Баёнияи Амрико дар бораи ҳукми аъзои ҲНИТ

Бинои сафорати Амрико дар Душанбе

Сафорати Амрико мегӯяд, ба зиндон маҳкум шудани аъзои раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ "садои мухолифонро дар Тоҷикистон хомӯш мекунад."

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфтааст, ба зиндон андохтани 14 узви раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва таҳҳавулоти дигар дар кишвар монеи рушди демократия дар кишвар мешавад. Дар баёнияи расмии сафорат, ки рӯзи 9-уми июн нашр шуд, омадааст, мақомоти Амрико дар гузашта аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, то муҳокимаи додгоҳии аъзои Ҳизби наҳзат шаффоф ва одилона сурат бигирад.

Ба гуфтаи сафорат, Амрико ҳамчунин аз давлати Тоҷикистон хостааст, “ҳуқуқи айбдоршудагон бо иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки таҳти Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ шудаанд, ҳимоя карда шавад.” Дар идомаи баёния омадааст, ”Ин ва дигар воқеаҳо, ки вақтҳои охир суръат гирифтаанд, садои мухолифинро сокит менамоянд ва ба ширкати озод дар раванди рушди демократӣ дар Тоҷикистон монеа эҷод менамоянд.

Сулҳу субот, амният ва рушди мунтазам, ки Тоҷикистон барои ба он ноил гаштан кӯшиш ба харҷ медиҳад, танҳо тавассути зоҳир намудани ӯҳдадориҳои қавӣ нисбат ба ҳимояи ҳуқуқи башар ва арзишҳои аслии озодӣ барои ҳамагон, инчунин таъмини раванди боадолати мурофиаи судӣ ва иштироки баробари шаҳрвандон дар раванди демократӣ ба даст хоҳад омад.“

Баёнияи расмии сафорати Амрико як ҳафта баъд аз он нашр шуд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 2-юми июн 14 –узви раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ба зиндон маҳкум кард. Аз ҷумла Саидумар Ҳуссайнӣ ва Маҳмадалии Ҳаит, муовинони раиси ҳизб ба зиндони якумрӣ ва 11 узви дигари раёсати ҳизбро аз 2 то ба 28 соли зиндон маҳкум кард.

Аксари онҳо бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи ҷиноӣ, барангехтани адовати милливу нажодиву мазҳабӣ, қатлу терорризм, талош барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ, нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳ ва ошӯби мусаллаҳона гунаҳкор дониста шудаанд, ҳарчанд додситонӣ далелҳои возеҳе дар ин замина ба ҷомеа нишон надодаст. Додситонӣмегӯяд ъзои раёсати ҳизб дар ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон даст дорад.

Баъди ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015, ки 40 кушта бар ҷой гузошт, Додситонии кулл Ҳизби наҳзати исломиро ҳидоятгар ва тарҳрези ин ошӯб номид ва аз додгоҳ хост, ки фаъолияташро мамнӯъ кунад. Додгоҳи олӣ низ ҳизбро созмони террористӣ номида фаъолияташро мамнӯъ кард ва 14 узви раёсати ҳизб низ дар ҳамон моҳ дастгир шуданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизб ки дар хориҷ аз Тоҷикистон аст, ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ошӯб танҳо баҳонае барои бастани ягона ҳизби исломӣ дар Осиёи Марказӣ буд. Ду рӯз пеш аз баёнияи сафорат, Дейвид Кайе, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури озодии баёну эътиқод, аз маҳкум шудани аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ибрози навмедӣ кард.

Ӯ рӯзи 7 июн дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки "ҷазои сахт ба раҳбарони мухолифони давлат, нишондиҳандаи босуръат маҳдуд шудани озодии эътиқод дар Тоҷикистон аст". Се созмони ҳомии ҳуқуқ низ бо интиқод аз зиндонӣ кардани ин ҳизби мухолифи давлат, аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, онҳоро раҳо кунад.