ки Русия "ба ваъдаи худ барои нобуд кардани силоҳҳои кимиёӣ то дигар таҳдиде алайҳи мардуми Сурия набошад", амал кунад. Ҳамзамон Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки ҳамлаи ахир "қонунҳои бисёреро зери по гузоштааст" ва нигоҳи ӯ ба Башор Асад бисёр тағйир кардааст.
Танҳо чанд рӯз пеш аз интишори гузоришҳо дар мавриди "ҳамлаи кимиёвӣ" дар Хон Шайхун, сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид гуфта буд, ки Вошингтон дигар ба барканории Башор Асад аз қудрат таъкид надорад, балки дар ҷустуҷӯи роҳи барои поён бахшидан ба ҷанги дохилии Сурия аст.
Рӯзи 6 апрел Туркия гуфт, ки санҷиши ҷасади се қурбонии ҳамлаҳои ҳафтаи ҷорӣ дар Сурия истифода шудани силоҳи кимиёиро дар ин ҳодиса собит мекунад. Хабаргузории Anadolu дар нақли қавл аз вазири адлияи Туркия Бекир Боздаг рӯзи 6 апрел навишт, ки санҷиши ҷасади се қурбонӣ “собит кард, ки президенти Сурия Башор Асад аз силоҳи кимиёӣ истифода кардааст”.
Боздаг гуфт, ки дар ҷараёни ин санҷиши тиббӣ мутахасассисони Созмони ҷаҳонии беҳдошт иштирок кардаанд. Вале ҳанӯз ин созмон изҳороти мақоми туркро шарҳ надодааст. Фаъолони суриягӣ гуфтанд, ки дар пайи ҳамлаҳои рӯзи 4 апрел дар шаҳри шӯришиёни Хон Шайхун дар вилояти Идлиб 86 нафар кушта шуданд. Аз миёни осебдидаҳо 32 нафарро барои муолиҷа ба Туркия интиқол доданд ва се нафари онҳо даргузаштанд.
Аксари қурбониҳои ин ҳамла занону кӯдакон будаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад