Сафорати Амрико дар Душанбе дигарбора фаъол шуд

Бинои сафорати Амрико дар Душанбе.

Сафорати Амрико дар Душанбе корашро ба таври маъмулӣ идома медиҳад. Рӯзи 5-уми сентябр дар пайи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар Душанбе ва Ваҳдат, дари сафорати Амрико баста шуда буд.

Масъулони дафтари матбуоти сафорати ИМА дар Душанбе рӯзии панҷшанбеи 10 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳарчанд дари сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 8 сентябр боз шуда, буд, аммо пас аз таътили рӯзи гузашта вобаста ба ҷашни истиқлоли Тоҷикистон, имрӯз кор ба таври маъмулӣ ҷараён дорад. Ба гуфтаи ин масъулон, тамоми кормандони сафорат ва ниҳодҳои вобаста ба он пайи кору вазоифи худ ҳастанд.

Дар баробари баста шудани дари сафорати Амрико дар таърихи 5 сентябр, Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Тоҷикистон худи ҳамон рӯз низ дар саҳифаи Фейсбуки худ аз шаҳрвандони Амрико хост, ки аз сафар ба берун аз пойтахт худдорӣ карда, аз ҳузур ёфтан дар миёни мардуми зиёд парҳез намоянд.

“Мақомоти Тоҷикистон таҳқиқи ҳамлаҳои рӯзи чоруми сентябрро идома медиҳанд ва дар робита ба ин тадобири шадиди амниятӣ андешида шудааст. Ҳарчанд дар ҳоли ҳозир вазъ дар Душанбе ором аст, аммо аз шаҳрвандони Амрико хоста мешавад, аз сафар тариқи роҳ ба берун аз Душанбе худдорӣ кунанд. Чун дар атрофи пойтахт амалиёти нерӯҳои давлатӣ идома дорад,” –афзуда буд сафир.

Дар ин паём, Сюзан Эллиотт гуфта буд, ки сафорати Амрико ба ин тартиб рӯзи 8 сентябр, яъне пас аз ҷашни Рӯзи меҳнат дар Амрико корашро оғоз мекунад. “Сафорат мӯшикофона ҳодисаҳоро пайгирӣ дорад ва дар сурати зарурат иттилои бештар хоҳад дод,” – гуфтааст сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе.

Рӯзи чоруми сентябр сафоратхонаи Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон низ аз шаҳрвандонаш даъват карда буда, ки шадидан эҳтиёткор бошанд. Дар изҳороте, ки дар сайти сафоратхона дар Душанбе нашр шуда буд, гуфта мешуд, ки рӯзи 4 сентябр дар наздикии фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе задухӯрди мусаллаҳонае бо иштироки нерӯҳои амниятӣ сурат гирифт.

“Дар ин ҳодиса чанд нафар кушта шуд. Мақомоти тоҷик ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд ва дар минтақа тадобири шадиди амниятӣ ҷорӣ шудааст. Эҳтимоли такрори чунин ҳодисаҳо дар оянда водор мекунад, ки сафоратхона шаҳрвандони Бритониёи Кабирро ба эҳтиёткории шадид даъват кунад ва машварат медиҳад, ки хабарҳои охирро аз матбуоти маҳаллӣ пайгирӣ кунанд,” – гуфта шудааст дар изҳороти сафорат.

Ба дунболи ин ҳодиса Пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар дар Тоҷикистон низ гуфт, ба далели ҳамлаҳо, воҳидҳои низомиаш дар Душанбе ва Қӯрғонтеппа ва Кӯлобро ба ҳолати омодабош даровардааст.