Роботҳои ИМА ба ОМОН-и Тоҷикистон (ВИДЕО)

Имрӯз, ҷумъаи 28 ноябр сафорати ИМА дар Душанбе ба ОМОН ё Гурӯҳи таъиноти вижаи пулиси вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон роботҳо барои безараргардони маводҳои тарканда ироа кард.

Дар маросими ироаи роботҳои безаргардони маводҳои тарканда ба пулис виэаи тоҷик, ки дар қароргоҳи ОМОН баргузор шуд, Умарзода Икром, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва Роберт Бёрҷес, муовини сафири ИМА дар Душанбе сурат гирифт.

Дар ин маросим таъкид гардид, ки роботҳои мазкур бо таҷҳизоти вижа идора шуда, вазифаи дарёфт, муайян ва безарар кардани маводҳои тарканда ва худсохтро иҷро менамоянд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки ин роботҳо барои амнияти кормандон ба ҳангоми гузаронидани амалиётҳои вижа истифода мешаванд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар ҷараёни ин маросим, аз ҷониби мутахассисони ОМОН ё Гурӯҳи таъиноти вижаи пулис тарзи кор бо робот ва истифодаи он мавриди безараргардонии маводи тарканда ба ҳозирин намоиш дода шуд. Дар он роботи идорашаванда маводи таркандаи шартиро дар масофаи муайян бо як маҳорати баланд ошкор намуда, несту нобуд сохт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кӯмаки Амрико ба пулиси вижаи тоҷик