Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, тайи маросиме аз пирӯзии Барак Обама истиқбол кард.
Дар ин маросим, ки субҳи имрӯз дар меҳмонхонаи «Hayyat Regency»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, сафири Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот пирӯзии Обамаро тасмими мардуми Амрико унвон кард ва гуфт, воқеан мардум аз вай пуштибонӣ кард, ки тавонист дубора ба ин мақом бирасад.
Вай умедворӣ кард ки Барак Обама сиёсатҳояшро дар нисбати ҷаҳон, минтақа ва аз ҷумла Тоҷикистон ба ҳамин минвол давом бидиҳад. Вай ба унвони сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт: «Ман намояндаи комилҳуқуқи Обама дар Тоҷикистон ҳастам ва аз ин баъд ҳам барои густариш ва тақвияти ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо талош хоҳам кард."
Вай дар посухи як суол дар мавриди мағлубияти номзади дигари интихоботи Ромни гуфт, ин тасмими мардум Амрико буд, ки Обамаро интихоб карданд.
Ҷамъе аз ҳузурдоштагон дар ин маросим ба пирӯзи Обама вокуниш нишон доданд.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони маъруфи тоҷик гуфт, воқеан интизор дошт, ки Обама боз ҳам пирӯз хоҳад шуд, зеро ин нишонаи воқеияти демократия дар ИМА ҳаст. Ба таъкиди вай, дар Амрико муҳим нест, ки раиси ҷумҳур ба кадом нажод вобаста аст, балки мардум ба озодӣ ва ҳуқуқи башар арҷ мегузоранд. Ҳамзамон хонум Бобоназарова бо он, ки гуфт системаи интихботии Амрико хеле қавист, аммо роҳ наёфтани нозирони САҲА ба бархе аз ҳавзаҳо дар бархе аз иёлотҳо, мояи нигаронии вай ҳаст.
Умед Бобобохонов, раиси медия-ҳолдинги «Азия плюс» интихоботи Обамаро ба маънии пирӯзии мардуми Амрико арзёбӣ кард ва гуфт, бо он, ки дар чаҳор соли фаъолияи Обама мушкилоте дар пешорӯи Амрико омад, аммо Барак Обама тавонист дар рафъи ин мушкилот бо таҳаммул бошад ва талош кунад, ҳимояти мардумро пайдо намояд.
Фаридун Ҳодизода, раиси академияи муколама дар Тоҷикистон бар ин назар аст, ки пирӯзии Обама ин устувории демократия дар Амрикоро нишон дод. Вай мегӯяд, ки тӯфони Сэнди дар ин лаҳзаи ҳассос, ки рақобати Оабам ва Ромниро пуршиддат карда буд, дар ниҳоят шонси пирӯзии Оабамаро бештар кард. Зеро ба таъкиди вай, Обама дар ин лаҳзаҳои ҳассос ба сӯи мардум, ба вижа қишри миёнаҳол рафт ва онҳоро пуштибонӣ кард. Ин шуд, ки дар ниҳоят чунин сиёсати Обама ӯро дар интихобот пирӯз гардонд.
Аммо Ҳодизода бар ин назар аст, ки бо дубора сари қудрат омадани Обама ҳамкориҳои Амирко бо кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистон дигар нахоҳад шуд. Вай мегӯяд ки муносибат дар ҳамон сатҳе ки буд, идома хоҳад ёфт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад